logo

иҷтимоиёт

ДОРОТИ: "ТОҶИКИСТОН БО ҲАВОИ АТРОГИНУ МЕВАҲОИ ШИРИНАШ ЗОДГОҲАМРО БА ЁД МЕОРАД"

«Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву неруманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, бояд коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд ва соҳибмаърифат бошанд, дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд», - таъкид менамояд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ин нуктаро аҳли кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон хеле хуб дарк намудаанд. Чанде пеш кормандони осорхона дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти астрономии Тоҷикистон ва Маркази кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон чорабинии шавқовареро зери унвони «Ҳафтаи ҷаҳонии Кайҳон» доир намуданд. Дар доираи ин чорабинӣ як силсила намоишҳо пешкаши наврасону ҷавонони кишвар гардонда шуд.
 «Ҳафтаи ҷаҳонии Кайҳон» соли 1996 аз ҷониби Ассамблеяи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст. Дар доираи он баргузории чорабиниҳои мухталифи маърифативу таълимӣ пешбинӣ гардидааст. Дар кишварамон имсол низ баргузории чорабинии мазкур хеле хотирмон ташкил гардид. Дар доираи чорабинии мазкур астронавт Дороти М. Меткалф - Лиденбургер (ИМА) меҳмони ҷумҳурии мо шуда, аз Осорхонаи миллӣ дидан намуд.
Бонуи кайҳоннавард экспозитсияҳои  толорҳои табиат, таърихи қадим ва асрҳои миёнаи муассисаро бо шавқи тамом тамошо намуд.  Тавассути он меҳмон бо ёдгориҳои давраҳои мухталифи таърихӣ ошноӣ пайдо кард. М. Доротиро бештар сайри шуъбаи  таърихи бостон ва асрҳои миёна ба ваҷд овард.
Сипас, кӯдакону  наврасон бо бонуи кайҳоннавард суҳбат оростанд. Дар вохӯрӣ тавассути мониторҳо сайри кайҳон сурат гирифт. Онро доираи васеи наврасону ҷавонон - толибилмони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии кишвар бо шавқ тамошо карданд. 
Дороти М. Меткалф - Лиденбургер таассуроташро аз 15 шабонарӯзи дар кайҳон парвозкардааш нақл намуд. Дар охир, миёни аҳли нишаст ва астронавт суолу ҷавоб сурат гирифт. Ҳини суолу ҷавоб кайҳоннавард иброз дошт, ки «дар аввал аз парвоз нороҳатӣ эҳсос мекардам, пасон, оҳиста – оҳиста одат кардам. Ҳангоми парвоз бештар аз он ҳарос доштам, ки мабодо ба рафиқи ҳампешаам халал нарасонам». Ҳамзамон, бону М. Дороти зикр намуд, ки кишвари Тоҷикистони хушманзару офтобӣ  зодгоҳаш – Колорадо ва ҳавои атрогину меваҳои ширинаш Вашингтон - штате, ки дар он ҷо ба воя расидааст ба хотираш меорад.
Баъди вохӯрӣ дар майдони васеи шуъбаи табиати осорхона идомаи чорабинӣ сурат гирифт. Дар як гӯшаи майдон расмҳои беҳтарини дастпарварони гурӯҳи рассомии Маркази кӯдакон ва наврасон таҳти роҳбарии омӯзгорашон Аида Газарян ба маърази тамошо гузошта шуд. Наврасону ҷавонон кайҳонро аз диди худ ба қалам додаанд.  Гӯшаи дигари майдонро намоиши дастранҷи гурӯҳи «Техникони ҷавон» оро дод. Ҳамзамон, иштирокдорони ҳамоиш аз тамошои филмҳои гумбазӣ бо номи «Дурбини ҳайратангез», «Таърихи кашфиётҳои кайҳонӣ», «IBEX - роҳ  ба сӯи марзҳои низоми офтобӣ», инчунин намоиши аксҳо ғизои маънавӣ гирифтанд.  
Ба меҳмонон ва тамошобинони экспозитсия барномаи консертии Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе низ пешкаш гардид.
Шаҳло АБДУЛЛОЕВА,  
ходими калони илмии
Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2016    №: 203    Мутолиа карданд: 2959

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед