logo

ҳуқуқ

ТЕРРОР - ТАҲДИД БА ТАМАДДУНИ БАШАРӢ

Террор аз калимаи лотинии  "terror" буда, маънояш даҳшат ва тарсу ҳарос аст. Таърихи инсоният ҳодисаю воқеаҳои зиёдеро дар хотир дорад, ки шахсони алоҳида ё гурӯҳу ҳаракатҳои муайяни манфиатдор баҳри амалӣ сохтани мақсаду мароми хеш аз усулҳои гуногуни террористӣ истифода кардаанд.
 
 

Амалҳои террористии дунёи қадим
Куштори Филиппи II Мақдунӣ (соли 336 пеш аз мелод), Дорои III (соли 330 пеш аз мелод), Спитамен (соли 327 пеш аз мелод), Юлий Сезар (соли 44 пеш аз мелод) аз ҷумлаи амалҳои террористии мақсадноки дунёи қадим маҳсуб меёбанд. Ҳарчанд кушторҳои зикршуда хислати сиёсӣ - ҳарбӣ доштанд, вале ҳадафнок ва бо маслиҳати гурӯҳи муайян  амалӣ гардидаанд. Амалҳои террористии дунёи қадим асосан дар доираи маҳдуди ҷуғрофӣ сурат гирифта, хабари паҳншавии онҳо метавонист ба моҳу солҳо тӯл кашад, ки ин эҳтимолияти фарогирии шумораи зиёди одамонро ба муноқишаҳо, гурӯҳу ҳаракатҳо ва пайравӣ ба ақидаҳои ифротӣ кам намояд. Илова бар ин, усулу воситаҳои истифодашавандаи амалиётҳои террористии давраи қадим дар шумора ва тавоноии харобиоварашон маҳдуд буданд. Яке аз машҳуртарин гурӯҳҳои террористии дунёи қадим, ба ақидаи мутахассисон, ин гурӯҳи тариқати (сектаи) яҳудиён буд, ки бо номи сикариён (ханҷардорон) дар асри I - и мелодӣ дар сарзамини Исроил амал мекард. Аъзои ин гурӯҳ намояндагони ашрофони яҳудиеро, ки бо римиён барои бастани сулҳ ризоият додаву ҳамкорӣ мекарданд, ба хоинии динию миллӣ гунаҳгор дониста, ба қатл мерасонданд. Ин ҳаракат аз ҷониби табақаҳои поёнӣ бар зидди ашрофони маҳаллӣ фаъолият бурда, табиати мутаассибии миллию диниро доро буд. Аслиҳаи маъмулии аз ҷониби онҳо истифодашаванда «сику» ханҷари кӯтоҳ маҳсуб меёфт.
Дар муддати ҳазорсолаҳо ташаккули олами моддию маънавии инсон ба ивазшавии сохти ҷамъиятӣ - ибтидоию ғуломдорӣ ба феодалӣ ва дунёи қадим ба асрҳои миёна боис гашта бошад ҳам, усулҳои гузарондани амалиёти ҷангӣ ё террористӣ низ тавсеа ёфтанд. Яке аз намунаҳои классикии созмонҳои террористии асрҳои миёна, ки санъати ҷангии пинҳонкоронаро ба сатҳи баланд расонда, таҷрибаи харобкорию воситаҳои зӯровариро барои амалӣ кардани мақсадҳои хеш истифода мебурд, ин тариқати Исмоилиёни Назаритҳо (дар адабиёти ғарб - Ассасинҳо) маҳсуб меёбад. 
 
Терроризм. Шеваҳои замони нав
Сиёсатшиносон ҷаҳонишавии терроризмро  ба чор давра - паҳншавии ақидаҳои инқилобии солҳои 1880 дар Русия, Аврупо ва баъдтар дар Амрикои Шимолӣ; ҳаракатҳои миллӣ - озодихоҳӣ ва зиддимустамликавии асри ХХ;  фаъолияти «чапгароёни нав» дар солҳои 1970-ум ва ҷаҳонишавие, ки дар охири солҳои 1970 оғоз ёфтаву то ба ҳол идома дорад (аз ҷумла терроризми муосири динӣ) тақсим мекунанд.
Нахустин маротиба дар сатҳи байналмилалӣ масъалаи мубориза бар зидди терроризм соли 1934 дар Лигаи миллатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин ба куштори шоҳи Югославия Александри I ва вазири корҳои хориҷии Фаронса Луи Барту вобаста буд. Ин куштори сиёсие, ки дар шаҳри Марсели Фаронса ба амал омад, аз ҷониби террористи булғорӣ Владо Черноземский ба вуқӯъ пайваст.
Мутахассисоне, ки хусусият-ҳои терроризмро мавриди таҳлил ва пажӯҳиш қарор додаанд,  онро ба терроризми миллатгаро, терроризми динӣ, терроризми ифротиёни чапгаро, терроризми ифротиёни ростгаро, терроризми анархистӣ, терроризми маънавӣ ва терроризми иқтисодию иҷтимоӣ ҷудо намудаанд.
 
Террористони миллатгаро
Ҳадафи асосии террористони миллатгаро аз ташкили давлати алоҳида барои гурӯҳи этникии худ иборат буд. Онҳо ин амалашонро «озодии миллӣ» меномиданд. Чунин шакли терроризм дар бисёр ҳолатҳо бо сабаби хислати миллӣ - озодихоҳӣ доштанаш дар арсаи байналмилалӣ аз таваҷҷуҳи хоса бархӯрдор мегардад. Масалан, артиши ҷумҳуриявии Ирландӣ ва Созмони озодихоҳии Фаластин солҳои навадум даст кашидани худро аз истифодаи усули террористӣ эълон доштанд. Мутахассисон ба феҳристи ин намуди террористон, ҳамчунин, созмони Ватани Баскҳо ва Озодиро, ки мехоҳанд ноҳияҳои зисти анъанавии баскҳоро аз Испания ҷудо намоянд ва Ҳизби коргарии Курдистонро, ки хоҳиши ташкили давлати мустақилро дорад, дохил менамоянд.
 
Террористони динӣ
Дар амалҳои хеш ҷабру зулмро истифода бурда, бар он ақидаанд, ки кирдори онҳо дар асос ва доираи  фармудаҳои Худо муайян шудааст. Онҳо бо ҳар роҳу восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар муҳити моддию маънавии ҷомеа тағйироти куллии фаврӣ ворид намоянд. Террористони динӣ на танҳо ақидаҳои тариқатҳои маҳдудро ниқоб мекунанд, балки ба мазҳабу динҳои паҳншудаи маъмулии сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ худро мансуб медонанд. Миёнаҳои солҳои 90-уми асри гузашта аз 56 созмони террористии маълум қариб нисфаш аз мақсадҳои динии хеш дарак дод. Дар таърихи начандон дури ёддоштаи инсонӣ гурӯҳу ҳаракатҳои террористии маълум аз пайравони дигар дину таълимот будаанду айни ҳол низ мавҷуданд.  Душманашон асосан касоне маҳсуб меёбанд, ки пайрави равияи онҳо нестанд. Масалан, созмони яҳудии радикалии марҳум Меера Кахана, тариқати ҷопонии «Аум Сенрика», «Ал-Қоида»-и Усома бини Лодан, «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ» ва монанди инҳо.
 
Террористони ифротии чапгаро
Пеш аз ҳама, мехоҳанд капитализмро барҳам дода, бо сохтори коммунистӣ ё сотсиалистӣ иваз намоянд. Аз сабаби он ки онҳо аҳолии осоиштаро қурбони истисморшудаи сохти капитализм меҳисобанд, бар зидди шаҳрвандон амалҳои террористиро чандон раво намебинанд. Онҳо асосан ба рабудани шахсони сармоядор ва таркондани рамзҳои гуногуни капитализм аз худ дарак медоданд. Масалан, созмонҳои чапгарои террористие, назири фраксияи Артиши Сурх ё Баадер - Мейнхофи олмонӣ (1968-1998) ва Бригадаи Сурхи итолиёӣ (1970-1988) ба чунин амалҳо даст мезаданд.  
 
Террористони ифротии ростгаро
Одатан гурӯҳҳои номуташаккил маҳсуб ёфта, бо миллатчиёни нави Аврупои Ғарбӣ пайваст мебошанд. Вазифаи хешро онҳо дар мубориза бо ҳукуматҳои демократӣ дида, мақсади ташкили ҳукумати фашистиро доранд. Фашистони нав асосан ба муҳоҷирони меҳнатии ихтиёрию иҷборӣ ва гурезаҳо ҳуҷум мекунанд. Аз нуқтаи назари ақида бошад, ифротиёни ростгаро, пеш аз ҳама, нажодпарасту яҳудибадбинанд (антисемит).
 
Террористони анархист
Онҳо чун зуҳуроти глобалӣ аз соли 1870 аз худ дарак дода, то соли 1920 амал кардаанд. Президенти ИМА Вилям Макинли соли 1901 аз ҷониби анархист кушта шуда буд. Дар Русия бошад, анархистон дар давраи зикргардида якчанд амалҳои террористиро ба анҷом расондаанд. Бархе аз мутахассисон эҳтимол мекунанд, ки антиглобалистони муосир метавонанд мавҷи нави террористони анархистро ба вуҷуд биёранд.
 
Террористонӣ маънавӣ
Метавонанд дар симои давлат ё ташкилоту созмонҳои хурду бузурги расман ё ғайрирасмии гуногун фаъолият намоянд. Онҳо мақсаднок намояндагони этнос, нажод ва ё таълимоти муайянро ба амалу ҳаракати хислати ҷангӣ, куштор, даҳшатафканӣ ва вайрон кардани қоидаю талаботҳои умумиэътирофшуда водор ва ҳатто дастгирию маблағгузорӣ мекунанд.
 
Террористони иқтисодию иҷтимоӣ
 Ин гурӯҳи террористон дар симои шахси алоҳида, ташкилот ва ширкатҳои фаромиллии давлатию хусусӣ бо истифодаи ҷонибдории аёну ноаёни давлат амал менамоянд. Новобаста аз эътибору эътирофи оммавӣ доштани шахси муайян ё молу маҳсулот,   террористони иқтисодию иҷтимоӣ аз хизмати ҳукуматдорону ВАО истифода карда, мақому манзалати худро намоиш медиҳанд. Амалу ҳаракатҳои террористони иқтисодию иҷтимоӣ ба муфлисию қатъи фаъолияти ташкилоту ширкатҳои муайян оварда расонда, бар ивази онҳо шахсони алоҳида ё ташкилотҳо нуфузу эътибори хешро дар фазои иқтисодию иҷтимоии минтақаи ҷудогона мустаҳкам мегардонанд.
Новобаста аз ин, омилҳо ва мақсадҳои дарпешгузоштаи террористон, амалҳои террористӣ дар ҳама шаклҳояш аз ҷониби пайравони таълимоти гуногун  маҳкум карда мешаванд. Аз ин рӯ, барои муқобала бо ин таҳдиди воқеии тамаддуни умумиинсонӣ ва ғалаба бар он ваҳдати тамоми қишрҳои ҷомеа муҳиму ҳалкунанда мебошад.
Саидмурод ТАҒОЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2016    №: 203    Мутолиа карданд: 2729

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед