logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОНУ ИТАЛИЯ. ТАВАҶҶУҲ БА СОҲИБКОРӢ МЕАФЗОЯД

Беҳтар сохтани шароити  сармоягузориву  соҳибкорӣ,  мутобиқ  сохтани он ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ба ин васила  ҷалби бештари сармоягузорон  ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ   самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат мебошад.
 
Аз рӯйи нишондоди солҳои охир,  дар ин бахш  беш аз 50  ҳазор шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, наздики 300  ҳазор соҳибкори инфиродӣ ба фаъолият оғоз кардаанд. Ислоҳоти   бобарор дар бахшҳои низоми иҷозатномадиҳӣ,  андозбандӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ, бақайдгирии соҳибкорӣ,  ҳимояву дастгирии соҳибкорону  сармоягузорон,  эълони моратория оид ба  санҷишҳо,  ташкили пойгоҳи хуби ҳуқуқию  иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба пешрафти соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд.
- Фазои хуби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳоло ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонро барои ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷикашон ҳавасманд сохтааст. Шумораи  намояндагии онҳо  дар мамлакат рӯз аз рӯз меафзояд.  Зеро Тоҷикистон дар баробари  захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, маъдани кӯҳӣ, оби соф, кишоварзӣ, туризм ва ғайра амният ва суботи сиёсии беҳтар дорад, - изҳор дошт  Фарҳод Хайруллоев, раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Италия, ки   дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таҷрибаи зиёд  андӯхтааст.  Таъсиси   шӯро яке аз  тадбирҳои судманди Ҳукумати мамлакат буд,  ки  дар доираи  баргузории   Ҷашнвораи байналмилалии соҳибкории Душанбе -  2015 бо ибтикори ӯ  сурат гирифт.  Он ба  густариши ҳамкории соҳибкорони Тоҷикистону Италия  ва ҷалби  сармоя барои татбиқи барномаҳои фарохдомани иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат менамояд. 
 Фарҳод Хайруллоев  натиҷаҳои фаъолияти  шӯрои мазкурро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии  ду кишвар  назаррас арзёбӣ намуда, доир ба масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба кишвар чунин изҳор дошт: 
 - Тоҷикистон дорои захираҳои ғанӣ, Италия  давлати пешрафтаи Аврупо ва  соҳиби имкониятҳои бузурги  сармоягузорӣ  мебошанд.  Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Италия аз замони таъсис то имрӯз бо  30 ширкати Италия, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянд, ҳамкориҳоро  ба роҳ мондааст. Айни замон он дар  танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳибкорӣ, додани маълумоти зарурӣ,  ташкили ҷамъомадҳои машваратӣ, конфронс, бизнес - вохӯриҳо ва  баррасии мушкилоти дигар ба соҳибкорони ҳар ду мамлакат ёрӣ мерасонад. Ҳоло ширкатҳои  «Паниний» - дар самти истеҳсоли макарон, «Соларинг» - тавлиди батареяҳои офтобӣ,  «Галеле Коҳструзионий» - роҳсозӣ мехоҳанд бо ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд. Мавриди таъкид аст, ки ҳанӯз ҳам  фазои сармоягузории Тоҷикистон ба андозаи зарурӣ дар хориҷи ҷумҳурӣ муаррифӣ нагардидааст. Созмону ташкилотҳои бузург ва соҳибкорони аршади давлатҳои ҷаҳон оид ба  шароити мусоиди  баҳри ҳамкории иқтисодӣ муҳайёкардаи Ҳукумати Тоҷикистон маълумоти дуруст надоранд. Тасаввуроти  бештари  сармоягузор дар бораи пойгоҳи    меъёрии ҳуқуқӣ, имкониятҳои фаъолияти соҳибкорӣ  ва амнияту суботи ҷумҳурӣ барои ҳавасмандии ӯ нақши асосӣ мебозад. Гузашта аз ин, бархе соҳибкорони мо дар роҳандозӣ кардани ҳамкорӣ  бо ҳамтоёни хориҷиашон малакаю таҷрибаи кофӣ надоранд. Барои рафъи ин мушкилӣ таъсиси  курсҳои омӯзишӣ хеле зарур буда,  аъзоёни шӯро дар ин хусус тадбирҳои зарурӣ андешидаанд.  Пахши  роликҳои видеоӣ  аз тариқи телевизиону  сомонаҳои интернетӣ ва нашри варақаҳои тарғиботӣ бо забонҳои гуногун оид ба шароити сармоягузорӣ, дастгирии истеҳсолгарон ва амнияту суботи ҷумҳурӣ аз зумраи ин тадбирҳоанд. Имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон хеле фароханд. Аз ин лиҳоз,  ин шароиту имкониятҳо ва натиҷаи ҳамкориҳо бо сармоягузорон  набояд  аз назари ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ    ниҳон бимонанд. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2016    №: 205    Мутолиа карданд: 2839

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед