logo

иқтисод

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БА КИШОВАРЗӢ ЧӢ ТАЪСИР МЕРАСОНАД?

Солҳои охир иқлими сайёра босуръат тағйир меёбад. Гармшавии обу ҳаво танҳо яке аз ҷанбаҳои он аст. Мафҳуми «тағйирёбии ҷаҳонии иқлим» ин тағйир ёфтани тамоми системаҳои ҷуғрофӣ мебошад. Мушоҳидаи олимон бозгӯи он аст, ки сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ ба тадриҷ баланд мегардад, пиряхҳо ва яхбастагиҳои доимӣ об шуда, боришот нобаробар сурат мегирад.
Тағйирёбии иқлим  дар  паҳншавии касалиҳои хавфноки сироятӣ низ намоён мегардад. Чунин дигаргун гаштани обу ҳаво  на танҳо ба системаҳои экологӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ таҳдид мекунад, балки барои ҳаёт ва саломатии инсоният хатари марговар дорад.
Дар баробари омилҳои табиӣ фаъолияти хоҷагидории инсон низ ба иқлими ҷаҳонӣ таъсири рӯзафзун дорад.  Паҳн шудани зироаткорӣ дар ҷангалзорҳо боиси аз байн рафтани майдони васеи дарахтон гардидааст. Ҳамчунин, тадқиқоти илмӣ муайян намудааст, ки омилҳои асосии ба иқлим таъсиррасон зиёдшавии гази ангидриди карбони атмосфера, газҳои дар рафти фаъолияти хоҷагидорӣ ба атмосфера ихроҷшуда ва зиёдшавии миқдори аэрозолҳо дар қабати ҳавоии замин мебошанд.
Баландшавии ғилзати газҳои гармхонаӣ (гази ангидриди карбон – СО2, метан СН4, фреонҳо) дар қабати болоии замин ба пайдоиши «овезаи газӣ»-и муайян оварда мерасонад, ки шуоъҳои зиёдатии инфрасурхро аз қабати болоии Замин ба кайҳон баргаштан намемонад. Дар натиҷа қисми муайяни энергия дар қабати рӯйизаминӣ боқӣ монда, дар сатҳи Замин гармшавиро ба вуҷуд меорад. Нақши асосиро дар гармшавӣ гази ангидриди карбон (65 дарсад аз тамоми манбаъҳо) мебозад. Афзоиши  ин газ дар атмосфера аз сӯзиши миқдори ангиштсанг, маҳсулоти нафтӣ ва намудҳои дигари сӯзишворӣ вобаста аст. Воридшавии гази ангидриди карбон ба атмосфера он қадар бузург аст, ки пешгирии он дар даҳсолаҳои наздик аз ҷиҳати техникӣ имконнопазир аст.
Ба андешаи коршиносон барои коҳиши гармшавии ҷаҳонӣ дар навбати аввал кам кардани ҳаҷми партовҳои дуоксиди карбон  зарур аст. Миқдори зиёди чунин партовҳо дар натиҷаи истифодаи  сӯзишвориҳо пайдо мешаванд.  Дар Тоҷикистон мисли давлатҳои дигар тағйирёбии иқлим барои муҳити атроф ҳамчун таҳдиди афзоишёбанда баҳогузорӣ карда мешавад. Мувофиқи ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2009 Тоҷикистон дар минтақа аз тағйирёбии иқлим кишвари  нисбатан осебпазир аст ва барои  мутобиқшавӣ иқтидори камтар дорад. Ин ба вобастагии  зиёди соҳаи кишоварзӣ аз боришот  дар мавсими обёрӣ, таназзули сарватҳои муҳити атроф, шусташавии замину коҳиши ҷангалзорҳо ва вайрон гардидани  инфрасохтори иҷтимоӣ алоқаманд аст.
Омилҳои иқлимӣ ба ҳолати системаҳои экологӣ,  таъмини бехатарии  ҳаётии аҳолӣ таъсиргузоранд. Аз ин рӯ, соҳаҳои мухталифи кишвари мо – захираҳои обӣ, саноат, энергетика, амнияти озуқа ва ғайра аз тағйири иқлими ҷаҳонӣ осебпазир аст. Ин ҳолат дар соҳаи кишоварзии мамлакат ба харобии киштзорҳо, бадшавии сифати хоку камшавии ҳосилхезии табиии он оварда мерасонад.
Мутобиқсозии  истеҳсолоти кишоварзии Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим ва устуворгардонии он амалӣ сохтани маҷмӯи  чорабиниҳо ба мақсад мувофиқро тақозо мекунад. Пешгирӣ аз хушкӣ,  фарсоиши шусташавии хок, роҳандозии технологияи ҳифзи хок, бо мақсади то сатҳи минималӣ кам кардани таъсири техногенӣ ба он, истифодаи технологияи сарфакунандаи намӣ, киштгардон кардани замин, селексияи навъҳои нави ба хушкӣ тобовари зироат гибридҳои зироатҳои кишоварзӣ,  инкишофи инфрасохтор (роҳу анбор) ва корхонаҳои  коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷойҳое, ки барои идораи истеҳсолоти  кишоварзӣ шароитҳои табиӣ мавҷуданд, чораҳои муҳим дар самти мазкур мебошанд.
Чорабиниҳо имкон медиҳанд,  ки дар баробари самараи экологӣ фоидаи иқтисодӣ аз даст нарафта, афзояд.
Маҳмадшариф БУТАЕВ,
омӯзгори кафедраи экологияи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2016    №: 205    Мутолиа карданд: 2790

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед