logo

иқтисод

ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СОҲИБКОРИИ "ДУШАНБЕ – 2016"

14 октябр дар доираи Рӯзи соҳибкорон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ – имкониятҳои нави сармоягузорӣ» Ҷашнвораи  байналмилалии соҳибкории «Душанбе – 2016» баргузор гардид. Дар ҷашнвора, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир шуд, роҳбарону намояндагони  баландпояи  кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ, (Барномаи рушд, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ), Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, ОКСФАМ, ниҳодҳои маъруфтарини молиявӣ ва ҳамкориҳои  байналмилалӣ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ширкатҳои  бонуфузтарини истеҳсолию сармоягузорӣ, филиалҳои тоҷикистонии корхонаю ширкатҳои  байналмилалӣ, палатаҳои савдою саноати кишварҳои минтақа ва Аврупою Осиё, дар маҷмӯъ беш аз 400 нафар меҳмони зиёда аз 30 кишвар ширкат  варзиданд. Қабл аз оғози ҳамоиш ширкатдорони ҷашнвора бо намунаи молу  маҳсулоти саноатию кишоварзии корхонаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон шинос гардиданд.
 
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷашнвораро ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин паёму дуруди Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонд.  Ӯ зикр намуд, ки Тоҷикистон пас аз ба даст овардани  Истиқлолияти  давлатӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи таҳкими робитаҳои сиёсию иқтисодӣ дар арсаи байналмилалӣ бо риояи принсипҳои  баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои  тарафайн сиёсати  «дарҳои кушода» - ро устуворона пеш мебарад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ислоҳоти муҳиме гузаронда шудаанд, ки  ҳадаф аз онҳо таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти  соҳибкорист. Сар аз солҳои 2000 – ум Тоҷикистон ба марҳилаи воқеии рушд ворид гардида, дар заминаи низоми  иқтисоди бозаргонӣ ва татбиқи ислоҳоти куллӣ пешрафти босуботи  иқтисодиётро, аз ҷумла дар бахшҳои фароҳам овардани фазои  мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, таъмин намуд.  Натиҷаи тадбирҳои  самарабахш, аз ҷумла ба тасвиб расидани қонунҳо ва амалисозии стратегияву барномаҳои  фарохдоман буд, ки  дар 15 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии мамлакат 7,8 % - ро ташкил дода, даромади аҳолӣ 25 баробар ва ҳаҷми пасандозҳо 85 баробар афзуд.
Рушди соҳибкорӣ дар маркази таваҷҷуҳ ва дастгирии Сардори давлат буда, вохӯриҳои  Пешвои милат бо соҳибкорон ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳамин таваҷҷуҳи хос аст, ки дар солҳои  соҳибистиқлолӣ дар доираи татбиқи  беш аз 1000 барномаи мушаххаси  соҳибкорӣ ба иқтисодиёти мамлакат  зиёда аз 63 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардид. Тадбирҳои  саривақтӣ имкон доданд, ки  шумораи соҳибкорони  кишвар аз 158 ҳазори  соли 2007 дар соли равон то 280 ҳазор  афзоиш ёбад. Соли аввали истиқлолият дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ мавҷуд буд. Ҳоло  ин шумора ба 2100 расидааст.
Тайи солҳои охир Тоҷикистон 3 маротиба ба даҳгонаи  кишварҳои беҳтарини ислоҳотгари ҷаҳон дохил гардид, ки он ҳам натиҷаи  тадбирҳои дар самти беҳсозии фазои  соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ татбиқгардида мебошад.
«Ҳадафи Ҷашнвораи байналмилалии соҳибкорӣ, ки бо дастгирии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори сеюм дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузор мегардад, рушди иқтисоди миллӣ, соҳибкории истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва воридотивазкунанда, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон аст», - таъкид намуд Қоҳир Расулзода.
Қодири Қосим – раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода – раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Умед Давлатзод – муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Мирзо Саидов - директори ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагӣ» - и шаҳри Қӯрғонтеппа, Туула Юрёля – роҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, Кристофер Миллер – роҳбари барномаи минтақавии Бонки ҷаҳонӣ, Руанг Бандзюн – раиси ширкати «Ауфен» (МОИ «Данғара»), Алекс Плеханов – муовини директори БАТР, Антонио Фанелли – намояндаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ва дигарон доир ба мавзӯъҳои  асосии ҳамоиш – «Воридотивазкунӣ – имконияти нави соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон», «Стратегияи миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди мамлакат», «Имтиёзҳо ва дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Саҳми бахши хусусӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ», «Сиёсати иқтисодии ба сармоягузорӣ асосёфта», «Истиқлолияти энергетикӣ – кафолати рушди иқтисоди миллӣ», «Тоҷикистон – кишвари туризм», «Афзалиятҳои Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ», ҳамчунин, перомуни рушди бахшҳои истеҳсолӣ, тақвияти робитаҳои мустақими байни соҳибкорону сармоягузорон, ҷустуҷӯи роҳҳои нави  тавсеаи шарикии судманд ва масоили дигари ҳамкорию шарикӣ изҳори андеша карданд.
Сипас, ширкатдорони ҷашнвора дар шаш бахши (сексияи пленарӣ) алоҳидаи соҳавӣ мустақим гуфтугӯ намуданд.
Дар бахши аввал мавзӯи «Сиёсати иқтисодӣ бар пояи сармоягузорӣ барои рушди истеҳсолот» баррасӣ гардид. Дар бахши дуюм имконот, рушди инфрасохтор ва дурнамои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, имконоти рушди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, имтиёзу кафолат ва дастгириҳои давлат барои соҳибкорону сармоягузорон, имкониятҳои нави  соҳибкорону сармоягузорон, ҷустуҷӯи ҷараёнҳои наву инноватсионӣ, технологияҳои навтарин ва бозорҳои  фурӯши маҳсулот дар меҳвари  гуфтугӯи рӯбарӯю ошкоро, мубоҳиса ва баррасии соҳибкорону сармоягузорон қарор ёфтанд.
«Ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои самарабахши расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун кафолати рушди иқтисоди миллӣ». Чунин ном дошт мавзӯи меҳварӣ дар бахши сеюм. Мутахассисону коршиносон ва соҳибкорон доир ба  имконоти  рушди соҳаи энергетикаи тоҷик ва бо такя ба технологияҳои  инноватсионӣ босамар истифода намудани захираҳои беназири  энергетикии Тоҷикистон изҳори назар ва таҷриба намуданд.
Дар бахши чорум доираи  васеи масъалаҳои вобаста ба фаъолгардонии имконоти инфрасохторӣ,  мубаддал намудани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, сармоягузорӣ дар бахшҳои нақлиёт, логистика ва талош барои  баромадан ба роҳҳои баҳрӣ баррасӣ шуданд.
Нигоҳдорӣ, коркард ва содироти маҳсулоти  кишоварзӣ, ислоҳоти соҳа ва имконоти нави  сармоягузорӣ мавзӯъҳои асосии  бахши панҷум буданд.  Масъалаи асосии бахши охирини пленарӣ «Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ» ном дошт. Атрофи  мавзӯъҳои такмили пойгоҳи меъёрию ҳуқуқӣ, ислоҳоти соҳа, рушди инфрасохтори туризми байналмилалӣ ҳамчун омили муҳими  ҷалби сайёҳони ҷаҳон, имконоти  кашфнашудаи бахши туристии  Тоҷикистон дар мисоли Варзобу Сағирдашт ва  мавзеъҳои дигари биҳиштосо, ба бренди байналмилалӣ табдил додани бахши сайёҳии мамлакат андешаҳо ва пешниҳодҳои муҳим баён гардиданд.
Аз рӯи натиҷаи вохӯрию гуфтугузорҳои мустақим дар сексияҳо байни сармоягузорон, соҳибкорон ва  мақомоти давлатӣ зиёда аз 20 шартномаи муҳими сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар қисмати фарҷом Изҳороти  ширкатдорони Ҷашнвораи байналмилалии соҳибкории «Душанбе – 2016» қабул гардид.
С. АЗИЗӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2016    №: 206    Мутолиа карданд: 2754

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед