logo

ҳуқуқ

ВАСВАСАИ ҶИҲОД БА СУРИЯ НЕ, БА ПАСИ ПАНҶАРА БУРД

Суди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон як сокини деҳаи Боғиҳабиби ноҳияро барои фаъолиятҳои эктермистию динӣ ва кӯшиши иштирок дар ҷангҳои Сурия 16 сол аз озодӣ маҳрум кард.
 
Муҳаммадҷамил Табарови 40 - сола бори аввал барои ташкили фаъолияти экстремистӣ ба муҳлати 5 сол равонаи зиндон гардида буд. Вале ин маҳкумият ба ӯ дарси ибрат нашуд ва боз ба фаъолиятҳои пинҳонии ифротии худ идома дод. Кӯшиши барқарор намудани робита бо ҳаммаслакони тирароҳ, васвасаи ҷиҳод дар Сурия ва пайвастан ба гурӯҳҳои тундгарои исломӣ мудом мағзашро ба худ машғул медошт.
Бародари Муҳаммадҷамил аз ҳаракату ниятҳои зишти ӯ бохабар шуда, шиносномаашро пинҳон мекунад, то ба ин васила роҳи ӯро ба хориҷи кишвар бубандад. Вале ин шаҳрванди ноогоҳ ба созмони экстремистии хусусияти динидоштаи «Ҷамъияти таблиғ», ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияташ дар кишвар манъ шудааст ҳамроҳ шуда, ақидаҳои тундгароиро, бахусус дар байни ҷавонон  таблиғ мекунад. Вай ба дунболи пиёда намудани ҳадафҳои нопокаш корҳои ташвиқотиро дар масоҷиди деҳаи Тудакаш ва маҳаллаи С. Вализода ба роҳ монда, дар ин бора бо намозгузорони алоҳида вориди суҳбат шудааст.
Ҳангоми кофтуков аз маҳали зисти ин мубаллиғи «ҷиҳод» дар Сурия 77 китоби хусусияти динидошта дарёфт гардид. Дар байни онҳо китобҳои «Ҷашни мавлуд аз нигоҳи ислом» - и Муҳаммад ибни Саъд ибни Шуқайр, «Ҳиҷоб чаро?» - и Муҳаммад ибни Аҳмад, «Ҳиҷоби бонувон дар ислом» - и Алоуддини Роким, «Рисолати пероста дар ишораи саболба» - и Мулло Қорӣ ибни Султон Муҳаммад, «Вибор» - и Аҳмад Дидай низ буданд. Таҳлили адабиёти дарёфтшуда нишон дод, ки дар онҳо ақидаҳои тафриқаандозию тундгароӣ дарҷ гардидаанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» таҳқири  ҳиссиёти динӣ ва атеистии шаҳрвандон манъ мебошад. Зимнан, бар асоси муқаррароти ҳамин қонун паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин, дигар ашё ва маводи дорои таъйиноти динӣ бидуни хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ манъ мебошад.
Гузашта аз ин, Муҳаммадҷамил Табаров дар фурсатҳои муайян бо ҳаммаслаконаш аз Туркия суҳбати телефонӣ анҷом дода, аз онҳо маслиҳату дастур мегирифт. Одамони сустирода, бекор, камдониш ва аз дин бехабарро ба ақидаю равияҳои экстремистӣ, тундгароӣ ошно мекард. Хушбахтона, ин амалҳои иртиҷоиву иғвоангези Муҳаммадҷамил аз заррабини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дур наафтод ва нисбат ба ӯ  чораҳои қонунӣ андешида шуд.
 Суди ноҳияи Муъминобод парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Муҳаммадҷамил Табаровро мавриди баррасӣ қарор дода, бар асоси якчанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ ӯро гунаҳгор дониста, ба муҳлати 16 сол бо адои ҷазо дар колоннияи ислоҳии низомаш сахт ба зиндон маҳкум кард.
Баҳром МАҶИДЗОДА,
судяи суди ноҳияи
Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2016    №: 204    Мутолиа карданд: 2459

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед