logo

фарҳанг

ТУӢ, МАН ЗИНДААМ…

Ба касе пӯшида нест, ки  то замони соҳибистиқлолӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ на ба осонӣ даст медод. Аз ҷумла барои пойдорию рушду густариши забони модарӣ таваҷҷуҳ камтар зоҳир мешуд.
Ғоиб Сафарзода, шоири шаҳири зиндаёд ва рӯзноманигори шинохта, бо дарки пешомади боз ҳам ногувортар зарур шумурд, ки бонги изтироб бизанад. Нахуст бо шеър хост то ин масъалаи мубрамро ба таваҷҷуҳи садрнишинон бирасонад. Албатта, ба ин мақсад, ки он ҳатман баррасӣ ва мушкилоти мавҷуда рафъ мегардад.
Забони модариам, ҷони покам,
Ту бо шир омадӣ дар ҷони покам.
Бипайвастӣ маро бо рафтагонам,
Туӣ, ман зиндаам, бе ту ҳалокам.
Дар ин мисраъҳо моҳияти ин забони поку ноб ва масъулияти миллии худро шоир бисёр зебо ва равшан баён намудааст. Воқеан, мо туфайли забонамон бо рафтагон пайваст мешавем ва низ бо осори мондагори онҳо ба умқи маънияшон роҳ меёбем. Шоир забони модариро чун ҷон пок медонад ва ёдовар мешавад, ки он ба шири модар дар ҷони пок омадааст. Яъне, ҳамчунон, ки шир поку соф асту боиси зиндагию рушду нумӯи тифл мегардад, забон ҳам мисли он мебошад. Шахси оқилу фарзона, ки низ фаросати баланд ӯро ёр аст, ба қадри модар, шири поку софи ӯ мерасад. Дар баробари ин забони ӯро, ки ҳам забони фарзанди асил бояд бошад, чун ҷон азиз медорад. Зарур аст, ки мавҷудияту ҳастии забон мавҷудияту ҳастии ҳар нафари соҳибзабон бояд қарор бигирад. Агар онро эътироф накунанд ва ба ӯ арҷ нагузоранду маҳв бигардад, яқин, танҳо маҳви чанд нафар нест, балки маҳви миллат аст.
Пойдории кишвар бар асоси модар, ки ғамхор тавсиф мешавад, ба воситаи забон аст. Яъне, то модари тоҷик аст, ин забон бо фарзандони бонангаш арзи вуҷуд мекунад. Туфайли забон кишвар пойдор мегардад. Ин ҳақиқат аст, ки забонро аввалин ва муҳимтарин нишони ҳастии миллат ва воситаи ба дигарон муаррифӣ намудани миллату фарҳанги волои он донистаанд. Ғоиб Сафарзода ба ҳар кишваре ҳам, ки сафар мекард, на танҳо ба ёди ин Ватан буду бо забони модарияш ифтихор менамуд, балки дар ҳар ашё ёдгориҳои миллаташро меҷуст ва махсус диққат бар он медод, ки кадом вожаҳои миллаташ ба забонҳои дигар роҳ ёфтанд. «Сайри кишвари Булғор», ки аз навиштаҳои насрии ӯст, ин ҳақиқатро собит месозад:
«… Дар хонаи дигар асбобу анҷомҳои ҳархелаи миллӣ гузошта шудаанд, ки дар байни онҳо бисёр чизҳои барои мо, тоҷикон, шиносу азиз: танбӯр, ғижжак, думбра, най ва ғайраҳо ҳастанд. Мизҳои хурд-хурди пастеро, ки онҳоро пеш чун дастархон истифода мебурданд, булғориҳо суфра меноманд…
 … Хонаи дигар, қабулгоҳи Николай хеле бошукӯҳ аст. Дар ин ҷо курсиҳои пурнақшу нигори сип-сиёҳ ва бо садаф орододашуда, оина ва дигар чизҳои гаронбаҳо бисёранд, ки онҳо аз гулдастии устоҳои ҳунарманди он асрҳо гувоҳӣ медиҳанд. Роҳбалади мо курсиҳоро садаф ном бурд ва чӣ тавре ки маълум гардид, ин ном ҳам аз туркҳо гузаштааст. Аз афташ, ин тавр ном гирифтани курсӣ ба он вобаста аст, ки онҳо садафкорӣ шудаанд. Дар Ҳисор ҳам шаҳрро дараи сердарахте ба ду қисмат ҷудо мекунанд, ки бо номи Маймундара (Маймендаре) машҳур аст. Шояд туркҳо барои ҷойи зебою хушманзара буданаш ба он чунин ном дода бошанд. Чунон ки мебинед, бисёр калимаҳои форсӣ, арабӣ ба воситаи туркҳо ба забони булғорӣ гузаштаанд ва қисме аз онҳо ҳанӯз ҳам зинда буда, ҳуқуқи гражданӣ пайдо карданд. Ин боз як далели раднопазир аст, ки забони форсӣ-тоҷикӣ пеш дар байни мамлакатҳои шарқи мусулмонӣ чӣ гуна нуфузи бузург дошт».
Тозагии забон, муносибати дурусту ғамхорона доштан ба он аз мавзӯъҳои дӯстдоштааш маҳсуб мешуд. Дар «Таровати зиндагӣ дар зебоист» ӯ масъалаи ҳалли номгузории деҳоту шаҳр, кӯчаву хиёбон, ташкилоту муассисаҳо ва ғайраро ба миён мегузорад. Зимни баррасӣ аз он изҳори таассуфу ташвиш менамояд, ки номҳои тоҷикиро номҳои ғайр танг кардаанд. Дар ин сурат хавфи аз миён рафтани забони тоҷикӣ ба вуҷуд меояд. Агарчи  медонист навиштаҳояш ба мақомоти болоии вақт писанд намеоянд ва боиси сарзаниши ӯву роҳбаронаш мегарданд, аммо барояш ҳифзи забон аз ин ҳама муҳимтар буд.
Ҳамин тавр, Ғоиб Сафарзода бо чунин хизматҳои таърихияш дар пойдорию густариши забони модарӣ, покизагии он дар дилу хотираҳои дӯстдорони миллат мақоми арзишмандро касб кард ва ҳанӯз ҳам аз ӯ ба некӣ ёд меоранду васфаш менамоянд.
Маҳтовбӣ МИРЗОЕВА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2016    №: 205    Мутолиа карданд: 3002

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед