logo

иқтисод

УСУЛИ НАВ. СУХАН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛИ ҚУВВАИ БАРҚ МЕРАВАД

Барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ки асоси пешрафти ҳама соҳаҳост, ба  ғайр аз бунёд ва ба истифода додани НБО-ҳои ҳастаӣ, обӣ, бодӣ, бо  ангишткоркунанда, инчунин  самаранок кор фармудани неругоҳҳои фаъол, ҳадафи асосист.  Неругоҳҳои барқи обӣ, ки энергияи аз ҳама арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол менамоянд, ба камбуди нарасидани об дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мувоҷеҳ мегарданд. Масъалаи бунёди неругоҳҳои бо харҷи нисбатан кам ва зиён нарасондан ба муҳити атроф дар маркази диққат буда, олимону мутахассисон ва шаҳрвандонро низ ба худ ҷалб намудааст. Озодқул Мамадқулов, сокини деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан, нафақагир, дар ин бобат андешаҳои ҷолибе дорад, ки пешкаши хонандагони рӯзнома гардонда мешаванд.  Бовар аст, ки мутахассисони соҳа ба ин таҷриба мароқ зоҳир намуда, фикру андешаҳояшонро навишта, ирсол медоранд.
 
Дарёфти об дар фаслҳои тирамоҳу зимистон барои фаъолсозии агрегатҳои НБО-ҳои калону хурди амалкунанда ва сохташаванда масъалаи доғ аст. Аз ин рӯ, ман сохта ба истифода додани неругоҳҳои хурдеро тавсия медиҳам, ки бунёди обанбори калонро талаб намекунанд. Барои ин гуна неругоҳҳо қаблан сохтани обтанзимкунакҳо зарур аст.
Обтанзимкунакҳоро дар қисми болои дарё ё шохоби он сохтан ба мақсад мувофиқ аст, ки ба аҳолӣ ва ё муҳити зист зарар нарасонад. Дар қаторкӯҳҳои кишвари мо чунин мавзеъҳо бисёранд ва имкон дорад, ки бо бардоштани  сарбанди  50 – 80 метра, то 1,5 - 2 миллиард метри мукааб об захира карда шавад. Дар қисмати поёни обтанзимкунак дари оббаро сохта, ченаки қутри дари онро ба миқдори оби миёнасолонаи дарё мутобиқ кардан манфиатовар аст. Ҳангоми серобӣ дари оббароро пӯшида, об захира карда, дар вақти камобӣ об хориҷ карда мешавад.
Барои аз хавфи обхезӣ эмин сохтани обтанзимкунак дар қисмати болои он обгурез бунёд кардан лозим аст, ки дар ҳолати ҳар гуна ҳодисаҳои табиӣ (сел, тарма ва обхезиҳо) оби барзиёди обанборро ба берун баровардан осон гардад.
Агар обтанзимкунакҳоро дар минтақаи Рашт сохтанӣ бошем, шохаҳои дарёҳои Сурхоб, Хингоб, Муксу (Ваҷангдарё) ва Камаров ба он мувофиқ аст. Имкон мавҷуд мебошад, ки як ё иншоот сохта, ҷамъ зиёда аз 6 миллиард метри мукааб об захира карда, тамоми сол неругоҳҳои амалкунанда ва сохташавандаро дар фасли камобӣ бо об таъмин намоем.
 
Агар дар обанбор 1 миллиард метри мукааб об захира намоем ва ҳар 1 сония 100 метри мукааб об аз он ҷорӣ шавад, ба 120 шабонарӯз мерасад. Дар натиҷа миллиардҳо кВт - соат қувваи барқи иловагӣ истеҳсол кардан мумкин аст.
Обтанзимкунакҳо муътадилии оби дарёҳоро давоми сол таъмин месозанд.
 
НБО - И БАРҚИ АРЗОН ИСТЕҲСОЛКУНАНДА
Барои бунёди неругоҳ   аз талу теппаҳои дарё мавзеи муносиб интихоб кардан зарур аст:
1. Об ба обтанзимкунак, ки дар нуқтаи баланди теппа сохта мешавад, тавассути шабака, нова ва лӯла бароварда мешавад.
2. Иншоот бояд аз тармафуроӣ ва селу обхезӣ эмин бошад.
3. Ба ҳамворсозӣ мутобиқат намояд.
4. Нишебии он аз 30 то 45 дараҷа бошад.
5. Дарозӣ (тарафи нишебӣ) аз 300 то 500 метрро ташкил диҳад.
Барои cохтмони неругоҳ он қадар заҳмати лоиҳакашӣ лозим нест. Ченаки новаро аз рӯйи миқдори оби ба он воридшаванда ва дараҷаи нишебии теппача, ки ба он нова шинонда мешавад, аниқ кардан лозим.  Ченаки чархаи корӣ ба ченаки нова мутобиқ сохта мешавад. Ҳаҷми кор зиёд гардад ҳам, нишебии новаи шинондаро ба 45 дараҷа мутобиқ кунонда сохтан, иқтидори неругоҳро меафзояд. Ҳисса аз суръатнокии афтиши озод нисбатан зиёдтар 9,81 х 0, 707 = 6,94 ба фоидаи кор ҷудо мешавад.
Ченаки генератори барқистеҳсолсозандаро ба неругоҳ  мутобиқ карда, иқтидори он баъд аз ҳалли як миқдор ҳисобкунӣ аниқ мешавад. Масалан, аз рӯйи нақшаи пешниҳодшуда  миқдори оби ба нова воридмешуда 60 м3,   дараҷаи нишебии нова 45 дараҷа ва баландӣ аз чархаи кории якум то чархаи кории дувум 90 дараҷа бошад, 7,07 қувваи (энергияи) механикии ҳосил мешударо бо воҳиди ченаки қувваи асп аниқ мекунем:   
60 м3  х 6,94 м/с х 7,07 м = 2944 м3 м2/ с қувваи механикӣ ҳосил шуд.
(Дар фанни физика 1 м3 об агар аз 1м баландӣ дар муддати 1 сония фурояд, иқтидораш ба 13,3 қувваи асп баробар мешавад).
Бинобар он, 2944 х 13,3 = 39155 қувваи асп ҳосил гардид. Зарби кори фоиданокро шартан 0,90 қабул намоем ва 1 қувваи асп ба 0,736 кВт баробар бошад, онро асос карда ҳисоб намоем, 39155 х 0,736 кВт х 0,90 = 25920 кВт иқтидор ҳосил мешавад, ки ин иқтидори генератори барқистеҳсолкунанда аст, гӯем, хато намешавад.
Об аз чархаи якум гузашта, баъди 1,5-3,0 метр масофаро тай кардан, суръати пешинаро пайдо намуда, ба чархаи дувум айнан ба мисли чархаи аввал таъсир мекунад.  Ҳамон миқдор об ва суръатнокии афтиши озод такроран 25920 кВт иқтидор ҳосил мекунад ва барои иҷрои вазифаи худ ба тарафи чархаи сеюм мегузарад. Шумораи чархаҳои корӣ чанд адад бошад, ҳамон қадар ин ҷараён такрор меёбад.
 
СОХТМОНИ НЕРУГОҲ
Тавре дар боло ишора намудем, барои сохтмони неругоҳ аз мавзеи интихобкарда болотар обтанзимкунак бунёд кардан лозим, ки он бо оби муътадил (аз 20 то 60 м3 ва андак зиёд ё кам) таъмин бошад. Обро аз қуму лой тоза карда бо равиши худ, шабака, нова ё лӯла ба нуқтаи баланди теппа  бароварда, баъд ба неругоҳ сар додан лозим.
Агар нишебии теппа 45 дараҷа бошад, бояд дарозии нишебӣ 300 метрро ташкил диҳад. Аз  болои теппа то поён ва бараш 20 - 30 метрро ҳамвор карда, дар байни он 1,2  х 2,0 х 1,2 метр чуқурӣ канда, тир шинонда, нова насб кардан даркор аст. Тирро бо масолеҳи оҳану бетон мустаҳкам намуда, ба ҳодисаҳои нохуши табиӣ тобовар созанд.
Ба масофаи ҳар 10 метри нова сутуни оҳанин шинонда, тири чархаи кориро пайваст намуда, ба он генератори барқистеҳсолкунандаро пайваст созанд.
Намуди ускунаи пайвастсозӣ, шинондани генераторҳои барқистеҳсолкунандаро аз рӯйи тавсияи мутахассисони завод амалӣ намудан мувофиқи мақсад мебошад. Агар дарозии новаи шинонда 300 метр бошад, 30 адад ва 500 бошад, 50 адад чархаи корӣ ва ҳамон қадар генератор насб намудан лозим аст. Онҳоро бо ускунаи зарурӣ, бо якдигар пайваст карда, барои дастрасии таҷҳизоту масолеҳи сохтмонӣ роҳу ҷой тайёр намудан зарур аст. Ин таъкидҳо барои оғози кори сохтмони неругоҳе аст, дар як сол 7 – 10 миллиард кВт қувваи барқ истеҳсол мекунад.
 
НАМУДИ ДУВУМИ НЕРУГОҲҲО
Сохтмони сарбанди неругоҳи 50 - 60 метраи оҳану бетонии зикрёбанда хеле одӣ ва камхарҷ мебошад. Ба он лӯлаҳои лозимиро аз боло ба поён ба андозаи 90 дараҷа шинондан даркор аст. Ченаки лӯлаҳои қисмати боло васеътар ва поёнӣ тангтар бояд бошад, суръати афтиши озод безарар хоҳад шуд. Дар 50 - ум метри лӯла чархаи кории пурқувват, ки зарбаи 24 ҳазор тонна обро гардонда тавонад, шинонда шавад. (50м3 обро аз баландии 50 метр партоянд, 24525 тонна қувваи об пайдо мешавад). Тири чархаи корӣ бо тири генератори барқистеҳсолкунанда пайваст карда мешавад. (Ниг. ба нақшаи неругоҳ).
Дар мавзее, ки об кушодаю пӯшида мешавад, насби затвор афзалтар аст. Таъминоти обро обтанзимкунак  амалӣ месозад.
Барои рӯшанӣ андохтан ба масъала барои аниқ кардани иқтидори генератори неругоҳ рақамҳои шартӣ қабул мекунем:
Агар оби воридшаванда 50 м3 бошад ва онро аз баландии 50 метр ба чархаи корӣ ворид намоем, дар ҳолати  суръатнокии афтиши озод 9,81 м/с будан, 50 м3 х 9,81 м/с х 50 м = 24525 м3. м2/с (тонна қувваи ҳосилмешударо) муайян кардем. 24525 х 13,3 = 326182 қувваи асп ҳосил шуд. 1 қувваи асп баробари 0,736 кВт иқтидор ва зарби кори фоиданокро 0,93 қабул карда, 326182 х 0,736 х 0,93 = 223113 кг иқтидор мебарояд. Ин иқтидори генератори барқдиҳанда мебошад.
 
ТАҲЛИЛ
Формулаи иқтидор N = Q х 9,81 х 0,93-ро қабул карда, иқтидори ҳар ду генератори барқдиҳандаро муайян кардем.
1. N = 60 х 6,94 х 7,07 х 0,93 = 2738 кВт.
2. N = 50 х 9,81 х 50 х 0,93 = 22808 кВт.
Натиҷаро таҳлил намоем, фарқияти қариб 10 баробар калонро мушоҳида мекунем. Об аз баландии 50 метр фаромада, 24525 тонна қувва ҳосил мекунад. Ин қувва чархаи кориро ба ҳаракат дароварда, 22,8 ҳазор кВт иқтидор истеҳсол мекунад.
Барои асоснок кардани иқтидори генератори барқдиҳанда бо дигар вариант ҳисоб карда, натиҷаро  ба натиҷаи аввал муқоиса месозем:
1. Оби воридмешуда 60м3 нишебии новаи шинонда 45 дараҷа, равиши тезии об дар нова 40 м/с, масоҳати лозимии дохили нова барои 60 м3 об дар 1 сония  60 м3 : 40 метр = 1,5м2 (15000см2).
(Дар физика омадааст: 1 қувваи асп баробари  75кг/см2). Фишори обро ба ҳисоб гирифта:
60 х 69,4 х 7,07 = 2944м3 (тонна) мешавад.
Дар сурати чандин карат зиёд будан:
2944000 : 15000 = 196,3 кг/см2 фишор рост меояд.
196,3 : 75 = 2,617 коэффитсиент
15000 х 2,617 = 39255 қувваи асп (варианти аввал 39155)
2. Оби воридмешударо 50м3
Нишебии лӯлаи шинонда 90 дараҷа
Равиши тезии об дар нова зиёда аз 50 м/с
Масоҳати лозимӣ барои 50 м3 об дар  1  сония 1,0 м2 (10000 см2)
50 х 9,81 х 50 = 24525 м3 (тонна)
24525000 : 10000 - 2452,5 кг/см2
2452,5 : 75 = 32,7 коэффитсиент
10000 х 32,7 = 327000 қувваи асп (326918 варианти аввал).
Маълум гашт, ки дар ҳар ду вариант аниқ кардани иқтидори генератори барқистеҳсолкунӣ баробар буда, нисбат ба иқтидори аниқкардашудаи  дар асоси формулаи иқтидор фарқияти калон дорад.
Бинобар он ба умеди амалӣ гаштани НБО - и тавсиякарда фикру ақидаҳоямро барои хулоса баровардан ба хонандагон ироа менамоям.
Албатта, ин ақидаҳоро аз худ кардан ва хулоса баровардан ба ҳеҷ кас зарар намеорад. Агар роҳбарон ва мутахассисони соҳаи барқ камбудӣ ва норасоиҳои НБО - и тавсиякардаро (агар ҷой дошта бошанд), дарёфт ва ислоҳ карда, барои сохта ба истифода додани НБО - и тавсиякардаро чораҷӯйӣ намоянд, на фақат Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳон  аз танқисии барқ дар муддати кӯтоҳ мебарояд. Азбаски бунёди неругоҳҳои мазкур одӣ буда, барои сохтмони он маблағи зиёд ва вақт сарф намешавад, ба муҳити зист халал намерасонад, арзиши аслии барқи истеҳсолмекарда ниҳоят паст мебошад, бунёди онҳо манфиатовар аст. Зеро сохта ба истифода додани неругоҳҳои гармию ҳастаӣ ҳам гарон меафтад ва  ҳам  ба муҳити зист аз ҳисоби партовҳояшон зарарноканд. Сабаб он аст, ки арзиши барқи неругоҳҳои бо сӯзишворӣ коркунанда ниҳоят  гарон  мебошад. НБО - и  тавсиякарда          фаъолияташро бо  ёрии об амалӣ  мекунад  ва нархи барқи истеҳсолкардаи он ниҳоят арзон аст.
Ба зудӣ сохта ба истифода додани неругоҳи тавсияшуда боиси аз байн бурдани норасоии барқ гардида, миллионҳо оилаҳо аз ташвиши гармию хӯрокпазӣ озод мешаванд.
Боз як бартариаш дар он аст, ки истеҳсолкунандагони мол барои истеҳсоли маҳсулот барқи арзонро хоҳиш доранд, зеро дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявӣ фоида гирифта тавонанд.
Об сарчашмаи ҳаёт асту бе он зиндагӣ кардан мумкин нест. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд дар бораи аҳамияти об баромад намуда, аҳли оламро барои сарфакорона истифода бурдани ин манбаи ҳаёт ҳушдор додаанд.
Олимони дунё низ дар ҷамъомадҳои сатҳи баланд оид ба ифлосшавии муҳити зист, гармшавии атмосфера аз ҳисоби манбаъҳои гулхонаӣ ва дигар сабабҳо андешаҳо меронанд. Неругоҳи тавсиякарда ба таври силсилавӣ бо ёрдами об кор карда, сарбандҳои баланд,  обанборҳои азимро талаб наменамоянд. Ҳатто аз заҳмати лоиҳакашии мушкил орианд.
Р.S. Фикру мулоҳизаҳоятонро бо телефони 927-86-95-65 ба муаллиф ирсол доред.
Озодқул МАМАДҚУЛОВ,
нафақагир, деҳаи Чорбоғи


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13-14.10.2016    №: 204-205    Мутолиа карданд: 1991

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед