logo

фарҳанг

МЕҲРГОН. МО ВА ГУЗАШТАГОНАМОН

Сарфи назар аз гирудорҳои сиёсиву фарҳангии давраҳои гузашта, ҷашни Меҳргон то имрӯз соҳиби эътибору манзалати хос мебошад. Зеро Меҳргон монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин,  зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон, пойдории сулҳу суботу ваҳдати миллӣ, азму талоши ватандӯстонаи мардуми тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи  ин абармард арзишҳои милливу фарҳангии мардуми тамаддунпарвари мо эҳё гардиданд. Аз ҷумла ҷашнҳои миллии тоҷикон Наврӯз, Сада ва Меҳргон, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ муҳимтарин омили иттиҳоди мардуми ориёнажод буданд, аз нав барқарор  шуданд ва ҳамасола дар кишвари офтобиамон Тоҷикистони азиз бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешаванд. Дар воқеъ, таҷлили ҷашнҳои аҷдодӣ дар Тоҷикистон баёнгари он аст, ки  воқеан, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои миллии аҷдодиро бо ҷасорати тоҷикона ва шаҳомати ориёна аз нав зинда карда, ба онҳо рӯҳи тоза бахшид. Масалан, Наврӯзро дар замони Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён дар сатҳи давлатӣ ҷашн мегирифтанд.  Аммо пас аз барҳам хӯрдани давлати пуриқтидори Сомонӣ ва ба сари қудрат омадани  сулолаҳои гуногуни аҷнабӣ ин ҷашни фархунда бо дасисаҳои бархе аз рӯҳониёни тангназару ҷоҳил ба таъқибу фишор дучор гардид. Баробари ба даст омадани истиқлолият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ин ҷашн дар сатҳи баланди идона баргузор мегардад, балки бо саъю кӯшиши Сарвари давлатамон ва намояндагони  кишварҳои дигар 23 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд. Ҷашни Меҳргон низ мавриди таваҷҷуҳи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, қарор дорад.  Он ҳамчун ҷашни муҳими кишоварзон ҳар сол дар фазои идона дар кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Панҷ сол қабл дар тантанаи 80 - солагии таъсисиёбии донишгоҳ, ки ба таҷлили ҷашни Меҳргон рост омада буд, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз бузургии ҷашни Меҳргон низ ёдовар шуда, таъкид кард: “Воқеан, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ  таъбир кардаанд”.
Гузаштагони мо бар он бовар будаанд, ки Меҳр - Хуршед дар ин рӯз таваллуд шудааст.  Аз ин рӯ, ниёгони мо Меҳрро маҳзари сулҳ, аҳду паймон ва фурӯғу рӯшноӣ медонистанд ва ҳатто фарзандонашонро бо он ном мегузоштанд, назири Меҳрдод, Меҳрон, Меҳрзод, Меҳрнӯш, Меҳрбону, Меҳримоҳ... Ҷашни Меҳргон аз рӯзи шонздаҳуми моҳи меҳр (8-уми октябр)  оғоз шуда, дар рӯзи бисту якум меҳр ба поён мерасид. Яъне, тӯли шаш рӯз таҷлил карда мешуд. Аз Меҳррӯз оғоз гашта, ба Ромрӯз хотима меёфт.  Нахустин рӯзи ҷашн Меҳргони омма ва охирин рӯзи ҷашн Меҳргони хоса ном доштааст. Ба ин маъно, ки дар рӯзи нахустини ҷашн подшоҳон туҳфаҳо медоданд. Нақл аст, ки дар ин рӯз подшоҳони Сосонӣ Ардашери Бобакон ва Хусрави Анӯшервон, ба мардум либоси нав туҳфа мекарданд ва мӯбади мӯбадон дар ҳоле ки дар даруни зарфи махсус  себ, биҳӣ, лимӯ, як хӯша ангури сафед, ҳафт дона нок, гули нилуфар ва як коса шакар гузошта буд, бо шодиву тараб сурудхонон назди подшоҳ мерафт.  Дар Меҳргони хоса, яъне рӯзи вопасини ҷашн  бузургони кишвар ба кохи подшоҳ хонда мешуданд ва пас аз ситоиши Аҳуро Маздо ва ҳамин гуна арҷ гузоштан ба шоҳаншоҳ ба пойкӯбӣ ва нағмасароӣ мепардохтанд.
Дар замони Сосониён бовар доштанд, ки Аҳура Маздо ёқутро дар рӯзи Наврӯз ва забарҷадро дар рӯзи Меҳргон офаридааст ва аз дер боз эрониён муътақид будаанд, ки дар ин рӯз Коваи оҳангар бар зидди Заҳҳок бархоста, ҳамчунин Фаридуни бедордил бар Заҳҳок ғалаба кардааст.
Мардуми Эрон аз ҳазораи дувуми пеш аз мелод онро ҷашн мегиранд. Собиқаи ҷашни  Меҳргон ба ҳазораи дуюми пеш аз мелод рост меояд ва таърихи беш аз 4000 - сола дорад.
Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» хеле равшан ба ин ҷашни куҳан ва пайдоиши он дар даврони подшоҳии Фаридун ишора кардааст:
 
Ба рӯзи хуҷаста сари меҳру моҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.
 
Замони баргузории ҷашни Меҳргон дар оғози моҳи меҳр ва фасли пойиз (тирамоҳ) ва ҳамин тариқ, то поёни давраи Ҳахоманишӣ ва эҳтимолан то охирҳои давраи Ашкониён идома ёфтааст. Аммо, пас аз ин замон, махсусан дар давраи Сосониён, ҷашни Меҳргон аз меҳри моҳ ба меҳри рӯз ё шонздаҳуми моҳи меҳр мунтақил мешавад. 
Далели баргузории ҷашни Меҳргон дар оғози меҳрмоҳ ва усулан номгузории нахустин моҳи фасли пойиз (тирамоҳ) ба номи меҳр ин аст, ки дар давраҳои бостон, аз ҷумла дар аҳди Ҳахоманишиён, оғози пойиз оғози соли нав будааст ва  нахустин моҳи солро ба номи меҳр нисбат додаанд. 
Бисёре меҳргонро рӯзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок медонанд. Аз ҷумла дар «Таърихи Табарӣ» чунин омадааст: «Фаридун Заҳҳокро бо гурзи сархамидае бикӯфт, пас ӯро ба кӯҳи Дамованд бурд ва дасту бозуяшро маҳкам бибаст ва ба чоҳ афканд ва фармон дод, ки рӯзи меҳрмоҳи меҳррӯзро ид бигиранд ва ин ҳамон ҷашни Меҳргон аст».
Чунон  ки дар маъхазҳо ва навиштаҳои муаррихону донишмандони қадим ишора шудааст, мардум дар ин рӯз то ҳадди имкон бо ҷомаҳои арғувонӣ гирди ҳам меомаданд ва ҳар нафаре дар дасти хеш номаи табрикотӣ дошт.  Ин номаҳоро маъмулан хушбӯй намуда, дар лифофаи зебо мепечондаанд. Дар миёни хон ё суфраи меҳргонӣ, ки аз порчаи арғувониранг  ороста мешуд, гулҳои навшукуфтаро мегузоштанд, бар замми ин бо меваҳое мисли  санҷид, ангур, анор, себ, биҳӣ, турунҷ ва дигар хӯрокҳои хони меҳргонӣ дастархонро оро медоданд. Нӯшиданиро аз шарбати гиёҳе, ки бо об ё шири рақиқ омода карда мешуд, фароҳам меоварданд ва ҳама бошандагони ҷашн ба нишонаи паймон аз он менӯшиданд. Нони махсуси Меҳргон аз омехтаи орд ва ҳафт навъи ғалла - гандум, ҷав, биринҷ, нахӯд,  лӯбиё, мош ва арзан таҳия мегардид. Дигар, суфраи Меҳргон иборат буд аз ҷоми оташ ё шамъ, шакар, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб.
Аҷдодони мо пас аз хӯрдани нон ва нӯшидани об ё шире, ки аз шарбати гиёҳҳо таҳия мешуд, саргарми суруду мусиқӣ шуда, гурӯҳ-гурӯҳ мерақсиданд. Сурудҳои ҷашниро бо овози баланд мехонданд. 
Халафи Табрезӣ дар «Бурҳони қотеъ» барои яке аз мақомҳо ва лаҳнҳои мусиқии суннатӣ номи «Мусиқии меҳргонӣ»-ро овардааст, ки гумон меравад дар даврони гузашта дар ҷашни Меҳргон чун мусиқии махсус навохта мешуд. Ҳамчунин, дар миёни 12 - мақом  дар китоби «Мусиқии кабир»-и Абунасри Форобӣ мақоми ёздаҳум бо номи «Меҳргон» сабт шудааст ва Низомии Ганҷавӣ дар достони «Хусрав ва Ширин» номи 21-умин лаҳн аз сӣ лаҳни мазкурро «Меҳргон» навиштааст.
Аз андешамандони тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо» роҷеъ ба баргузории ин ҷашн дар Самарқанд ва навоҳии он маълумот додааст.
Дар воқеъ, Меҳргон ҷашнест, ки давра ба давра аҷдодони амиқназару дурбини мо онро дар баробари ҳама ҳамлаву зарбаҳои шадид тавонистанд то имрӯз нигоҳ доранд ва дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба ин ҷашн аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд, ки ин як нишонаи содиқу вафодор будани халқу миллати тоҷик нисбати арзишҳои фарҳангии бамеросгузоштаи ниёгони хеш аст.
Амонулло САЛИМЗОДА,
доктори илмҳои кишоварзӣ, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур,
Аҳмадшоҳ ҶУРҒОСИЕВ,
устоди кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДАТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2016    №: 204    Мутолиа карданд: 3190

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед