logo

сиёсат

БАРАКАТ. БАРДОШТ АЗ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Мурғоб ба давраи тирамоҳу зимистон омода аст
Мувофиқи маълумоти дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб, дар  ин минтақаи дурдаст ва баландкӯҳи Помири Шарқӣ ба давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2016 - 2017 омодагии ҷиддӣ дидаанд. Барои бо ангишту ҳезум, маводи ғизоӣ ва  дигар асбобу анҷоми зарурӣ  таъмин кардани  идораву муассисаҳо ва сокинони деҳот мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои саривақтӣ андешидааст.
Талаботи  мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, фарҳангӣ ва аҳолиро, ки 5800 тонна ангишт мебошад, ба назар гирифта, ҷамъияти матлуботи ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ аз кони ангишти мавзеи Сариқмонголи водии Алайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон аллакай  4800 тонна ангишти хушсифат интиқол доданд. Ба иҷрои ин амал  тамоми чор фасли сол кушода будани роҳи Мурғоб - Қароқӯл - Саритош - Ош мусоидат менамояд. Ҳамзамон, дар марказҳои деҳоти Аличур, Мурғоб, Рангкӯл, ба номи Ғожо Бердибаев  ва Қароқӯл нуқтаҳои фурӯши ангишт ва ҳезум, дар маркази ноҳия бошад, нуқтаи фурӯши гази моеъ амал мекунанд.
Дар бозори «Сари кӯл» ба қадри зарурӣ маводи ғизоӣ захира гаштааст. Аз ҳама муҳимаш, қитъаи роҳи байналмилалии Хоруғ - Мурғоб  чор фасли сол кушода мебошад ва маводи зарурӣ ба ин минтақаи дурдаст ва баландкӯҳи кишвар оварда мешавад. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳбарони ширкати «Помирэнержи» Неругоҳи барқи обии «Оқсу» аз таъмир бароварда шудааст. Мардум бовар доранд, ки тавассути дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ин неругоҳ низ дар наздиктарин фурсат бунёд гашта, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
 
ВАНҶ. Ҷавонон бо ҷойи кор таъминанд
Масрур Миров, мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Ванҷ, иброз дошт, ки ҳар як сафари кории   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боиси равнақи корҳои ободонӣ, бунёди даҳҳо иншооти маишиву хизматрасонӣ мегардад. Имрӯзҳо дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 20 - солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ сохтмони чор иншооти муҳим - бинои сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 барои 640 хонанда, кохи дуошёнаи фарҳанг,  бинои сеошёнаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар шаҳраки Рохарв ва неругоҳи барқи обии деҳаи Мотравни водии Язгулом босуръат ва сифати баланд ҷараён доранд. Беш аз ду моҳ мешавад, ки дар ин иншоот 120 нафар ҷавони ванҷӣ сарҷамъона заҳмат мекашанд.  Онҳо бо хӯрок ва маоши хуб таъмин мебошанд.
Ҳамзамон, дар назди шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия  бо мақсади тайёр кардани мутахассисон курсҳои касбу ҳунаромӯзӣ мунтазам амал мекунанд. Ҳар сол ин курсҳоро даҳҳо нафар хатм намуда, соҳиби касбу ҳунар мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки аксари ин ҷавонон чанд муддат дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд ва таҷрибаи дар корҳои сохтмонӣ ҳосилкардаашонро дар ободии шаҳру навоҳии Бадахшон  ба кор мебаранд.
 
БАРТАНГ
Аз рафъи оқибатҳои заминларза то бунёди неругоҳҳо

- Сокинони водии   Бартанг аз ғамхориҳои  пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор буда, миннатдории худро баён менамоянд. Зеро бо дастгирии  Пешвои миллат дар кӯтоҳтарин муддат оқибатҳои заминларзаи харобиовари  моҳи декабри соли 2015  бартараф гаштанд, - гуфт  Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рӯшон.
Бино ба гуфтаи ӯ, тавассути заҳмати шабонарӯзии коргарони муассисаи давлатии  нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия роҳи 200 километраи маркази ноҳияи Рӯшон - Ғӯдара ва чандин пул аз болои дарёи Бартанг то домони кӯли Сарез аз нав барқарор гардиданд.
Техникаи пуриқтидор, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат  Вазорати нақлиёт ба ихтиёри роҳсозон гузоштааст, қисматҳои зиёди  роҳи мушкилгузар ва хавфнокро тахту ҳамвор сохтаанд. Тавассути ин роҳ ба деҳоти Басид ва Савноби водии Бартанг маводи озуқаворӣ, ангишт ва дигар таҷҳизоти зарурӣ интиқол дода мешавад. Ҳамчунин, сокинони  деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Нисур, Пасор, Рошорв, Савноб, Рухч  ва Ғӯдара дар манзилҳои нави зисташон бӯрёкӯбон карданд. Хонаҳои бо дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар сохташуда хуштарҳу барҳаво мебошанд.
Дар деҳаи Пасори Ҷамоати деҳоти Савноб неругоҳи барқи обии тавоноиаш 125 киловатт - соат бунёд гашта,  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Чунин неругоҳ дар деҳоти Басид  низ дар муддати кӯтоҳтарин сохта хоҳад шуд. Худоёр Худоёров зикр кард, ки корҳои бунёдкориву созандагӣ дар деҳоти водии баландкӯҳи Бартанг, чун дигар минтақаҳои дурдасти Бадахшон босуръат идома  доранд.
 
ВОДИИ ВАХЁ
Корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза мегиранд

Водии сарсабзи Вахё, ки аз мавзеи Кафтаргузар оғоз гашта, то баландиҳои ағбаи Хобурубот тӯл мекашад, дар даврони соҳибистиқлолӣ зебову шукуфотар гардид.
Ҳукум Муҳаббатови 82 - сола ба хотир овард,  ки  аз соли 2000 - ум сар карда, бо дастгириҳои бевоситаи Президенти кишвар корҳои созандагиву  бунёдкорӣ дар ин водии баландкӯҳ вусъати тоза гирифтанд. Пеш аз ҳама, роҳҳои мошингарди Нуробод - Сангвор -  Қалъаи Ҳусайн - Қалъаи Хумб ва роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ шуданд. Хати баландшиддати барқи Шугнов - Тавилдара - Сағирдашт - Қалъаи Хумб - Ванҷ дар муддати кӯтоҳ барқарор гашт. Дар деҳоти подомони  ағбаи Хобурубот корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, занбӯриасалпарварӣ, истеҳсоли хишт ва гиёҳу рустаниҳои шифобахш ба кор даромаданд.
Саидбурҳон Абдураҳмонзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз, тазаккур дод, ки эҳёи соҳаҳои чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, истеҳсоли ғалла, картошкаву сабзавот қариб аз сифр шурӯъ шуд.  Ҳукумати мамлакат ва Вазорати кишоварзӣ  баҳри рушди ин самтҳои афзалиятнок маблағ, техника, нуриҳои минералӣ, тухмӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ ҷудо карданд.  Боғҳои себу ноки мавзеи Лангар, дар  майдони 95 гектар,  аз нав барқарор  ва қариб 20 гектар боғи нав бунёд гардид. Аз ҳама муҳимаш, саршумори  чорвои калони шохдор, моли майда, галаи аспон, оилаҳои занбӯри асал нисбат ба соли 2000-ум беш аз бист маротиба афзуд.
  Президенти мамлакат дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Дарвоз ва сокинони  деҳоти Сағирдашт  ба масъулон дастур доданд, ки муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Дарвозро бо техникаи пуриқтидор таъмин  намоянд, то ки дар фасли зимистон низ мардум ба маркази ноҳия - шаҳраки Қалъаи Хумб  рафтуомад карда тавонанд. Сарвари давлат аз рушди соҳаи чорводорӣ, боғдорӣ ва зироаткорӣ дар хоҷагиҳои зотпарварӣ, деҳқонӣ ва хусусии деҳоти Сағирдашт изҳори қаноатмандӣ намуда, тавсия доданд, ки  дар водии Вахё самти  хеле афзалиятнок - қутоспарварӣ ба роҳ монда шавад. Бегиҷон Алиев, раиси Ҷамоати деҳоти Сағирдашт тазаккур дод, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ сатҳу сифати зиндагии мардуми кӯҳистон сол ба сол беҳтар гашта, онҳо баҳри боз ҳам зебову шукуфо гардидани ин гӯшаи сарсабзи диёр саъю талош хоҳанд кард. Зикр кард, ки ташрифи Пешвои муаззами миллат ба ин диёри кӯҳистон файзу баракати бештар овард.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11-12.10.2016    №: 202-203    Мутолиа карданд: 3433

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед