logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНМАРДӢ ТАНҲО ОИНИ МАРДОН НЕСТ

Гӯшаякеро обод намудану баҳри гулгулшукуфоии ватан саҳм гузоштан на танҳо оини мардон аст. Занони бо нангу номусе  низ ҳастанд, ки барои пешравию ободии ин сарзамини аҷдодӣ  хизмати арзанда менамоянд.
Шарифмо Ғафурова, сокини маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,  аз табори ҳамин гуна занҳост, ки ёрмандӣ ба ниёзмандонро шиори зиндагии худ қарор додааст. Инак, се сол мешавад, ки даҳҳо ҷавонондухтарон аз баракати ӯ  касби дӯзандагиро меомӯзанд. Биное, ки  Шарифмо Ғафурова бунёд намудааст, мактаби маҳорати дӯзандагиро мемонад. Дастпарварони ин даргоҳ дар ноҳияҳои гирду атроф мустақилан боз даҳҳо занону духтарони дигари хонашинро ба омӯзиши касб ҳавасманд месозанд, ки низ аз баракати дастони ин зани меҳнатдӯст аст. Апаи Шарифмо мегӯяд:  «Модари панҷ фарзандам. Шукрона аз даврони истиқлолият менамоям, ки имрӯз мо занони тоҷик имкони дар қатори мардон озодона фаъолият намуданро дорем. Духтарам, ки ҳамсоли истиқлол аст,  тариқи квотаи президентӣ Донишгоҳи тиббиро хатм карда, имрӯз  дар қатори садҳо табибон баҳри сиҳатии омма талош меварзад. Дукони дӯзандагии мо агарчӣ хурд ҳам бошад, ба қадри тавоноӣ ба ниёзмандон дасти кумак дароз менамоем. Вале, муҳимтар аз ин, мо духтаронро аз оилаҳои камбизоат ба омӯзиши касб ҷалб менамоем. Дар як муддати кӯтоҳ чунин духтарон соҳибкасб  шуда худашон бевосита дар беҳбудии рӯзгор саҳм гирифта метавонанд. Албатта, иқдоме, ки татбиқ мекунем, ҳанӯз хеле кӯчак аст, вале боварии комил дорем, ки саҳми мо дар ояндаи наздик бамаротиб чашмрас хоҳад шуд. Муҳим худи занону духтарони хонашин хоса чанд соли охир инро хеле хуб дарк ва ҷонибдорӣ мекунанд. Дигар дар самти ҷалби  ин қишри ҷомеа ба корҳои ҷамъиятӣ мушкил эҳсос намешавад, ки ин барои мо занони соҳибкор хеле муҳим аст».
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2016    №: 203    Мутолиа карданд: 2944

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед