logo

иқтисод

НАРХҲО БОЗГӮЙИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТАНД

Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирии соҳибкорон ва тақвияти рушди истеҳсолотро самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ қарор додааст. Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи мораторияи санҷиши фаъолияти соҳибкорон, қатъи ситондани боҷи гумрукӣ барои воридоти технологияи нави саноатӣ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳибкорон», ташкили Фонди дастгирии соҳибкорон, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» аз ҷумлаи тадбирҳои саривақтӣ дар ҷодаи рушди истеҳсолоти ватанӣ мебошанд. Аз муътадилии арзиши молу маҳсулот дар чор соли охир бармеояд, ки чораҳои мазкур натиҷаи дилхоҳ ба бор овардаанд. То соли 2012 болоравии мунтазами сатҳи нархи маҳсулоти ғизоӣ мушоҳида мегардид, тайи чор соли охир бошад, арзиши номгӯйи зиёди озуқа қариб тағйир наёфта, баръакс поён рафтааст.
Тавре аз маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ айён шуд, аз соли 2012, яъне бо тараққӣ ёфтани истеҳсолоти дохилӣ, барқарор гардидани иқтидори истеҳсолии корхонаҳо ва афзудани шумораи коргоҳҳои нав маҳсулот фаровон шуда, дар баробари муътадил боқӣ мондани нархҳо, арзиши бархе молҳо коҳиш ёфтааст. Муқоисаи нархи маҳсулот дар солҳои 2012 - 2016 дар шакли диаграмма оварда мешавад.
Абдухалил Наҷи-буллоев, сардори шуъбаи нархҳо ва тарифҳои Агентии омор, изҳор дошт, ки тайи солҳои охир бо таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, барномаҳои соҳавии рушд дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ дар кишвармунтазам афзоиш ёфт. Ҳиссаи истеҳсоли маҳсулот аз ҳадди талаботи аҳолӣ зиёд гардида, бозорҳо аз молҳои ватанӣ фаровон шуданд. Вобастагии мамлакат низ аз бозорҳои хориҷӣ ҷиҳати воридоти номгӯйи бисёри маҳсулоти ғизоӣ аз байн рафт. Давоми соли равон арзоншавии нархи миёнаи молҳо, аз ҷумла пиёз, гӯшти гов, орди навъи 1-ум, меваҷот, полизӣ ва картошка нисбат ба соли 2015 ба қайд гирифта шуд.
Нишондоди боло аз рушди истеҳсолоти дохилӣ ва пешрафти фаъолияти корхонаҳои саноатӣ шаҳодат медиҳад. Имрӯзҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ фаровонии маҳсулоти тавлидоти ватанӣ ба назар мерасад. Дар баробари ин, бо Фармони Президенти кишвар аз 1 июли соли ҷорӣ маоши кормандони идораву муассисаҳо низ зиёд карда шуд, ки ба боло рафтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд. Дар баробари рушд додани истеҳсолоти дохилӣ бартараф сохтани омилҳои сунъии боло бурдани нархи маҳсулот аҳамияти калон дорад. Ба андешаи Абдухалил Наҷибуллоев, дар кишвари мо, ки дар ҳоли рӯ ба рушд қарор дорад, барои таҳкими пояҳои иқтисодиёт, хусусан ташаккули бозори истеъмолӣ алоқамандии омилҳои ба арзиши маҳсулот таъсиркунанда, зуҳуроти нави тиҷорат, равандҳои бахши истеҳсол, тақсимоту табодули маҳсулоти ғизоӣ бояд ҳамеша мавриди назорат ва танзим бошанд. Дар ин маврид механизми ташаккул ва фаъолияти бозор хуб ба роҳ монда мешавад ва ба таври сунъӣ боло рафтани арзиши молҳо пешгирӣ меёбад. Ба ғайр аз ин, таносуби ҳаҷми талаботи аҳолӣ ба озуқаворӣ, имконоти истеҳсолии дохилӣ ва робитаҳои хориҷӣ вазъи нархҳоро муайян мекунанд, ки ин масъала бояд ҳамеша мавриди омӯзиши вазорату идораҳои дахлдор қарор гирад. Ҳамчунин, вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ дар давраи дарозмуддат ба истеҳсолгари ватанӣ таъсири манфӣ расонда, ба пастравии сатҳи истеҳсоли маҳсулоти худӣ оварда мерасонад. Бинобар ин, бо назардошти шароити иқлимию табиӣ ва захираҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ воридоти маҳсулоте, ки истеҳсолашон дар дохили мамлакат имконпазир мебошанд, бояд марҳила ба марҳила аз байн бурда шаванд. Бо ин мақсад дар Паёми Сарвари давлат зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва воридотивазкунанда яке аз масъалаҳои марказӣ ва афзалиятнок арзёбӣ гардидааст.
Барои дарозмуддат дастрас будани арзиши молу маҳсулот ба аҳолӣ омӯзиши ҳолати бозор, таносуби талаботи аҳолӣ ба маводи ғизоӣ, ояндабинии истеҳсолоти дохилӣ, чораҳои зиддиинҳисорӣ, мубориза алайҳи ҳаннотон, дастгирии истеҳсолгарони ватанӣ ва манъи воридоти молҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда тадбирҳои зарурианд. Роҳандозии ин амалҳо аз масъулони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, хадамотҳои зиддиинҳисорӣ, гумрук, Агентии захираҳои моддии давлатӣ кори якҷояро тақозо менамояд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2016    №: 203    Мутолиа карданд: 2429

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед