logo

иҷтимоиёт

ПОЙТАХТ. ОЗОДАГӢ ҲУСНИ ШАҲР АСТ

Шаҳр аз даврони қадим маркази илму адаб, фарҳангу маърифат, макони ободу озода буд. Имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад. Хоса пойтахт, ки маркази  тамаддун аст, дар радифи маркази маданияту фарҳанги воло доштан бояд тозаю озода ва макони ҳаловату ҳузури сокинонаш бошад. Чанд соли охир сохторҳои масъули шаҳри Душанбе дар талоши  онанд, ки пойтахти кишвар ободу зеботар гардад.
 
Як нуқтаи муҳими маданияти шаҳрдорӣ ин аст, ки бояд оғоз аз сохторҳои масъули ободонию сабзу хуррамгардонӣ то ҳар сокини пойтахт шаҳри Душанберо бо такя ба Маромномаи пойтахт аз ҳама ҷиҳат дилорою маҳбуби дилҳо гардонем. Кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи зебоипарастӣ, озодагию риояи тартибу низоми шаҳр тарбия кунем. Ба онҳо талқин намоем, ки пойтахти мамлакат хонаи умумии мост ва он бояд гулу гулзору макони истироҳату сайргоҳи ҳамагон бошад. Ашхоси ин зебоиро доғдор ва ба қадри офарандагони он нарасидаро бояд хушдор диҳем, ки ин рафтори ношоистаи онҳо ба шаъни сокини шаҳр, хоса пойтахт будан, намезебад. Дар кишварҳои мутамаддини ҷаҳон баробари ба озодагии  шаҳрҳояшон диққат додан ашхоси  бемаданиятро барои одоби шаҳрдориро риоя накардан ҷарима мебанданд. Чунончи, дар кишварҳои  Фаронсаю Олмон ва Сингапур барои дар кӯча партофтани пасмондаи як дона  сигор аз шахси ин корро содиркарда 35 евро ҷарима меситонанд. Барои туф кардан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ то 35 евро  ва партофтани партов то 100 евро шахсро ҷарима мебанданд. Дар сурати такрор шудани ин ҳуқуқвайронкуниҳо ҷарима то 1000 евро  боло меравад. Барои дар кӯчаҳои шаҳри Париж партофтани партов аз биноҳои истиқоматӣ аз 150 то 600 евро, анвои ғизоӣ 190 евро ва партофтани партов дар ҷангалзор  1500 евро ҷаримабандӣ пешбинӣ шудааст.
Дар аксари кишварҳои Аврупо шоҳидони ин гуна  ҳодисаҳо ба идораҳои масъул хабар дода, мукофот мегиранд ва шахсияти онҳоро ошкор намекунанд.
Моро ҳам зарур аст, ки дар пойтахти мамлакат маданияту одоби  шаҳрдориро риоя карда, ба озодагию тару тозагии растаю кӯчаю хиёбонҳояш нигариста бигӯем: Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе!
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2016    №: 207    Мутолиа карданд: 3236

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед