logo

иқтисод

МУҲАРРИКИ ИҚТИСОДИЁТ. СУХАН ДАР БОРАИ СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛӢ МЕРАВАД

Таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки меҳмонони баландпоя аз кишварҳои шарики рушд, роҳбарону намояндагони ширкатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ва ҳамватаноне, ки дар кишварҳои дуру наздик муваффақона ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, 14 октябри соли равон Рӯзи соҳибкорони Тоҷикистон таҷлил ва дар доираи он Ҷашнвораи байналмилалии соҳибкории Душанбе – 2016 баргузор мегардад. «Ҷумҳурият» - Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба ин муносибат перомуни моҳият, вазъ ва дурнамои соҳибкорӣ, зиндагӣ ва фаъолияти қобили омӯзиши соҳибкорони тоҷик, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ба ин пеша машғуланд, ҳамчунин, гуфтаниҳо ва мушкилоти онҳо силсилаи матлабҳоро ба табъ расонад. Мусоҳибаи рӯзноманигори мо бо олими шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини директори Институти иқтисод ва демографияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аброр Мирсаидов, матлаби нахустин аст аз ин силсила.

- Муҳтарам Аброр Бобоевич, аввалан мехостем назари худро оид ба ҷараёни омилҳои рушди соҳибкорӣ ва нақши он дар пешрафти иқтисодиёти давлатҳо иброз намоед?
- Рушди соҳибкорӣ ойинаи равшану гӯёи дараҷаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии давлатҳост. Он ба таъсис ёфтани ҷойҳои нави корӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, ғанишавии буҷети миллӣ, афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди инфрасохтор, боло рафтани сатҳи дониш ва афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ, суботи ҷомеа, ҷаҳонишавии иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳит ва тавсеаи фаъолияти хайриявӣ мусоидат мекунад. Тавсеа додани соҳибкории истеҳсолӣ, хусусан барои  давлатҳои дар ҳоли рушд ва рӯ ба рушд қарордошта, яке аз фишангҳои  муҳимтарини рушди иқтисодист, аз ҷумла барои Тоҷикистони мо ҳам.
Соҳибкории истеҳсолӣ паҳлуҳои манфиатбори зиёд дорад: аввал, мардум соҳиби  ҷойи кори доимӣ мешавад, дувум, соҳибкор дар такопӯи ҷустуҷӯи роҳҳои паст кардани арзиши аслӣ ва  баланд бардоштани сифати маҳсулот меафтад, сеюм, вақте даромад зиёд шуд, зарурати пойдорӣ, рақобатпазирӣ, ҷустуҷӯи бозорҳои нав барои фурӯши маҳсулот ва содироти мол ба хориҷа (аввал ҳамсоякишварҳо, назири  Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, баъдан, кишварҳои дури Осиёю Аврупо ва манотиқи дигари ҷаҳон) ба миён меояд. Чин, Ҷопон, Сингапур, Малайзия барин кишварҳои мутараққии Осиё баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ маҳз ҳамин стратегияи рушдро пеш гирифта, комёб шуданд. Ин раванд ба устувории пояҳои иқтисодии давлатдорӣ мусоидат  мекунад. Дар ин маврид марзҳои иқтисодии давлат, ба андешаи ман, бояд зери назорати қатъӣ қарор гиранд. Воридоти  маҳсулоте, ки  худамон истеҳсол карда метавонем, маҳдуд ва ҳатто қатъ карда шавад. Масалан, чӣ лозим  аст овардани гӯшту тухми мурғ, дар ҳоле ки  дар мамлакат корхонаҳои калони парандапарварӣ ба фаъолият  пардохтаанд? Боиси хушнудист, ки ҳоло ба воридоти  сементу ангишт низ зарурат намондааст. Акнун бояд ҷиҳати  роҳандозии содироти он талош намоем. Ин амал, яъне содироти семент, аллакай оғоз ёфтааст. Тоҷикистон ба ҳамсоякишварҳо семент мефурӯшад.
 
- Чаро маҳз дар марҳилаи кунунии рушд масъалаи истеҳсоли моли рақобатпазири  содиротӣ ва воридотивазкунанда мақоми аввал касб намуд?
- Солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, ҳоҷати шарҳ нест, масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ дар мадди аввал қарор доштанд, минбаъд, бартарафсозии  оқибатҳои вазнини бесарусомониҳо, эҳё ва барқарорсозии хоҷагии халқ, ислоҳоти  куллии  бахшҳои иқтисод, мустаҳкамсозии равобит ва эъмори пойгоҳи ҳуқуқӣ, бунёди инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ, коммуникатсия, раҳоӣ аз бунбаст, талош ба сӯйи истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ… Роҳи мушкили эҳё ва заминагузорӣ тай шуд ва барои марҳилаи воқеии рушди сифатӣ заминаи устувор  гузоштем. Кишвари мо баъди наздик шудан ба истиқлолияти  комили энергетикӣ фақат тайи чанд соли охир тавонист, ки ба рушди воқеии саноат ноил гардад. Тоҷикистон ҳоло  узви созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ ва минтақавист, назири Созмони  Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҷаҳонии савдо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Давлатҳои муқтадири  Чин, Русия, Қазоқистон шарикони стратегии моанд. Робитаҳои Тоҷикистон бо Эрон, Туркия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, кишварҳои арабу Аврупо ва даҳҳо давлатҳои дигар хеле мустаҳкам шудаанд. Дар ҳамин ҳол ба Тоҷикистон хавфи шуста шудани  ашёи хоми саноатӣ ва дубора  мубаддал гардидан ба мамлакати аграрӣ - манбаи ашёи хом низ таҳдид менамояд. Пас, маҳз дар ҳамин марҳилаи созгор – вақте шароит, имконият ва заминаи муътамад муҳайё шудааст, бояд ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ, коркарди ашёи хом, истеҳсоли молҳои саноатии дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва воридотивазкунанда рӯ биёрем. Ин тақозои замон аст.
Акнун ин марҳила оғоз ёфт, марҳилаи рушди сифатӣ, марҳилаи  истеҳсоли моли дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва воридотивазкунанда. Дар ин  марҳила ҳунару истеъдоди соҳибкорон, ҷалби сармоя ва истеҳсоли моли хушсифат мақоми хоса пайдо мекунад.
 
- Аммо ин марҳилаи осон нест?
- Баръакс, душвор, вале муҳим аст. Тасаввур намоед, давлат барои рушди соҳибкорӣ тамоми шароиту  имкониятҳоро фароҳам  овардааст, назири дастгирӣ аз ҳисоби фонди  махсус, имтиёз дар андозҳо, моратория дар санҷиши фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ, «Равзанаи ягона» ва ғайра. Соҳибкорӣ муҳаррик, пешбарандаи  иқтисодиёт аст, инро ҳама медонанд. Аммо омилҳое ҳастанд, ки хоҳу нохоҳ садди рушди он мешаванд. Соҳибкорӣ дар фазое рушд мекунад, ки шаффоф аст. Дар назарсанҷии махсусе, ки мо гузарондем, 40 % - и соҳибкорон ҳатто «Равзанаи ягона» - ро  омили коррупсионӣ ном  бурданд. Соҳибкор  бояд барои гузарондани обу пасоба, барқ, телефон, ҳолатҳои санитарию зиддисӯхторӣ, зиён нарасондан ба муҳит, ҳолати зиддисӯхторӣ ва ғайраву  ҳоказо иҷозатнома гирад, дар ҳоле ки қариб ягон иҷозатнома муфт ба даст намеояд. Барои ҳамин ҳам ҳоло барномаи  давлатии мубориза бо коррупсия амал  мекунад, талаботи қонунҳои амалкунанда дар ин бахш қатъитар мешавад. Аммо механизми иҷрои талаботи  ин қонунҳо ҳанӯз то охир коркард  нашудааст. Паҳлуи нозуки масъала ин маошу даромад аст. Камии андозаи маоши корманди масъули давлатӣ ё ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба соҳибкор эҳтимолияти ришваситониро зиёд мекунад. Ваколатҳои фарохи корманди  давлатӣ имкон медиҳанд, ки ӯ ба коррупсия даст занад. Соҳибкор бошад, ҳамеша  нафъу зиёни худро ҳисоб мекунад. Дақиқ мекунад, ки дар чанд сол хароҷоти истеҳсолиашро  бармегардонад ва фоида мебинад. Манфиати  наздики иқтисодӣ дар меҳвари андешаи бештари соҳибкорон, муайянкунанда ва таҳрикдиҳанда аст. Мутаассифона, аксаран молро ҳамчун ашёи хом мефурӯшанд. Баъзе соҳибкорони  мо, сарфи назар аз дастгирии ҳамаҷонибаи давлат ва имкониятҳои васеъ, ҳанӯз дурбин нестанд. Манфиати якрӯзаю яксоларо аз суди бузурге, ки тайи чанд соли сабру бардошт даст медиҳад, болотар медонанд.
Дар ин маврид, агар фарҳанги иқтисодии соҳибкор баланд бошад, дарк мекунад, ки аз сохтани корхонаи  истеҳсоли маҳсулот а) ашёи хоми ватанӣ бо арзиши ночиз ба берун (хориҷа) намеравад; б) ҳамсояҳо, ҳаммаҳаллаҳо, ҳамватанон соҳиби ҷойи кор мешаванд; в) аз фурӯши  маҳсулот дар мамлакат ҳаҷми  асъори хориҷӣ меафзояд, дар ҳоле ки  аз харидаш коҳиш ёфта, ба мувозинаи муътадили нархҳо халал мерасонад; г) вазъи иҷтимоии мардум ва шукуфоию ободию маҳаллаю шаҳрҳо ба куллӣ дигаргун мешавад; д) пойбандӣ аз моли  воридотӣ барҳам мехӯрад ва боз даҳҳо фоидаи дигар ба даст меояд.
Имрӯз тақозои замон аст, ки  фарҳанги иқтисодии худро  боло барем, аз тафаккури аграрӣ ба саноатӣ гузарем, донем, ки (барои мисол) ним кило пахтаро ҳамчун ашёи хоми  фурӯхтан чӣ моҳият  дораду ним кило пероҳани хуби пахтагӣ ё газворро чӣ.
Ва ниҳоят бояд мутмаин бошем, ки тоҷикон ба ҷаҳониён на танҳо фарҳанги  оламшумули маънавӣ, балки неъматҳои арзишманди моддӣ - моли хушсифату  мавриди ниёзро бо тамғаи  «Моли Тоҷикистон» пешкаш карда метавонанд.
Сайвалӣ АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2016    №: 202    Мутолиа карданд: 1873

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед