logo

иқтисод

"АДРАСМОН". ВАЗЪИ НОГУВОРИ КОРХОНА АНДЕШИДАНИ ТАДБИРҲОИ БЕТАЪХИРРО ТАҚОЗО ДОРАД

Ҷамъияти саҳомии «Адрасмон» - корхонаи замоне машҳури маъдантозакунӣ соли чорум аст, ки бо баҳонаи коҳиши арзиши нуқра дар бозори ҷаҳонӣ  бо тасмими соҳибмулк - ширкати қазоқистонии «Конимансур» аз фаъолият бозмондааст.
 
Ин ҳам дар ҳолест, ки корхонаи мазкур дар шаҳраки дорои зиёда аз 18 ҳазор нафар аҳолӣ даҳсолаҳо боз чун омили ободиву шукуфоӣ эътироф шудааст. Ин ҷо солҳои қаблӣ аз 700 то 1000 нафар сокинони шаҳраки Адрасмон бо шуғли доимӣ таъмин ва аз музди меҳнат бархӯрдор буда, ба дурнамои рушди соҳа низ бо чашми умед менигаристанд. Вале бо баҳонаи гӯё зиёновар будан соҳибмулкон соли чорум мешавад, ки фаъолияти корхонаро қатъ ва ҷомеаи калони меҳнатиро сарсон кардаанд.
Корхона соли 1967 таъсис ёфтааст, яъне соли оянда 50 - сола мешавад. Иқтидори лоиҳавии солонаи истихроҷи маъдан дар ин ҷо 650 ҳазор тонна буда, бо насби хатҳои нави технологӣ ин рақамро то 800 ҳазор тонна расондан имконпазир аст. Аввал муваққатан (то муназзам шудани фаъолияти корхона) хокаи нуқра ҷиҳати коркард ба Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода мешуд. Баъд…  «Адрасмон» феълан сари дуроҳа қарор дорад: ё муфлис мешавад ё дар пайи андешидани тадобири бетаъхири мушаххас ба фаъолияти босамар мепардозад.
Баъди муроҷиатҳои чандинкаратаи ҷониби Тоҷикистон оид ба баррасии вазъи кунунии ҳолати корхона ба соҳибмулкони қазоқ ниҳоят чанде қабл намояндаи ваколатдори ширкати ҶС «Конимансур»  Павел Корниенко ба шаҳраки Адрасмон омад. Ӯ дар суҳбат иброз дошт, ки  шиносоии наздик аз вазъи феълии корхона ӯро басо мутаассир кардааст.
- Санҷишу таҳлилҳо аз он бозгӯӣ доранд, ки агар директори генералии ҶС «Адрасмон» Мавлон Пӯлотов ба ҷойи гузоришҳои беасосу сатҳӣ ва ғайриҳирфавии худ роҳбарияти ширкатро воқеъбинона аз ҷараёни фаъолияти корхона огоҳ мекард, имрӯз чунин вазъи ногувор рух намедод. Бино ба иттилооти собиқ сарвари корхона, гӯё сифати маҳсулот поин фаромада, арзиши нуқра хароҷотро пӯшонда наметавонад. Аммо асли воқеият дигар будааст. Аз ин рӯ, баъди санҷиши ҳамаҷониба роҳбарияти ширкат барои муносибати бемасъулиятона, пешниҳод кардани гузоришҳои беасос Мавлон Пӯлотовро аз вазифаи директори генералӣ сабукдӯш карда, ба ин вазифа мутахассиси варзида Баротбой Каримовро таъйин кард, - гуфт Павел Корниенко ҳангоми суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият».
Ҷиҳати аз нав ба кор даровардани ҶС «Адрасмон» ва  роҳандозии фаъолияти судманд Павел Корниенко бо роҳбарияти чанд ширкати чинӣ, ки дар вилояти Суғд дар соҳаи истихроҷу коркарди маъдан фаъолият доранд, оид ба ҳамкории дуҷонибаи судманд гуфтушунид анҷом дод. Талошу тараддудҳои намояндаи соҳибмулкони Қазоқистон ҷиҳати баъди танаффуси тӯлонӣ боз ба фаъолияти корӣ оғоз бахшидани «Адрасмон» аз манфиатдор будани онҳо ба натиҷаи ниҳоии кор гувоҳӣ медиҳад.
Баротбой Каримов, директори ба тозагӣ таъйиншудаи корхонаи мазкур, ки дар ин соҳа таҷрибаи зиёди корӣ дорад, муътақид аст, ки дар сурати ташкили дурусти кор, ворид кардани хатҳои технологии муосир дар истеҳсолот, таваҷҷуҳ ба сифати маъдан ҶС «Адрасмон» ба дастовардҳои хуби истеҳсолӣ ноил гашта метавонад. Ҳоло андешаю амали роҳбарияти нави корхона ба ҳамин мақсад равона шудааст.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2016    №: 205    Мутолиа карданд: 3019

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед