logo

иқтисод

ОБ ДАР КӮЗАВУ… КАЙ ХОНАҲОИ МОРО АНГИШТИ “РАВНОБ” ГАРМ МЕКУНАД?

Кони ангишти  “Равноб”- и ноҳияи  Дарвоз  ягона  кони  амалкунандаи  ангишт  дар  ҳудуди  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  буда, дар  сурати  фаъолияти бонизом  метавонад  мушкилоти  вилоятро  дар  самти  зимистонгузаронии  тамоми  соҳаҳои хоҷагии халқ ҳал  намояд. Ҳамасола  ба берун аз  вилоят  ҳазорҳо  тонна  ангишт фурӯхтан низ имконпазир аст. Ин кон бештар аз 69 миллион тонна захира дорад. Истихроҷи  ангишт ба зиммаи ҶДММ “ВТИ - Помир” вогузор шуда, корхона  дар  панҷ  соли  охир  ҳамагӣ 3167 тонна  ангишт   истихроҷ  намудааст. Ҳол он ки мутобиқи нақшаи чорабиниҳои  “Барномаи  рушди  иқтисодиву  иҷтимоии  ВМКБ  дар  давраи  то  соли  2015”   истихроҷи ангишт  дар  ин  кон  соли  2015  бояд  ба  22200  тонна  мерасид. Вале   аз  ин  кон соли  2012 қариб  1100  тонна, солҳои  2013 ва 2014 бошад,  ҳамагӣ мутаносибан 361 ва 635  тонна  ангишт  истихроҷ  гардид.
Азим  Иброҳим, муовини  Сарвазири  мамлакат,  дар  машварати  васеи  назди  раиси  вилоят дар  радифи баррасии  ҷараёни   иҷрои  супоришҳо  ҷиҳати  тайёрӣ  ба  мавсими  зимистонгузаронии  солҳои  2014-2015 фаъолияти “ВТИ - Помир” - ро  ғайриқаноатбахш  унвон  карда,   роҳбарияти ҷамъиятро  қатъиян муваззаф сохт, ки   истихроҷи  ангиштро  суръат  бахшида,  минбаъд  идораву  муассисаҳои  вилоятро  аз  ангишт  пурра  ва  сари  вақт  таъмин  намояд. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии  Тоҷикистон дастур гирифт, ки фаъолияти кони мазкурро  таҳти  назорати  қатъӣ қарор дода, дар сурати нокифоя  давом  ёфтани  фаъолияти “ВТИ - Помир” масъалаи  соҳибмулкии  кони  мазкур  аз  нав  дида  баромада  шавад. Шояд  таъсири  ин  бошад, ки  ҷамъият  бо мақсади   вусъати  корҳои  истихроҷ дар  кон моҳи августи  соли 2015  механизмҳои  карйерӣ, 6  мошини  калонҳаҷми худпарто  ва  дигар   лавозимоти  заруриро  дастрас  намуд. Агарчӣ ҷамъият корҳои  истихроҷиро дар  кон  моҳи сентябр оғоз  бахшида  бошад  ҳам, дар мавсим  1071 тонна  ангишт  истеҳсол карда тавонист. Агар кор бо ҳамин  суръат  идома  меёфт, тамоми идораву муассисаҳои  ҳудуди вилоят  дигар  ба  ягон  кони  дигар  муроҷиат  накарда, маҳз аз ангишти  кони “Равноб”, ки  вобаста  ба  наздикии роҳ арзишаш камтар меафтад,  пурра  таъмин  мегардиданд. Вале,  мутаассифона, бо анҷоми  мавсими  истихроҷи ангишт кор  дар  кон  хобонда  шуд.
Назар  ба  маълумоти  С. Сайфуллоев, мудири шуъбаи  ҳифзи  муҳити  зисти ноҳияи  Дарвоз, имсол   “ВТИ – Помир” бо сабаби   ба  анҷом  расидани  муҳлати  иҷозатномаи истихроҷ, ки  моҳи  апрели  соли  2010  дода шудааст,  дар  кон  умуман  кор накард. Бинобар  ин  идораву  муассисаҳои  ноҳия  аз  конҳои  ангишти  дигар  минтақаҳои  кишвар бо  сарфи  бештари  маблағ  дар роҳҳои  дароз  ангиштро  дастрас карда  истодаанд. Умуман,  ноҳия  ба  умеди   кони  ангишти  “Равноб” шуда,  имсол дар  иҷрои  нақшаи  таъмини   тамоми соҳаҳои  хоҷагӣ  бо  ангишт  ба  мушкилоти  бештар  мувоҷеҳ гардид. Барои  тамдиди  муҳлати   иҷозатномаи  ҶДММ  “ВТИ - Помир”  мақомоти иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ   ба  идораву  муассисаҳои  дахлдори  ҷумҳурӣ  мактуб  ирсол  кардаанд. Масъала  айни  ҳол  мавриди баррасӣ қарор  дорад.
Баъзе масъулони  соҳа    вазъиятро  бештар  ба фаъолияти  мавсимии  роҳи  байни  деҳоти  Сағирдашт  ва   мавзеи  кони  “Равноб”  нисбат  медиҳанд. Ба  гуфтаи   Латиф  Шоҳзодаев, сардори   раёсати  рушди  иқтисод  ва  савдои вилоят, ин  роҳ  фақат  дар  мавсими  тобистону  тирамоҳ  фаъол  буда, бо  сар  шудани  боришоти  борону  барф  то  моҳҳои  май  - июн  баста  аст. Бинобар ин, кон  ҳам  фаъолияти  мавсимӣ  дорад. Аз  ин  рӯ,  бо  мақсади   ташкили фаъолияти  доимии  кони  ангишти  “Равноб”  ба  ин  мавзеъ  тариқи  дараи Жак  сохтмони  роҳ ба  нақша  гирифта, барои  таҳияи  лоиҳаи  бунёди  он  500  ҳазор  сомонӣ равона  шуд. Вале   сохтмони  роҳ  маблағҳои  зиёдеро  талаб  мекунад. Ҳамчунин,  муҳлати  амали  рухсатномаҳои  ҶДММ  “ВТИ- Помир”   ҷиҳати   истихроҷ  ва  омӯзиши  геологӣ  ҳам  ба  охир  расидааст  ва   барои  тамдиди   он  ҳам  боз  як  муддат  вақт  сарф  хоҳад  шуд ва  ин  ҳам  пеши  роҳи  ҳар чӣ зудтар  оғоз  намудани  корро  мегирад.
Таҳлилҳо  нишон  медиҳанд, ки  ин далелҳо барои хуб ба  роҳ  мондани  кор   дар  кони  "Равноб" сабаб  шуда  наметавонанд.  Зеро  ҶДММ  “ВТИ - Помир”,  ки  бештар  аз  5  сол боз  рухсатномаи  истихроҷ дар  ихтиёр  дорад,  агар  нияту  хоҳиши кор кардан  медошт,  бо  роҳи  мавсимии  Равноб - Сағирдашт  ҳам   талаботи  вилоятро  бо  ангишт  таъмин мекард. Дар  ин  муддат  чандин  нафар  дар  кон ба   кор  ҷалб мешуданду  аз  пушти   заҳмати  ҳалоли  худ  оилаҳояшонро  таъмин  ва аз дастранҷи онҳо   хонаҳои  ҳазорҳо  нафар  ҳамдиёронашон  гарм мешуд. Мутаассифона, ҷиҳати  фаъолияти  номуназзами  кони  ангишти  “Равноб”  ҳамасола маблағи  барои  зимистонгузаронии  соҳаҳои  маориф, фарҳанг  ва  тандурустии  вилоят  маблағҳои зиёди харҷи роҳ сарф мегарданд. Аз  ин  ҳисоб  иҷрои  нақшаи   ҷамъоварии андоз ҳам  дар  ноҳия  ва  вилоят  ба  мушкилӣ  мувоҷеҳ  аст. Танҳо  дар  мавсими  имсолаи  омодагӣ  ба  зимистонгузаронӣ   ҶДММ “ Равноб” метавонист  аз  ҳисоби  фурӯши  ангишт  ба  муассисаҳои  маориф, фарҳанг  ва тандурустӣ   8  миллиону  453  ҳазор  сомонӣ  ба  даст  оварда, дар  ғанигардонии  буҷет  низ  саҳми  босазо  гузорад. Вале  чун   кони ангишт  фаъолият  накард, ин  маблағҳо  ба  ҳисоби  дигар  конҳо, аз  ҷумла   қариб  2  миллион  сомонии муассисаҳои буҷетии  ноҳияи  Мурғоб  ба  кони минтақаи  Олойи  Ҷумҳурии  Қирғизистон  ирсол  гардиданд. То  кай  ин  ҳол давом  мекунад?  Ин  ҳолат  мақоли  “Об дар  кӯзаву  мо  ташналабон  мегардем”- ро  ба  хотир  меорад.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2016    №: 204    Мутолиа карданд: 2758
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед