logo

иҷтимоиёт

САВДОИ КӮЧАГӢ НА ТАНҲО ҲУСНИ ШАҲРРО МЕКОҲОНАД…

Пойтахт  ҳусн мефизояд, симояшро дигаргун месозад. Бо қомат афрохтани  биноҳои  замонавию  баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои муосири савдо, низ зиёд мешаванд. Бо вуҷуди ин, боз ҳам манзараҳоеро дидан мумкин, ки  табъи сокинону меҳмонони пойтахтро хира мекунанд, зеби Душанбешаҳр надоранд. Савдои кӯчагӣ аз ҷумлаи чунин зуҳуроти падидаҳои манфист.
 
Қисмате аз  савдогарони кӯчагӣ аз назди Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то пиёдароҳҳои назди мағозаи «Олами китоб»  саф кашида, манзараи ногувореро ба вуҷуд овардаанд. Савдои  кӯчагӣ   дар роҳҳои  пиёдагарди атрофи бозорҳо, хусусан дар назди бозори   «Шоҳмансур»   ва  маркази савдою хизматрасонии «Садбарг» ҳам доман фарох намудааст.  Савдогарони кӯчагӣ, ки бе иҷозатномаи савдою сертификати молу маҳсулоти ҳархела, фаъолият доранд, аз ҷумла сабабгори дар кӯчаҳои назди бозор пайдо шудани партовву ифлосиҳо  ва ҳолати зиддисанитарӣ мегарданд. Дар пиёдароҳҳои  серодами назди бозорҳо  ба фурӯш гузоштани ҳар гуна хӯриш ва меваву сабзаҷот боиси пайдо шудани бемориҳои сироятӣ  низ мешавад. Ҷиҳати манъ намудани савдои кӯчагӣ дар пойтахт қарорҳои раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр дар бораи ба танзим даровардани савдои  чакана ва манъ намудани  савдои кӯчагӣ ба тасвиб расидаанд, аммо то имрӯз татбиқи дурусти худро  наёфтаанд.
Мо борҳо аз ҷониби нозирони минтақавии  шуъбаҳои корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ  ҳолати  аз кӯча пеш кардани  савдогарони ғайриқонуниро дидаем. Чи тавре нозирон иброз доштанд, ба ин вайронкунандагони қоидаҳи савдо ва тартиботи ҷамъиятӣ ҷарима таъйин менамоянд, аммо  онҳо  баъди гузаштани муддате боз ба шуғли худ идома медиҳанд.
Ҳоло дар паҳлуи савдогарони майда-чуйдафурӯши кӯчагӣ боз   дар пиёдароҳҳои назди бозори «Шоҳсансур»    фурӯшандагони  маҳсулоти ширию макаронӣ низ  пайдо гардидаанд.  Аз ҷумла, «тоҷире»  дар кӯча маҳсулоти макаронии  «СИ Тимуров» - и шаҳри Хуҷанд, дигаре маҳсулоти шири  ҶСК «Панири Душанбе» - ро мефурӯхт. Суоли матраҳ ин аст, ки чунин аҳвол то кай давом мекарда бошад?
Иронбӣ МӮСОЗОДА,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2016    №: 204    Мутолиа карданд: 2974

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед