logo

ҳуқуқ

МАРДУМ БОЯД ДОНАНД...

Дар назди раёсати Академияи илмҳои кишвар Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ таъсис ёфт. Мақсад аз таъсиси марказ ин шинохти хатарҳое мебошад, ки дар пешорӯи инсоният қарор доранд. Дар ин росто вазифаи марказ аз хатарҳо огоҳӣ додан  ва дар қадами минбаъда пешниҳод намудани роҳи ҳалли онҳо мебошад. Ҳоло ҷаҳони муосир ба чӣ хатар рӯ ба рӯ аст ва оё ин хатарҳо ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонанд? Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигорамон бо директори маркази мазкур Ёрмуҳаммад Ниёзов ҳамсуҳбат шуд.
- Хатари асосие, ки ҳоло ҷаҳони муосир ба он рӯ ба рӯст, ин аз нав тақсим шудани ҷаҳон миёни қудратҳои ҷаҳонист. Ҳадаф аз ин тақсимот ба даст овардани манобеи табиии замин ва дастрасӣ  ба захираҳои муҳими ашёи хоми он аст. Аз рӯи таҳлили муҳаққиқон имрӯз бештари бозиҳои геостратегӣ ба кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Миёна равона шудаанд.
Кӯшишҳои аз нав тақсим намудани ҷаҳон ҳанӯз баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз гардида, то ба имрӯз идома доранд. Ҳоло ин раванд ҷаҳонро на танҳо ба буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ табдил додааст, балки боиси дигаргунии амну субот дар кишварҳои гуногун гардидааст.  
Қудратҳои ҷаҳонӣ барои расидан ба мақсадҳои худ аз роҳҳои гуногун истифода мебаранд. Хусусан, дар ҷаҳони ислом бо истифода аз эътиқоди динии мардум ва аз он дигаргуниҳое, ки дар мазҳабҳои ислом ба вуҷуд омада истодаанд, суистифода менамоянд ва зиддиятҳоро роҳандозӣ карда манфиат ба даст меоранд. Бо дасти худи мусулмонон ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ғайрисуннатиро таъсис дода, онро  дар кишварҳои исломӣ паҳн месозанд. Мисли ҳизбу ҳаракатҳои  Салафия, Толибон, Ҳизб-ут-таҳрир, Ҷабҳат-ун-нусра, Ҳизби исломии Ӯзбекистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон. Чунин гурӯҳҳо дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ташкил шуда, барои пиёда кардани ҳадафҳои манфиатхоҳон чун “робот” истифода мешаванд. Он гурӯҳҳои ифротие, ки ба вуҷуд меоянд, бештар хусусияти ҷиноятӣ доранд ва пуштибони онҳо қудратҳои ҷиноятии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Дар чанд соли охир абарқудратҳо бо дасти чунин ҳизбу ҳаракатҳо кишварҳои зиёдеро ноором сохта, нуфузи худро дар он ҷойҳо пойбарҷо намуданд.
Мушкилӣ дар он аст, ки гурӯҳҳои ифротӣ тавонистанд бо истифода аз шабакаҳои таблиғотӣ, хусусан интернет дар бисёр кишварҳои Осиёи Миёна фазо бисозанд ва пайравони худро пайдо намоянд. Онҳо мардумонеро, ки донишу ҷаҳонбинии саҳеҳ надоранд, бо сармоя ва аслиҳаи ҷангӣ таъмин намуда, гӯё ба роҳи ҳақ даъват менамоянд. Аммо дар асл чунин нест. Ифротгароӣ гумроҳист. Онро дар психологияи имрӯза як навъи худкушӣ  низ ҳисобидаанд.
 
- Мутаассифона,  баъзе аз ҷавонони кишвари мо низ пайрави чунин ҳизбу ҳаракатҳо шуданд. Инро чӣ гуна баҳо додан мумкин аст?
- Ин раванд бисёр нигаронкунанда буда, омили асосӣ дар нооромии кишвар ва минтақа хоҳад гашт. Раванди мазкур солҳои пештар зиёд буд. Аммо аз таҳлилҳое, ки чанде пеш доштем маълум гардид, ки шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нисбат ба солҳои қаблӣ аллакай кам гардидааст.
Барои пешгирӣ намудани ин раванд Ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои қудратии он  дар навоҳии гуногун чорабиниҳои зиёд гузаронда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Аммо, ин кифоят нест. Барои ҳалли ин мушкил тамоми ниҳодҳо бояд фаъол бошанд.
 
- Ҳаводиси ҷаҳони муосирро як навъ аз нав тақсим шудани ҷаҳон миёни давлатҳои қудратманд номидед ва онро аз хатарҳои асосӣ барои дигар кишварҳо ҳисобидед? Чаро?
- Қудратҳои ҷаҳонӣ ҳамеша аз озодӣ сухан мекунанд ва расман таъкид месозанд, ки замони мустамликадорӣ ба поён расидаасту кишварҳо баробарҳуқуқанд ва метавонанд дар алоҳидагӣ рушд намоянд. Масъала зоҳиран чунин намояд ҳам, аммо дар асл чунин нест.
Он воқеаҳое, ки имрӯзҳо дар иддае аз  кишварҳо рух медиҳанд, амри тасодуфӣ нест, балки нақшаҳои қаблан тарҳрезӣ шудаанд, ки аз ҷониби абарқудратҳо омода гардидаанд. Ин як навъ мустамликасозист, ки вобаста ба рушди технология ва ҷаҳони иттилоотӣ дар шакли нав зуҳур кардааст ва барои ҳамаи кишварҳо хатари асосӣ  ба шумор меравад. Дар чунин шароит кишварҳое, ки дар онҳо ваҳдату муттаҳидӣ пойбарҷо нест ва мардумонаш аз ин раванд огоҳии дуруст надоранд, дар зери хатари нобудшавӣ қарор хоҳанд гирифт.
 
- Тоҷикистон дар бархӯрди чунин муносибатҳо чӣ гуна метавонад истодагарӣ намояд?
- Миёни мардум, хусусан ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардад, то мардум бидонанд, ки мақсад аз таъсиси гурӯҳҳои ифротӣ чист ва пушти ин бозиҳои сиёсӣ киҳо истодаанд.
Аз ҷониби дигар, дар чунин шароите, ки ҷаҳони муосир ба он рӯ ба рӯст, моро зарур аст, ки ваҳдату ягонагии худро боз ҳам мустаҳкам намоем ва истиқлолияти худро ҳифз бисозем, зеро танҳо ваҳдату якдилӣ, истиқлолияти комил моро аз ҳама гуна хавфу хатар нигоҳ медорад. Ҳамзамон, зарур аст нисбат ба худ ва ҳаводиси ҷаҳон ба назари интиқодӣ бархӯрд намоем.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2016    №: 204    Мутолиа карданд: 2577

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед