logo

иқтисод

ИСТЕҲСОЛОТ. ПЕШҚАДАМОН САЗОВОРИ ҚАДРДОНИАНД

Дар Вазорати кишоварзӣ ҷаласаи ҳайати мушовара бургузор гардид, ки дар он масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳа баррасӣ шуд.
 
Дар ҷаласа Қаҳҳор Ойматов, муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Н. Асозода, президенти АИКТ, А. Салимзода, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, М. Сафаров, раиси иттифоқи касабаи кормандони комплекси агросаноатӣ, муовинони вазир, кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои тобеи вазорат, ҳамчунин сардорони сарраёсату раёсатҳои кишоварзии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок карданд.
Дар оғоз Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзӣ ҳозиринро бахшида ба иди касбиашон - Рӯзи кишоварзон ва иди Меҳргон табрик намуд. Сипас, муовини аввали вазир Н. Нозанинзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи вазорат ҳисобот дод. 
Иззатулло Сатторӣ аз фаъолияти сардорони раёсатҳои кишоварзии ноҳияҳои Варзоб, Шаҳринав ва Файзобод интиқод карда, масъулонро муваззаф кард,  ки ҷиҳати ҳалли  мушкилиҳои ҷойдошта ва сари вақт ҷамъ овардани ҳосили меваю сабзавот ва кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона чораҳои зарурӣ андешанд.
Баъдан, муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Ойматов суханронӣ карда, таваҷҷуҳи роҳбарону мутахассисони соҳаро ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷалб намуд.
Дар ҷамъбасти кори ҷаласа ба 35 нафар кишоварз барои дастовардҳои меҳнатӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, қутоспарварӣ ва картошкапарварӣ диплом, медал ва ифтихорномаҳои таъсисдодаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2016    №: 203    Мутолиа карданд: 1865

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед