logo

иқтисод

СОҲИБКОРӢ МАЙДОНИ НАНГ НИЗ ҲАСТ

Бо дасгирии Ҳукумати кишвар фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар рушду такомул ёфта, ҷиҳати пешрафти  соҳа имкониятҳои мусоид фароҳаманд. Дар самти ислоҳот ва рушди соҳибкорӣ солҳои охир Тоҷикистон  ба дастовардҳои  назаррас ноил гардид.
Мукаррама Қаюмова, устоди шинохтаи муди тоҷик, эҳёгари либосҳои қадимӣ, раиси Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон  аз зумраи чунин афрод мебошад. Маҳсули эҷодаш, ки як шаҳри ҳунарро мемонад, бо машаққату бедорхобиҳо, афтодану бархостанҳо бино ёфтааст.  Дунёи рангину тахайюлоти ғанӣ дорад. 
Мукаррама ҳамвора баҳри пешниҳоди маҳсулоти косибии устоҳои халқӣ ба бозори ҷаҳонӣ, ташкили ҷойҳои корӣ барои духтарону бонувон, оилаҳои серфарзанд  мекӯшад. Тӯли солҳои фаъолияти Ташкилоти «Ҳафт пайкар», ки сарвариашро бар уҳда дорад, зиёда аз 800 ҷойи корӣ ташкил намудааст. Имрӯз ин ташкилот яке аз пешсафони кори косибӣ дар тамоми ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Он қариб 5000 косиби ҷумҳуриро муттаҳид намудааст ва аксари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд.
Бо маҳсули эҷоди худ ба мамолики Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон, Чин, Фаронса, Белгия, Ҷопон, Покистон, Ҳиндустон, Италия, Исроил, Фаластин ва кишварҳои дигари ҷаҳон сафари ҳунарӣ намуда, фарҳангу ҳунари тоҷикистониёнро муаррифӣ намудааст.  Ёдовар шуд, ки зимни як намоиш  тасвири симои духтари тоҷик дар рӯи матоъ диққати хориҷиёнро ба худ ҷалб намуд, оқибат он бо нархи  баланд харидори худро пайдо кард. Қадрдонӣ гаштани заҳмати худро дида, аз пешаи интихобнамудаи худ меболад. 
Хидматҳои ин бонуи ҳунар бо мукофоти швейтсариягии «Бонуи аср» дар соҳаи соҳибкорӣ (соли 2002), шоҳҷоизаи намоиши либосҳои суннатии «Fashion Show» (Чин, 2002), шоҳҷоизаи «Ӯш 3000» (Қирғизистон, 2003), «Сафири сулҳ» - дипломи Федератсияи байналмилалию байнимазҳабӣ баҳри сулҳ дар ҷаҳон (Корея, 2005)  ва ифтихорномаву дипломҳои зиёд  қадр  шудааст. Соли 2016 бо ҳунарҳои кандакорӣ, сӯзанидӯзӣ ва заргарӣ сазовори нишони «Сифат» - и ЮНЕСКО гардид.
Ният дорад, ки  моҳи ноябри соли ҷорӣ Фестивали ҳунарҳои мардумии «Диёри ҳусн» - ро бо иштироки ҳунармандони тоҷику хориҷа баргузор намоянд.
- Айни ҳол барои энсиклопедияи ҷаҳонӣ 10 ҳунари мардумии тоҷикиро, аз қабили чакану сӯзанидӯзӣ, зару зеваргарӣ, сохтани асбобҳои мусиқӣ, лӯхтакҳои тоҷикӣ, маҳсулоти аз оҳан омодашуда пешниҳод намудем. Ҳамчунин доир ба анъанаҳои миллӣ 3 филм  омода намуда истодаем. Мақсад аз ин ҳунарҳои миллии худро ба ҷаҳониён шинос намудан аст, – иброз дошт Мукаррама Қаюмова. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2016    №: 204    Мутолиа карданд: 1938

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед