logo

иҷтимоиёт

СУҒД. ГУСЕЛИ ҶАВОНОН БА АРТИШИ МИЛЛӢ ФАЗОИ ИДОНА КАСБ КАРДААСТ

Дар вилояти Суғд солҳои охир гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба як тантанаи хос табдил ёфта, дар рӯҳияи номуси миллӣ, муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ ҷараён гирифта, соли сеюм аст, ки дар Амфитеатри назди Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо ширкати фаъолони ҳамаи шаҳру навоҳӣ мегузарад. Ин навбат низ маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар маркази вилоят бо шукӯҳ сурат гирифта, дар расми гусели аввалин даъватшавандаҳо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок ва ба даъватшавандагон ҷиҳати хизмати содиқона ба Ватан орзу намуд.
Дар ин маъракаи муҳим раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, собиқадорону фаъолони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят, волидайни наваскарон  ва ҷавонону наврасони саодатманд ширкат варзиданд.
- Хизмат ба Ватан – Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавон аст, - таъкид дошт раиси вилоят, - ва аз таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ҷиҳати муҳайё намудани шароитҳои хуби хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро таъкид дошт. Хизмат ба Модар – Ватан вазифаи муқаддас буда, шарафёб гаштан ба ин рисолати бузург бахти ҷавонмардӣ, оини ватандорӣ, садоқати фарзандӣ ва  нангу номуси шаҳрвандӣ мебошад, - гуфт раиси вилоят.
Воқеан ҳам, солҳои охир ҷавонони мамлакат хизмат дар сафҳои Артиши миллиро ифтихори баланди ватандорӣ ва эҳсоси бузурги худшиносӣ медонанд ва маъракаи даъват ба як чорабинии завқбахш, хотирмон ва ифтихорӣ табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар, ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ омадани ҷавонон падидаи сурурбахш буда, шаҳодати он аст, ки ҷавонони мо баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш, таҳкими сулҳу осоиштагӣ ва дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳаматарафа омодаанд. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ бо эътимоду боварӣ ба наслҳои созандаи кишвар, ҷавонони ватандӯсту шуҷоъ чунин муроҷиат кардаанд: «Ҳар яки Шумо бо хизмати содиқонаи худ бояд исбот намоед, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд».
Гусели беш аз 1600 нафар ҷавонони далеру шуҷои шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бо ихтиёри худ ва бо дарки масъулият, ҳисси баланди меҳанпарастӣ ба ин майдони шараф омадаанд, худ гувоҳи дуруст ба роҳ мондани тарбияи ватанпарастӣ дар маҳалҳост. Раиси вилоят изҳори ризоият намуд, ки ин ҳамоиш тайи солҳои охир анъанавӣ ва дар сатҳи баланд доир гардида, ба эҳёи анъанаҳои неки маросими гусели наваскарон, маъракаҳои нонгазон ва раҳнамоии волидайну пайвандони наваскарон мусоидат менамояд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2016    №: 202    Мутолиа карданд: 2553

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед