logo

иҷтимоиёт

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. АФЗУДАНИ САФИ ИХТИЁРИЁН ВА ИҶРОИ ПАНҶОҲ ДАРСАДИ НАҚША

Нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ то 11 октябр 50 дарсад иҷро гардида, аксари ҷавонони ба хизмат ҷалбшуда, бо майлу иродаи худ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шудаанд.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат ба «Ҷумҳурият» хабар доданд. Ба гуфтаи Фариддун Маҳмадализода, роҳбари маркази матбуот, феълан маъракаи даъвати ҷавонон ба Артиши миллӣ муташаккилона идома дошта, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иҷрои 82 дарсади нақша чун мавсимҳои гузашта дар ин самт пешоҳанг аст. Ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошиму Рӯшон нақшаро пурра иҷро намуданд.
Дар вилояти Суғд комиссияҳои даъватии ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Шаҳристон, Спитамен ва шаҳри Истиқлол ин маъракаи муҳимро дар сатҳи баланди ташкилӣ ба роҳ монда, дар рӯзҳои аввали мавсими даъват аз иҷрои нақша гузориш доданд. Қобили зикр аст, ки маросими гусели нахустин гурӯҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд бо шукӯҳи хоса сурат гирифта, то кунун дар вилоят 63 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст.
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон, ки дар гузашта вобаста ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мушкил дошт, ин навбат дар рӯзҳои нахустини маърака уҳдадории худро беш аз нақшаи пешбинишуда анҷом дод. Зубайдулло Раҳмонов, сармуҳаррири нашрияи «Насими Терай»-и мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, дар суҳбати телефонӣ бо «Ҷумҳурият» изҳор дошт, ки дар чанд соли охир бори аввал аст, ки ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ин самт муваффақ мешавад. Номбурда, ки дар маросими гусели ҷавонон иштирок намудааст, таъкид кард, ки ҳамаи даъватшавандаҳо бо хоҳиши худ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро ихтиёр намудаанд. Ин натиҷаи ба роҳ мондани робитаи доимии сохторҳои марбутаи давлатӣ дар ноҳия ва ташкили чорабиниҳои ҳарбӣ - ватандӯстӣ бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ, сокинони ҷамоату деҳаҳост, - изҳор дошт Зубайдулло Раҳмонов. Зимнан, ноҳияҳои Носири Хусрав ва Балҷувон низ аввалин шуда аз иҷрои нақша паём доданд ва ба ин тартиб дар вилояти Хатлон 47 дарсади нақшаи даъват таъмин гардид.
Ҳарчанд дар робита ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар маҷмӯъ вазъи мусбат ба назар расида, сафи ихтиёриён сол ба сол меафзояд, вале раванди ин маъракаи муҳим дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қобили тавсиф нест. Зеро аз оғози мавсим то 11 октябр дар ин минтақаҳо иҷрои нақша мутаносибан 28 ва 38 дарсадро ташкил медиҳад.
Қаблан ба манзури дар сатҳи баланди ташкилӣ ба роҳ мондани даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиши миллӣ дар Вазорати мудофиа таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ Азим Иброҳим бо ҷалби васеи масъулони сохторҳои гуногуни давлатӣ машварат доир гардид. Дар ин нишаст таъкид шуд, ки ҳамасола, новобаста аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, ҳамоно дар натиҷаи бемасъулиятии бархе аз комиссияҳои даъватӣ як қатор камбудиҳо, аз ҷумла ба таври зарурӣ наомӯхтани шахсияти даъватшавандаҳо, дар комиссариатҳои ҳарбӣ сабти ном нашудани шуморе аз шаҳрвандон, муоинаи нодурусти тиббӣ, амалҳои коррупсионӣ, сари вақт ҳозир нашудан ба комиссариатҳои ҳарбӣ аз байн нарафтаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Ҷовид Пирзода, ёрдамчии сардори раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ оид ба масоили ҳуқуқӣ, то кунун дар робита ба ҷалби ҷавонон ба Артиши миллӣ ҳеҷ мавриди қонуншиканӣ сабт нагардида, ба унвонии Вазорати мудофиа низ арзу шикоят ворид нашудааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2016    №: 203    Мутолиа карданд: 3033

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед