logo

фарҳанг

МУСОДИРА. БОЗ ДАР БОРАИ ФИТАҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ

Фаъолияти ғайриқонунии баъзе студияҳо, ки ба нусхабардорӣ ва фурӯши фитаҳо машғуланд, боиси зиёд гардидани фитаҳои пастсифат дар нуқтаҳои фурӯш гардидааст. Бо нархи 1 ё 2 сомонӣ фурӯхтани фита худ гувоҳи бо роҳи қочоқ ба бозор ворид шудан ва пастсифатии он аст. Зеро чунин фитаҳо баъди як маротиба тамошо кардан аллакай корношоям мегарданд.
 
КВД «Тоҷиккино» назоратро дар ин самт пурзӯр карда, имсол 68 ҳазор фитаи  пастсифати филмҳои ғайриқонунӣ паҳншавандаро аз дуконҳо мусодира ва нобуд кард.
Бино ба иттилои Хайриддин Зайниддинов, муовини директори генералии «Тоҷиккино», масъулони ин ниҳод  дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ низ санҷиш гузаронда, филмҳои пастсифатро мусодира карданд.
- Дар назди идораи мо маркази ташхиси филмҳо амал мекунад, ки ба он ғайр аз мутахассисони соҳа, ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, равоншиносон, намояндаҳои созмонҳои ҷамъиятӣ шомиланд ва филмҳоро ташхис мекунанд. Масъулон агар ба хулосае оянд, ки филмҳои ташхисшуда ба нафъи ҷомеа ва насли наврас нестанд, дар ин ҳол ба мақомоти дахлдор дар бораи манъи фурӯши он мактуб ирсол мешавад. Барои мисол, филми «Фиреби дӯст» аз ҷониби коршиносони мо қабул карда нашуд, зеро давомнокии он бояд 60 дақиқа зиёд мебуд,  аммо он  40 дақиқаро дар бар мегирифт. Аслан ба мо филмҳо зиёд пешниҳод менамоянд, аммо онҳо бе сенария, мувофиқа ва бе шартномаи студияҳо рӯи навор омадаанд. Мо чунин филмҳоро имкони қабул кардан надорем. Вазифаи мо таъмин кардани филмҳои миллӣ дар бозори дохилӣ аст, - гуфт Х. Зайниддинов.
Дар сохтори КВД «Тоҷиккино» 60 корхонаи фаръӣ - давлатии  кино ва видео дар ду самт фаъолият мекунанд. Вазифаи аввалини корхонаҳо намоиши филм ва ҷалби кинотеатрҳо ба намоиши онҳо аст. Қисмати дувум назорат аз болои нуқтаҳои фитафурӯшӣ. Дар ҷумҳурӣ солҳои шӯравӣ тақрибан 400 кинотеатри намоишӣ фаъолият мекард.  Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар аксарияти шаҳру навоҳӣ худсарона кинотеатрҳоро шахсӣ карданд. Гарчанде тибқи  Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ фурӯш ва шахсӣ намудани муассисаҳои фарҳангӣ манъ аст. 
Феълан дар тобеияти «Тоҷиккино» 12 кинотеатр боқӣ мондааст. Ҳоло дар кишвар 1500 нуқтаи фитафурӯшӣ амал мекунад.
Дар асоси моддаи 15 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» ва фармоиши «Тоҷиккино» аз 24 июни соли 2015 таҳти № 27 фурӯш ва ба муомилот баровардани ҳама номгӯйи силсилафилмҳои туркии бо забонҳои русӣ ва форсӣ тарҷумашудаи қайдҳои давлатӣ надошта дар тамоми нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти аудиовизуалӣ манъ карда шудааст.
 Хайриддин Зайниддинов, ҳамчунин пешниҳод кард, ки ҷиҳати дастгирии кинои тоҷик ва ба намоиш гузоштани филмҳо дар пойтахти мамлакат як кинотеатри замонавӣ сохта шавад. Зеро кино аз аввал як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа буда ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.
Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2016    №: 204    Мутолиа карданд: 2978

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед