logo

иқтисод

ПИСТАЮ БОДОМ. ФАРОВОНИИ ҲОСИЛ АЗ ҲИФЗИ ОНҲОСТ

Ҳарчанд дар доманакӯҳҳо ва тагдаштҳои пурфайзи диёри Дарвоз  ҳазорҳо  ниҳоли пистаю бодом  рӯидааст, аксари сокинони ноҳия тайи солҳои охир маҳсулоти онро аз фурӯшгоҳҳои Душанбе, Кӯлоб  ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ мехаранд.
 
Солҳои пеш дар  мавзеъҳои Яхчисору Зиғар, Роғаку Овгард, Нулванд, Шист, Кеврону Ҷорф, Тоғмаю Курговад пистаю  бодом фаровон буд.  Дар фасли тирамоҳ занону духтарони ҷамоатҳои деҳот давоми  ду ҳафта саҳари солеҳон ба  тагдаштҳо ва  пуштакӯҳҳо рафта,  халта-халта пистаю бодом мечиданд. Он вақтҳо болои дастархони бонувони рустонишин доимо  аз ин неъмати пурфайзи табиат пур буд. Мутаассифона,  солҳои охир ин ҳол дар ягон мавзеи диёр  мушоҳида намегардад, ки  аз нобуд шудани дарахтони меваи донакдор бо дасти шахсони  вайронкор дарак медиҳад. 
Дар даштҳои минтақа ва мавзеъҳои гуногуни ду тарафи  шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб - Қулма ниҳолони  кӯчаки  пистаю бодом  бо вуҷуди гузашти солҳои зиёд қад намекашанд. Чунки  касони беҳиммату ғоратгар аз беназоратии масъулони  ҳифзи табиат ва роҳбарони ҷамоатҳои деҳот истифода бурда,  дар фасли тирамоҳ буттаҳои писта ва бодомро бурида, ҳамчун ҳезум фурӯхтанд  ё барои гарм сохтани хонаи хеш истифода карданд.
Давоми ду соли охир масъалаи назорати ҷангалзорҳо ва ҳифзи табиат аз ҷониби Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз, ҷиддӣ пайгирӣ шуда, кори масъулони соҳа зери  назорати қатъист. Дар баробари амалҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ оид ба  муҳофизати  сарватҳои табиати диёр  чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуданд. Буридани   дарахтони сабз,  пеш аз ҳама буттаҳои пиставу  бодом, ангат ва гулхор хотима ёфт.
 Ба гуфтаи Саъдулло Сайфуллоев,  мудири бахши ҳифзи табиати ноҳияи Дарвоз,  аз як сӯ агар сокинон   аз тарси ҷаримаю ҷазо  аз буридани  буттаҳои писта ва бодом худдорӣ намоянд, аз ҷониби дигар ба  буридани онҳо   эҳтиёҷе ҳам нест.  Ҳамасола  дар фасли тобистон ба минтақаи Бадахшон  ҳазорҳо тонна ангишт  оварда мешавад, ки эҳтиёҷоти аҳолиро ба сӯзишворӣ қариб пурра мепӯшонад.
 Ҳоло  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои деҳот, бахши ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ноҳия баҳри  ҳифзи сарватҳои беназири табиати диёр тадбирҳои судбахш андешида, саъй доранд, навдаҳои сарсабзи писта ва  бодоми  доманакӯҳҳо ва  шафати шоҳроҳи  байналмилалӣ бузург гашта, самари дилхоҳ ба бор оранд. Яъне, ҳосили  фаровони онҳо  аз ҳифзи онҳост.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2016    №: 205    Мутолиа карданд: 2434

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед