logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД

14 октябр дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуда, сухан ронданд.
Масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нахуст дар мулоқоти хосаи роҳбарони ҳайатҳо ва сипас дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Нишасти навбатӣ бо иштироки роҳбарони давлатҳои аъзои СААД Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ва Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев баргузор гашт.
Дар кори ҳамоиш, аз ҷумла масоили марбут ба Стратегияи амнияти дастаҷамъӣ барои то соли 2025 ва тадбирҳои иловагӣ дар мубориза бар зидди терроризм баррасӣ шуданд.
Зимни суханронии худ дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати муборизаи муштараку беамонро бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизму зӯроварӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру аслиҳа ва ҷиноятҳои фаромиллӣ таъкид намуда, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба масоили авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, махсусан вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ҷалб карданд.
Бо таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон дар сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои созмон боиси афзоиши хатару таҳдидҳои муосир гардида, амнияту суботи минтақаро халалдор менамояд.
Зарурати муборизаи дастаҷамъона ба муқобили зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳонро махсус таъкид намуда, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон бо назардошти мавқеи ягонаи худ дар сафи пеши ин мубориза қарор дорад ва дар ин самт аз мувофиқаҳои дар доираи СААД бадастомада ҷонибдорӣ менамояд.
Дар охири кори ҷаласаи навбатӣ Изҳороти муштараки сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба муқовимати муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа қабул шуда, як зумра санадҳои дигари муҳим ба имзо расиданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2016    №: 206    Мутолиа карданд: 2449

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед