logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВАЛЕНТИНА МАТВИЕНКОРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

Имрӯз дар Қасри Миллат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд.
 
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Русия  ва Тоҷикистон шарикони воқеии  стратегӣ буда, дар Тоҷикистон ба рушду таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои байнидавлатӣ бо Федератсияи Русия аҳамияти зарурӣ дода мешавад.
Аз раванди рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия изҳори қаноатмандӣ гардида, ба нақши парлумонҳои ҳар ду давлат барои ба сатҳи сифатан нав расондани ҳамкориҳо баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон - Русия  оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ на танҳо барои парлумонҳо, балки барои намояндагони тамоми минтақаҳо ва доираи кории ҳар ду давлат  майдони фарохи рушди ҳамгироии муштарак ба ҳисоб меравад.
Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону  Русия, рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, беҳтаргардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби бештари доираи сармоягузорону соҳибкорони Русия ба истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданоки таббиии Тоҷикистон табодули афкори судманд доир гардид.
Ҷонибҳо ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангу  маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Ҳамчунин,  дар мулоқот доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон, таҳкими иқтидори неруҳои марзбонии Тоҷикистон ва мубориза бар зиди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм табодули афкор сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2016    №: 204    Мутолиа карданд: 2715

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед