logo

маориф

МАЪНИИ ЗИНДАГӢ. БАРДОШТЕ АЗ РӮЗГОРИ МУАЛЛИМ ҲОШИМҶОН ИБРОҲИМОВ

Ӯ аз зумраи омӯзгоронест, ки умри бобаракати худро сарфи таълиму тарбия  намуда,  миёни мардум обрӯву эътибори хосаро соҳиб шудааст. Фаъолияти омӯзгориашро баъди хатми Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) аз мактаби № 4 - и ноҳияи Вахш оғоз намудааст. Баъди ду соли фаъолият дар ин мактаб, корашро дар мактаби № 5 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома дод ва то имрӯз дар ин даргоҳ ба ҳайси омӯзгори фанни кимиё фаъолият дорад.
Ҳошимҷон Иброҳимов тӯли фаъолияти бисёрсолаи худ  дар ин даргоҳ на танҳо шогирдони  зиёд тарбия намуд, балки ба раванди таълим навоварии зиёд ворид сохт. Соли 1988 - ум 21 нафар довталабро  барои шомил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино  омода намуд, ки аз ин шумора 18 нафарашон ба донишгоҳ дохил шуда, сазовори номи донишҷӯ гардиданд. Баъдтар бо назардошти ин таҷриба ва потенисали илмии омӯзгорон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино маркази омодагии қаблӣ ташкил гардид. Марказ то ба имрӯз фаъолият намуда, ба натиҷаҳо дилхоҳ ноил гаштааст. Дар  соли 2011 аз 80 нафаре, ки дар курси омодагӣ барои шомил шудан ба донишгоҳ таҳсил мекарданд  67 - нафарашон сазовори номи донишҷӯ шуданд. Дар солҳои баъдӣ низ аз рӯи ин усул чандин нафар  ба донишгоҳҳои  тиббӣ, миллӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар шомил гардиданд.
Ҳ. Иброҳимов ба илм рағбати зиёд дорад. Муаллифи ду китоб - «Рушду нумӯи илм дар давлати Сомониён» ва «Пояи илми кимиё дар манзумаҳои Мирзо Абдулқодири Бедил» мебошад.
Ҳамчунин, дар таълифи китобҳои дарсии «Химия» барои синфҳои 8 - 9, «Китоби хониш аз фанни химияи ғайриорганикӣ» қисми 1 «Намунаи ҳалли масъалаҳои химиявӣ»  қисми 1 – 2, дастури методӣ «Тест аз фанни химия барои синфҳои 9 – 11 » низ саҳм гузоштааст.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2016    №: 206    Мутолиа карданд: 5515

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед