logo

иқтисод

ШАРОИТИ МУСОИД - ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ

Набот Додхудоева фаъолияти соҳибкориашро аз соли 1993 оғоз карда,  зина ба зина бо ҷалби занони деҳот ба ҳифз ва нигоҳдории ҳунарҳои миллӣ, хусусан ҷӯроббофӣ, шуғли пешакардаашро рушд дод. Соли 2000 - ум барои дастгирии занону духтарон ташкилоти ҷамъиятии «Мадина» - ро бунёд кард. Ташкилоти мазкур дар давоми 16 сол барои бо ҷойи кор таъмин кардани ҷавонон ва занони деҳот зиёда аз 40 барномаро амалӣ кардааст.
Аввалин гранте, ки ташкилот соҳиби он шуд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод гардид. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ низ барои омӯзиши занон грант ҷудо кард, ки  дар доираи он барои зиёда аз 280 нафар зан пайваста курсҳои омӯзишии соҳибкорӣ ва банақшагирии соҳибкорӣ гузаронда мешаванд. Бо маблағи 15 ҳазор сомонӣ - гранти кумита Набот Додхудоева  ба истеҳсоли меваи хушк оғоз кард. Нақша дорад, дар ноҳияи Рӯшон коргоҳи замонавии коркард ва истеҳсоли меваи хушк бунёд созад. 
Соҳибкори муваффақ аз таҷрибаи худ дар ҷодаи пешакардааш мегӯяд, ки солҳои аввали кор барои соҳибкории истеҳсолӣ қариб ки ягон шароит муҳайё набуд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ шароитҳо фароҳаманд. Дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ марказҳои омӯзишӣ мавҷуданд, ки барои соҳибкорон курсҳои омӯзишии ройгон мегузаронанд. Ба гуфтаи ӯ, бештари соҳибкорон дар фаъолияти худ раванди хароҷот ва даромадро дуруст назорат намебаранд ва барои рушди соҳибкориашон маблағ ҷудо намекунанд, зеро он маблағро, ки ҳамчун даромад ба даст меоранд, пурра сарф намуда, боз дар ҷустуҷӯйи сармоя мешаванд. Ғайр аз ин, ҳар як соҳибкор бояд пеш аз оғоз кардани фаъолияташ бозорро омӯзад ва «бизнес - нақша» - и худро тайёр кунад. Мутаассифона, баъзе соҳибкорони мо, бизнес - нақшаро танҳо барои гирифтани қарзи бонкӣ истифода мебаранд, вале моҳияти асосии «бизнес - нақша» пеш аз оғози фаъолият омӯхтани  даромаднокӣ ва хавфҳои тиҷорат аст.
Набот Додхудоева ҳамчунин, ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкории корпоративиро муҳим арзёбӣ намуд, ки пешрафти ҳамаҷонибаи он ба зиёд шудани ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани суръати рушди соҳибкории истеҳсолӣ мусоидат мекунад. Масалан, муаллими муассисаи таълимӣ ё духтур метавонад аъзои ягон корхонаи корпоративӣ шавад, дар идоракунии корхона иштирок намояд ва ҳар моҳ дивиденд (фоида) гирад. Ин намуди фаъолият дар мамолики Ғарб хеле маъмул аст.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2016    №: 204    Мутолиа карданд: 2016

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед