logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

БАРРА
Ӯ понздаҳ сол боз қассоб аст. Мегӯянд, ки  дар гирду атроф ҳеҷ қассобе мисли ӯ гӯшт фурӯхта наметавонад. Бисёр марди ҳассос ва кунҷков аст,  дар ин масъала. Чорворо худаш интихоб ва худаш забҳ мекунад. Касеро дар ин кор бовар надорад.
Баъзан ҳангоми суҳбат бо муштариён мегӯяд:
- То имрӯз ҳазорҳо чорво забҳ кардам. Барои ман пора кардани чорво монанди пора кардани тарбуз аст.
Дар ҳақиқат ӯ ба ин кор одат карда буд. Гӯсфандро дар панҷ дақиқа ва ғуноҷинро дар бист дақиқа забҳ ва пора мекард. Боз ба чорво нигариста дарҳол мегуфт, ки аз вай чанд кило гӯшт мебарояд.
Вале аз чи бошад, ки солҳои охир дар куштани барраҳо дасташ пеш намерафт. Ба он муштариёнаш, ки гӯшти барра мехостанд, мегуфт:
- Гӯшти барраро чӣ мекунед, монед ҳайвонҳои бечора калон шаванд! Аз хӯрдани гӯшти дигар меъдаатон дард намекунад – ку?!
Муштариёни доимии қассоб аз ин гуфтаҳои ӯ чизе намефаҳмиданд. Охир, чанд сол мешавад, ки пайваста аз дуконаш гӯшти барра мехариданд, вале вақтҳои охир ӯ намехоҳад, ки ба онҳо гӯшти дилхоҳашонро бифурӯшад. Ин таъкиду сарзаниши қассоб ҳам бесабаб набуд. Чунки вақте барра мегуфтанд, пеши чашмаш дарҳол тифли шашмоҳааш меомад. Ӯ чеҳраи сап – сафед ва чашму абрувони сиёҳи духтарашро пеши назар  овард, хаёлан  мӯйҳои ҷингилаашро сила мекард. Духтарчаи дӯстрӯе дошт, қассоб ва аз дӯстдорӣ тифлакро гоҳе «оҳубарра» мегуфт.
Аз миён чанд сол гузашт. Дар ин муддат муштариёни қассоб оҳиста – оҳиста кам шудан гирифтанд. Ӯ медонист, ки сабаби кам шудани  муштариёнаш набудани гӯшти барра дар дуконаш аст. Ниҳоят, рӯзе «ҳар чи бодо бод» гуфта, қарор дод, ки ба дукон гӯшти барра меорад.
Ӯ рӯзи дигар аз бозор ҳамроҳи чорвои интихобкардааш як барра ҳам харид. Аввал гӯсола, пасон гӯсфандро забҳ кард. Барраро аз ҳама охир навбат дод. Мехост чанд дақиқа ҳам бошад, ба қавле умри ҷонваракро дароз кунад.
 Навбати забҳи баррача расид. Қассоб гӯё кадом кори на чандон муҳимеро анҷом медода бошад, бепарвоёна сурудеро замзама кардан гирифт. Ҷонварак ин ҳамаро бозӣ мепиндошт, магар ки бо вуҷуди баста будани пойҳояш дар ҷояш бетоқатӣ мекард. Қассоб вақте баррачаро хобонда кордро дароз мекард, дар ангушташ гармие эҳсос намуд.
Ба дасташ нигариста шах шуд. Ҷонварак ангушти қассобро пистони модар пиндошта мемакид.
Башир УСМОНОВ
 

ҲИКМАТ ДАР ПИРОН ВА ХИРАД ДАР УМРИ ДАРОЗ
Болои теппаи баланди барзани Сурхдара бобои Миралӣ ба рӯям бо диққат нигоҳ кард ва бо ифтихори пирона аз навад соли умри худ гуфт:
– Сағира, ин шӯхӣ нест. Ку ту ин умра бин. Осон нест. Ғайрат зарур.
Аз бачагӣ орзуи умри тӯлонӣ надоштам. Ва бепарво пурсидам:
– Ҳамин умр худаш чист?
– Нафаҳмидӣ? Ба Худо, – гуфт бобои Миралӣ ва хандаи ширине ба лаб оварда, – ин муздурист. Ҳар рӯзат андак-андак ба муздурӣ мегузарад, мекорӣ ва мунтазир мешавӣ, ки замин ба ту чи музде медиҳад. Дар баҳор пашми гӯсфандона метарошӣ ва интизори тирамоҳӣ, ки чи қадар пашм мегирӣ. Як сар чорворо ду сар мекунӣ ва аз ҷуфти онҳо музд мехоҳӣ. Вақте онро мегирӣ, зудтар ба тараддуд меафтӣ, то чоруму панҷум, даҳуму садум музди ту шавад.
Ниҳоле мешинонӣ ва чашмат ба обу хоку ҳаво аст, ки бошад баҳор ояду музди худро рӯёнӣ.
Ба касе сухане мегӯӣ, хоҳиш медорӣ, амру фармоне медиҳӣ ва рӯзу моҳҳо мунтазир меистӣ сари андешаи он, ки музди ту аз гуфти ту чи мешавад. Ва ин аз хурдӣ меояд аз гаҳвора то гӯр пайгир аст. Кӯдак ба хӯи худ бозӣ мекунад: медавад то бардошти ҳар ду зону. Санги бисёр мепартояд. Кӯрпаву кӯрпачаҳои болои ҳам чидаро чапагардон мекунад ва парвое надорад. Вале, вақте ки ба ӯ гӯӣ чанд сангу сангчаро аз роҳ барканор кун ё бидав ба он сари роҳ баро, бин кӣ меояд. Бача ба даҳони ту нигоҳ мекунад. Мехоҳад донад аз он муздурӣ чи музде мерӯяд. Ва ҳама рӯзҳову моҳҳову солҳо чуноне, ки муздур умедвори музди худ аст, сипарӣ мегардад. Сағера ана ба навад даро боз муздурии дигара мефаҳмӣ.
– Навадсола чи муздурӣ дорад раис - бобо.
– Муздурии аз шабу рӯз.
– Умеди муздурии пир бисёр мешавад: андуҳ ва умед. Вале рӯзҳои ӯ чун моку тезрав аст.
– Инаш чи хел муздурӣ?
– Аз шаб муздури рӯз мешавӣ. Чун рӯз расид, мегӯӣ ба шаб мерасида бошам ва ин муздурӣ дар умеди марг аст.
Раҷаб МАРДОН
 

ҚАҲВА НӮШЕМ Ё НАНӮШЕМ?
Қаҳва ба ҳар кас таъсири гуногун дорад. Аниқтар карда гӯем, агар он ба як нафар фоидаовар бошад, ба каси дигар таъсири манфӣ дорад.
Ба киҳо нӯшидани қаҳва зараровар аст?
Агар пас аз нӯшидани қаҳва тапиши дилатон тез гардад, бедорхобӣ ва бадхашмӣ дар шумо ба вуҷуд ояд, дар ин ҳолат худатон аз нӯшидани он даст кашед.
Бешубҳа қаҳва барои одамоне, ки фишори баланди хун доранд ва аз бемориҳои гуногуни дил азият мекашанд, безарар буда  наметавонад. Зеро истеъмоли ин нӯшокӣ танзими тапиши дилро вайрон мекунад ва кори дил бад мегардад. Инчунин, буҳрони фишорбаландии хун сар заданаш мумкин аст.
Одамоне, ки гирифтори касалии гурда мебошанд, нӯшидани қаҳва мумкин нест.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА
 

СИГОРКАШӢ. ЧАНД ДАЛЕЛИ ЗАРУРАТИ ПАРТОФТАНИ ОН
Зарарнок будани сигоркашӣ ба саломатии инсон ҳақиқати бебаҳс аст. Ҳоло доир ба фоидаи даст кашидан аз ин одати бад чанд далел манзур мекунем, то охирин шубҳаи сигоркашҳо рафъ гардад ва онҳо ба фикри барқарорсозии саломатии хеш шаванд.
1. Нахустин дигаргунӣ аз қатъи сигоркашӣ аллакай пас аз 20 дақиқа ба амал меояд: гардиши хун беҳтар гашта, ҳассосияти ангуштони дасту по зиёд мешавад.
2. Баъди 8 соат миқдори оксиди карбон коҳиш меёбад, яъне дараҷаи оксиген дар хуни шумо аз нав ба эътидол меояд.
3. Пас аз ду рӯзи сигор накашидан организм пурра аз никотин тоза мешавад. Дар баробари ин, эҳтиёт бояд шуд, ки бо пурра аз организм баромадани никотин хоҳиши сигоркашӣ ниҳоят меафзояд.
4. Баъд аз ду рӯзи тарки сигор ретсепторҳои зоиқа (таъм) боз муътадил кор хоҳанд кард.
5. Бо гузашти ду рӯз шумо бӯйро хубтар ҳис мекунед. Акнун нияти аз баҳри одати бад баромадан ва  аз бӯи форами садбарг ҳаловат бурданро авлотар меҳисобед.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД
 

4 ЧИЗ…
Чаҳор чиз муҷиби некбахтист: асли пок, дили пок, раъйи мустақим ва табъи солим.
Чаҳор чиз нишони бадбахтист: коҳилӣ, ҷоҳилӣ, нокасӣ, бекасӣ.
Чаҳор чиз нишони аблаҳист: хештанбинӣ, такаббур, айби дигарон ҷустан ва бахилӣ кардан, аз сифла умед доштан.
Чаҳор чиз далели саодат аст: қавлу аҳди дуруст, тавозуъ дар ҳама ҳол, саъй дар касби ҳалол, нигоҳ доштани роз.
Аз чаҳор чиз парҳез бояд кард: шитобу таъҷил, хашму ғазаб, бухлу ҳасад, уҷбу (ғуруру) такаббур.
Чаҳор чиз хурд намояду бузург аст: душман, оташ, беморӣ, дониш.
Чаҳор чиз чаҳор чиз оварад: хомӯшӣ - роҳат, сафсатагӯӣ - маломат, сабукӣ - қаҳтӣ, шукр - афзунӣ.
Чаҳор чизро пас натвон овард: сухани гуфтаро, тири андохтаро, умри гузаштаро, қазои рафтаро.
Таҳияи Убайдулло РАҲИМОВ
 

ҚОШУҚИ "СЕҲРНОК"
Олимон аз филиали Донишгоҳи Ню - Йорк, воқеъ дар Абу - Даби Аморати Муттаҳидаи Араб, қошуқи электроние ихтироъ карданд, ки тамъу лаззати хӯрокро метавонад иваз намояд.
Бино ба гуфтаи ихтироъкорон «барои шумо истеъмоли хӯрок бо тамъи сернамаку камнамак, туршу ширин ва ё гарму хунук писанд бошад, танҳо ба менюи қошуқ даромада, бо зер кардани  як тугмача тамъро интихоб менамоед».
Ихтироъкорони ин қошуқи электронӣ ба 30 нафар довталаб аз ин қошуқ об ва шири хушк нӯшониданд. Дар ҳақиқат тамъи он ҳаргунае, ки истеъмолгарон хостанд ҳамон тавр  шуд.
Довталабон  иброз доштанд, ки шабоҳати тамъи ғизо дар қошуқ нисбат ба ғизои аслӣ аз 40 то 83 дарсад муқоисашаванда аст. Вале онҳо дар навбати худ шикоят ҳам карданд, ки ҳангоми истеъмоли ғизо металли худи қошуқ ба тамъи интихобшуда халал мерасонад.
Олимон, дар навбати худ, қавл доданд, ки аз пайи ислоҳи ин камбудиҳо хоҳанд шуд. Ин ихтирои нав, ҳамчунин, барои истифода ба шахсони дорои бемориҳои диабети қанд ва қалб муфид будааст.
Яъне қошуқҳо дар меню ба камнамакиву камширинӣ мусоидат месозанду баъдан ғизоро пешниҳод мекунанд.
Р. ҲАМИДОВ
 

ҶОНВАРОН НИЗ "ҶАНОЗА" - И ҲАМДИГАРРО НОЛА МЕКУНАНД
Профессори Донишгоҳи Колорадо Марк Бекофф, дар мақолаи худ, ки дар маҷаллаи «Emotion, Space and Society» чоп шудааст, «маросими ҷаноза» - и марги аккаро чунин мефаҳмонад: «Ба назди ҷасади аккае, ки дар миёни роҳ буд, чор аккаи дигар омад. Онҳо бо навбат шохаи дарахт оварда, назди ҷасад гузоштанд. Баъд, ҳар чори онҳо назди ҷасад истоданд ва як - як парвоз карда, рафтанд».
Маълум аст, ки ҳайвонҳо махлуқи беэҳсос нестанд. Тадқиқоти олимон нишон медиҳад, ки ҳайвонҳо дорои марҳамат ва фидокорӣ ҳастанд. Масалан, суғурҳо агар фарзанди худи онҳо набошад ҳам, суғурҳои хурдро низ нигоҳубин мекунанд. Шерҳо, парандаҳо, ҳашаротҳо бошанд, барои ба воя расондани фарзандони дигар ҳайвонот ёрӣ мерасонанд. Филҳо ба ҳамҷинсони маъюбашон мадад мекунанд. Оҳу бошад, ҳаёти худро ба таҳлука андохта, фарзандони худро наҷот медиҳад. Мушҳо дар ҳоле, ки хӯрдани шоколадро дӯст намедоранд, барои ба қапқон наафтидани ҳамҷинсонашон хӯрдани онро тарҷеҳ мекунанд.
Р. РАМАЗОН
 

5 МАСЛИҲАТИ БЕБАҲО
1. ҶОРҶ  ЛУКАС
Бетаъхир амал намоед!
Агар шумо амали бузургеро дар як рӯзи муваффақ анҷом доданиед, дар хотир доред, ки  рӯзи муваффақ ҳамин рӯз аст.
 
2. АЛБЕРТ ЭЙНШТЕЙН
Сарфи назар аз ҳама чиз ба муваффақияти худ бовар кунед!
Танҳо ду воситаи зистан мавҷуд аст. Якум гӯё ки муъҷиза нест. Дуюм гӯё ки атроф пур аз муъҷиза мебошад.
 
3. ДОНАЛД ТРАМП
Ба орзуи худ ақаллан як соати худро бахшед, вале ҳар рӯз.  
Меҳнати ҳаррӯза асоси пешрафт аст!
Дилхоҳ «вақти хуб» ҳамеша натиҷаи  меҳнати босубот ва фидокории ҳамешагӣ дар гузашта мебошанд. Он коре, ки шумо имрӯз анҷом медиҳед, асоси натиҷаҳои фардоина мебошад. Агар хоҳед, ки фардо ҳам аз самар баҳравар шавед, ҳар рӯз адоват намоед. Агар шумо ҳатто дақиқае тамаркуз намоед, пас ногузир ба ақиб мегаравед.
 
4. СТИВ ҶОБС
Ба коре машғул шавед, ки аз ҳама бештар меписандед. Ин ҳатман  шуморо ба муваффақият мерасонад!
Ҳар субҳ ба оина менигаристаму аз худ мепурсидам: «Агар ин рӯз охирин рӯз дар ҳаёти ман аст, пас ман мехоҳам ба коре  машғул шавам, ки имрӯз мекунам?» ва агар посух дар давоми чанд рӯз пайи ҳам «не» мешуд, -  ман мефаҳмидам, ки бояд чизеро тағйир дод.
 
5. ТОМАС ЭДИСОН
Ҳеҷ вақт ноумед нашавед!
Камбудии мо дар он аст, ки зуд ноумед мешавем. Аз ҳама роҳи беҳтарини муваффақият – ҳама вақт боз як бори дигар кӯшиш кардан аст.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
 

ЛУТФИ БУЗУРГОН
Баъди спектакл дар театри машҳури «Ла Скала» ҳофизи итолиёие назди овозхони бузурги рус Шаляпин омад.
- Ришатон олиҷаноб! - гуфт ӯ бо ҳасад. - Кош ман ҳам бо чунин риш месурудам!
- Агар гап дар риш мебуд, - ҷавоб дод Шаляпин,- буз аз ҳардуи мо беҳтар месароид! - ва ришашро канда ба мусоҳибаш дароз кард.
***
Эйнштейн филмҳои Чаплинро дӯст медошт. Боре ба ӯ навишт. «Филматон «Табларзаи тиллоӣ»-ро ҳама дунё мефаҳмад, аз ин рӯ, Шумо шахси бузурге хоҳед шуд».
Чаплин ҷавоб дод:
«Ман бештар мафтуни Шумоям, ки назарияи нисбиятатонро касе намефаҳмаду бо вуҷуди ин шахси бузург шудед!».
Таҳияи А. РАҲИМ
 

ҶОСУСИ ИХТИЁРӢ
Рӯзи баҳор, моҳи апрели соли 1985 ба даричаи сафоратхонаи шӯравӣ дар Вашингтон шахси ношиносе омаду занг зад. Вай ба навбатдор лифовае дод, ки дар дохилаш номаи сарбастае ба унвони резиденти шӯравӣ буд. Ношинос хабар медод, ки кист ва ҳамчунин дар хусуси ду афсари КГБ, ки аз тарафи амрикоиҳо ба ҷосусӣ ҷалб карда шуда буданд, маълумот буд ва ҳам хатчае меистод бо матни: «$50 000 (доллари амрикоӣ)», яъне ҳаҷми маблағе, ки барои он вай тайёр аст дар оянда низ маълумоти махфӣ расонад.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи худи Эймс, ки дар суди амрикоӣ 28 апрели соли 1994 қоил шуд ва ҳукми ҳабси якумра гирифт, ҳамкории ӯ бо разведкаи шӯравӣ оғоз ёфт. Хадамоти махсуси рус дар бораи ин ҷосус маълумоте намедиҳанд, далелҳое, ки дар ин мақола оварда мешаванд, ҳама аз расонаҳои хориҷӣ гирифта шудаанд.
Олдрич Хейзен Эймс дар шаҳраки хурди иёлати Висконсин соли 1941 ба дунё омадааст. Падараш Карлтон Эймс аз соли 1951 корманди СРУ (идораи марказии разведка) буд. Бо амри падар Олдрич низ ба ин муассиса ба кор омад. Баъди хатми донишгоҳ ва курсҳои махсус соли 1980 ӯро ба Мексика равон карданд.  Вай, ҳарчанд истеъдоди комил дошт, корманди одии СРУ буду вазъи молиявиаш хароб. Аз ин бисёр азоби рӯҳӣ мекашид. Боре дафтари аъмоли падараш ба дасташ расид. Дар он навишта буданд: «Карлтон Эймс барои разведка шахси ношуданист, оянда надорад». Барои беҳурматӣ нисбат ба падар сахт ранҷид ва қасд ба дил гирифт.
Эймс ҳангоми «зери ниқоби» сафорати ИМА дар Анкара ва ҳам дар дастгоҳи марказии СРУ кор кардан забони русиро хуб омӯхт. Чанд сол дар Ню - Йорк зист ва бо сафирони шӯравӣ кор бурд, аз ҷумла бо муовини котиби генералии СММ Шевченко. Ӯ ба вай хизмати худро ба манфиати разведкаи амрикоӣ пешниҳод намуд. Эймс аз ӯ ибрат гирифт ва ба тарафи шӯравиҳо гузашт.
Соли 1985, вақте ки Эймс ҷосуси шӯравӣ шуд, ӯро ба Вашингтон ба кор гирифтанд. Аз рӯи вазифа вай аз ҳамаи амалиётҳои зиддишӯравӣ ва зидди разведкаи шӯравӣ, ки дар кулли кишварҳои сайёра гузаронда мешуданд, воқиф мегашт. Аз июни 1986 то июли соли 1989 Эймс дар Рим кор кард ва ба разведкаи шӯравӣ халта – халта ҳуҷҷатҳои махфӣ, махсусан махфӣ, тамоман махфиро фурӯхт.
Баъди бозгашт ба Лэнгли (штаб-квартираи СРУ) Эймс ба шуъбаи  контрразведкаи СРУ интиқол ёфт. Вай дар шуъбаи шӯравии гурӯҳи аналитикии марказ вазифа гирифт ва ба омӯхтани тамоми маълумоти махфӣ: чи хаттӣ ва чи телефонӣ имкон пайдо кард. Чи тавре ки як муаллифи амрикоӣ навиштааст, «барои КГБ ин чуноне буд, ки гӯё ба манбаи маълумоти тамоман махфии ба ном «Си-Ай-Эй онлайн» обуна шуда бошад. Манбаъҳои амрикоӣ тасдиқ мекунанд, ки Эймс ба амалӣ нашудани бисёр амалиётҳои зиддишӯравӣ ба разведкаи СССР ва Русия дар давраи солҳои 1985 – 1992 ёрӣ расондааст.
Эймсро боз ба он гунаҳкор карданд, ки бисёр агентҳои гаронбаҳоро фош намудааст. Кадоме аз онҳо барои хадамоти махсуси амрикоӣ талафоти ҷиддӣ ҳисоб меёфтанд?
Сергей Моторин, корманди КГБ, котиби сеюми шуъбаи консулии сафорати шӯравӣ дар Вашингтон, Адолф Толкачёв, ходими шуъбаи махфии институти илмии татқиқотӣ, вай шабакаи «худӣ – бегона» - ро фурӯхт ва барои ин хиёнат соли 1986 парронда шуд, Валерий Мартинов, корманди КГБ, котиби сеюми сафорати шӯравӣ дар Вашингтон, 28 майи соли 1987 барои хиёнат ба Ватан парронда шуд, Владимир Поташёв, мутахассис оид ба масъалаҳои яроқпартоӣ, ҳангоми кор дар донишкадаҳои ИМА ва Канада СРУ – ро бо маълумотҳои махфӣ таъмин мекард, ба 13 сол ҳабс шуд, аммо Елсин ӯро авф кард ва ҳоло вай дар Амрико зист дорад, Борис Южин, афсари КГБ, соли 1978 ба ҷосусии СРУ гаравида шуд, соли 1986 ба муддати 15 сол ба зиндон афтод, вале соли 1992 Елсин авф кард, дар Амрико умр ба сар мебарад, Дмитрий Поляков, генерал – майор, яке аз агентҳои гаронбаҳотарини СРУ. Вай ихтиёрӣ соли 1961 ба хизмати СРУ пардохт. 19 нафар разведкачии шӯравиро, ки ба таври пинҳонӣ кор мекарданд, фурӯхт. Зиёда аз 150 агенти шӯравиро аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ фош кард. Номи 1500 афсар – разведкачиёни амалкунандаро супурд. Бисёр ҳуҷҷатҳо вобаста ба сиёсати хориҷии СССР бо дигар кишварҳо ба СРУ расиданд. Охири соли 1986 ҳабс шуд. 15 марти соли 1988 парронда шуд чун хоини Ватан. Ба қавли директори СРУ Ҷеймс Вулси, аз ҳамаи агентҳои ҷалбшуда дар давраи «ҷанги сард» Поляков «бриллианти ҳақиқӣ» буд.  
 Олдрич Эймс чӣ тавр фош шуд? Ба гуфти амрикоиҳо зиндагии ашрофона ӯро «фурӯхт»: хароҷоташ аз даромадаш ба назар зиёд намуд. Вай 3 мошини «ягуар» ва боз бисёр чизҳои дигар харид. Аз соли 1990 аз пайи омӯхтанаш шуданд ва 21 феврали соли 1994 ба ҳабс гирифтанд. Вақте ки аз вай баъди баровардани ҳукм пурсиданд, ки агар имкони интихоб пайдо шавад, аз СРУ ва КГБ кадомашро бармегузид, оромона гуфт: «Ман роҳи тайкардаамро такрор мекардам».
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2016    №: 205    Мутолиа карданд: 3012

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед