logo

маориф

РАШТ. МУШКИЛОТИ ҲУНАРОМӮЗОН БАРТАРАФ ГАШТ

Дар навоҳии кӯҳистони водии Рашт аз ҷониби роҳбарияти ноҳияҳо ва бахшҳои фарҳанг  ба масъалаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагию бофандагӣ, ҳунари рассомӣ ва хунёгарӣ тадбирҳои судманд амалӣ карда мешавад.
Тавре ки Далер Умаров, мудири қисми илмии Муассисаи давлатии таълимии бачагонаи санъати ноҳияи Рашт, иттилоъ дод сафи довталабон ба гурӯҳҳои омӯзиши муассисаи мазкур аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия рӯз то рӯз афзуда истодааст. Ҳоло беш аз 73 нафар хонандагон ба 6 гурӯҳи омӯзишӣ ҷалб карда шудаанд. Дар арафаи таҷлили Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бинои наву замонавӣ таъмин гардида, бо таҷҳизоти омӯзишӣ таҷҳизонда шуд. Дар бинои мазкур 6 синфхона барои гузарондани машғулиятҳои ҳунаромӯзӣ ҷудо гардидааст. Фаъолияти муассиса тибқи барнома роҳандозӣ гардида, таълим дар гурӯҳҳои он муддати 5 сол сурат мегирад.  9 нафар омӯзгори соҳибихтисос низ ба ҳунаромӯзон машғулият мегузаронанд. Таълим дар ин муассиса тариқи инфиродӣ ба роҳ монда, ҳунаромӯзони бахшҳои 4 ва 5 имтиҳон месупоранд. Хонандагон баъди дарсҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамарӯза дар ин марказ ба машғулият фаро гирифта мешаванд. 
Беш аз 45 нафар  духтарон  аз соли 2007  муассисаро хатм намуда, айни ҳол 5 нафар дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва  санъати Тоҷикистон, 3 нафар дар Донишкадаи давлатии дизайн ва санъати тасвирӣ, 2 нафар дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил доранд. Ҳамчунин 1 нафари дигар дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия ба хонандагони муассисаи таълимии ибтидоӣ дарс медиҳад.
Соли ҷорӣ барои харидории асбобҳои мусиқӣ аз ҳисоби маблағҳои дохилии муассиса 5000 сомонӣ ҷудо гардид. Аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон 7 адад асбоби мусиқӣ, аз қабили 1 рубоби қошғарӣ, 2 тор, 1 думбураи дароз ва 4 думбура оварда шудааст.  Мушкилӣ танҳо дар норасоии тахтаҳои рассомӣ мебошад. Баҳри бартараф намудани ин мушкилӣ аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба Вазорати фарҳанг дархост пешниҳод карда шудааст. Умед аст, ки масъалаи мазкур низ бартараф мешавад.
- Ноҳияи Рашт аз қадим дорои мактаби мусиқӣ ва ҳавзаи адабии хеш буд. Мардуми ин минтақа табиатан боистеъдод ва хеле ҳунарманданд. Ҳаводорони омӯзиши фарҳанг ва ҳунарҳои миллӣ аз ҳисоби ҷавонону наврасон ҳанӯз ҳам зиёданд. Хушбахтона ба шарофати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар тамоми мушкилоти соҳа, ки боиси монеаи рушд мегашт, бартараф гардид. Ба нақша гирифтаем, ки шумораи гурӯҳҳои омӯзишӣ ва сафи ҳунаромӯзонро  дар оянда зиёд намоем. Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон кӯшиш дорем, ки ҳамкории ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо муассиса ба роҳ монда шавад, - гуфт дар хотимаи суҳбат Далер Умаров.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2016    №: 207    Мутолиа карданд: 5510

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед