logo

иҷтимоиёт

«ШАҲРИ БЕХАТАР» САМАРАНОКИИ КОРИ ИН НИҲОД ҶИНОЯТКОРИРО КОҲИШ МЕДИҲАД

Дар шароити дастрасии техникаву технологияи нави коммуникатсионӣ ва тақозои замон  дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе маҷмааи таҷҳизоти барномавӣ барои ба таври автоматӣ ба қайд гирифтани вайрон шудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва назорати тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти босамар дорад. Ин лоиҳа «Низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» буда, аз шаш қисмат - «Маркази идоракунӣ», «Маҷмааи электронии танзими ҳаракат дар роҳ», «Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», «Назорати чароғакҳои роҳнамо», «Назорати ҳаракат» ва «Назорати видеоӣ» иборат мебошад.
Маҳз тавассути фаъолияти ин марказ 177 417 навори ҷиноятӣ, 181 ҳолати тамбашавӣ, 400 автомобили дар кофтуков қарордошта, сабқатҳои автомобилӣ ва дигар қоидавайронкуниҳо муайян гардида, зиёда аз 11 миллион сомонӣ ҷарима ситонда шуд, - мегӯяд сардори маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Иброҳим Раҳмонзода.
Мувофиқи маълумоти «Шаҳри бехатар» камераҳои баландсифати мушоҳидавии марказ, ки бо истилоҳи «Политсияи электронӣ»  ном бурда мешаванд, масофаи то 1 километрро аниқ ва дақиқ ба навор мегиранд. Вазифаи асосии онҳо танҳо аз назорати воситаҳои нақлиёт иборат набуда, балки ҳуқуқвайронкуниҳоеро, ба мисли авбошӣ, мастӣ, дуздӣ, рабудани воситаҳои нақлиёт, бадахлоқӣ, кашидани носу сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бархӯрду низои нафарони алоҳида ва боз чандин ҷиноятҳои хурду бузургро ошкор менамоянд. Ба гуфтаи Иброҳим Раҳмонзода, аз тарафи кормандони шуъбачаи амалияи маъмурии «Шаҳри бехатар» аксҳои қоидавайронкунӣ дар роҳ, ки дар давраи ҳисоботӣ 183 777 ҳодисаро ташкил медиҳанд, ҳамчун далелҳои шайъӣ аз чоп бароварда шуда, дар асоси муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ мегарданд ва амрномаҳо оид ба таъйини ҷаримаи маъмурӣ ба суроғаи ронандагон тариқи КВД «Почтаи тоҷик» дастрас мешаванд. Амрнома мутобиқи қисми 3 моддаи 87 - и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Дар ҳолатҳои баҳснок ронандагон ба воситаи мониторҳои махсус қоидавайронкуниҳои бақайдгирифташударо аз назар гузаронда, мувофиқи далелҳо амал мекунанд. Агар ронанда дар ҳаракатҳои сабтгардидааш вуҷуд надоштани қоидавайронкунӣ дар роҳро исбот намояд, аз тарафи масъулони марказ ҷаримабандӣ бекор карда мешавад. Дар шашмоҳа 50 садамаи нақлиётӣ рух дода, дар 208 ҳолати дигар шахсияти ҷинояткорон муайян гардида, сабти навори ҳодисаҳо аз «Шаҳри бехатар» ба  ниҳодҳои дахлдор фиристода шуданд.
Масъалаи дигар зиёдшавии рӯзафзуни автомобилҳост. Ин раванд аз як ҷиҳат ба тамбашавӣ ва бетартибӣ оварда расонад, аз тарафи дигар экологияи шаҳр ва оромии сокинони онро халалдор месозад. Дар давраи ҳисоботӣ 181 ҳолати тамбашавӣ муайян гардида, барои бартараф кардани ин ҳолат чароғакҳои кӯчаҳои серҳаркат ба таври автоматӣ ба низом дароварда шуданд.
Дар масъалаи тамоми ҷумҳуриро фаро гирифтани камераҳои назоратӣ масъулони низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт - «Шаҳри бехатар» маълумот доданд, ки дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа доир ба амалӣ намудани лоиҳаи мазкур корҳои муҳандисию лоиҳакашӣ идома доранд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2016    №: 203    Мутолиа карданд: 2879

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед