logo

иқтисод

КАМБУДИҲО. ДАР РОҲИ ҲАЛЛИ ОНҲО АЗ ҲАМАИ ИМКОНИЯТҲО ИСТИФОДА МЕБАРЕМ

Посух ба мақолаи «6200 гектар. Чаро ин миқдор замин дар вилояти Хатлон бекор монд?», «Ҷумҳурият», № 132, 7 июли соли 2016.
 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар ба маълумоти шумо мерасонад, ки  мақолаи «6200 гектар. Чаро ин миқдор замин дар вилояти Хатлон бекор монд?» дар машварати назоратии назди раиси ноҳия бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва шахсони масъул мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҳақиқат, далелҳои дар мақола чопшуда дурустанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар ҳамасола барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир тадбирҳо меандешад. Дар ноҳия 737 гектар замини боир мавҷуд буд. Тӯли се соли охир 112 гектар заминҳои бекор ва аз гардиши  кишоварзӣ берунмонда, ба заминҳои корам табдил дода шудаанд. Ҳоло бошад, барои 625 гектар заминҳои  боирро бо истифода аз агротехникаи пешқадам ба заминҳои  кишоварзӣ табдил додан нақшаҳо тарҳрезӣ шуда, барои амалӣ гардидани он аз ҳамаи имконияту воситаҳо истифода бурда истодаем.
Дар ноҳияи Бохтар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда 92 гектарро ташкил медиҳанд. Аз онҳо 45 гектар дар деҳоти Навбаҳор ва 47 гектар аз ҳисоби заминҳои филиали Муассисаи давлатии «Чарогоҳ» - и минтақаи Қӯрғонтеппа, дар шаҳраки Бӯстонқалъа воқеъ мебошад, ки заминҳои корами  лалмианд. Таъмини об барои чорводорони ин минтақа фақат аз насосҳои обёрии чарогоҳ ва минтақаи Қазонгузар, инчунин, аз Сангтӯда таъмин мегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки камбудиҳо аз сабаби фаъол набудани шабакаи обёрӣ ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об рӯи кор омадаанд. Солҳои пеш ин заминҳо бо пойгоҳҳои обкашӣ дизели дохили собиқ хоҷагии Хатлон обшор гардонда мешуд ва иншооти обёришаванда бо ёрии новаҳои бетонии Л – 60 ва Л – 80 таъмин буданд. Айни замон ин заминҳо ба заминҳои шӯри миёна ва баланд дохил мешаванд ва баҳри ҳосили дилхоҳ гирифтан ва барқарор намудани хати оби он маблағҳои зиёд бояд сарф карда шаванд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар дар оянда барои бартараф намудани камбудиҳо ва ҳалли масъала аз ҳамаи имконияту воситаҳо истифода менамояд.
Ҷаббори ҒАФФОР, раиси ноҳияи Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2016    №: 205    Мутолиа карданд: 2332

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед