logo

иқтисод

МОШИНСОЗӢ. АЗ ОЗМОИШГОҲ ТО РУШДИ СОҲА

Озмоишгоҳи замонавии кафедраи «Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» - и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ дорои дастгоҳҳои универсалӣ ва ғайрианъанавӣ, дастгоҳҳои бо барномаҳои рақамӣ идорашаванда, ҳамчунин қитъаи обутобдиҳии ҷузъҳои мошин, қитъаи лоиҳакашии компютерӣ ва қитъаи кафшергарӣ буда, дар он донишҷӯёни бахшҳои 2, 3 ва 4 аз усулҳои муосири шаклсозии мошинҳо, ташхиси системаҳои техникӣ, системаи лоиҳакашии автоматикардашуда ва амсоли инҳо корҳои озмоишӣ ва амалӣ мегузаронанд.
 
Таъсиси озмоишгоҳи замонавӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва давлати Ҳиндустон барои тайёр кардани мутахассисони баландпоя ҷиҳати рушди саноати мошинсозӣ равона шудааст. Донишҷӯён имкон пайдо кардаанд, ки баъд аз хатми донишгоҳ дар корхонаҳои истеҳсолӣ,  ҳамчунин нуқтаҳои таъмири мошинҳо ва корхонаҳои коркарди меваю сабзавот кор кунанд. Аммо бо дарназардошти фаъолияти номукаммали баъзе аз коргоҳҳои мошинсозӣ донишҷӯён дар раванди таҷрибаомӯзӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Комил Зокиров, сармутахассиси Раёсати мошинсозии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, доир ба фаъолияти коргоҳу корхонаҳои мошинсозӣ дар мамлакат, иброз дошт, ки тамоюли барқароршавии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои мошинсозӣ танҳо аз соли 2000-ум ба назар расид. Барои раҳоӣ аз буҳрони амиқи техникию молиявӣ дар якчанд корхонаҳо  корҳои таҷдиду барқарорсозӣ анҷом дода шуданд. Ба мисоли корхонаи «Тоҷиказот», ки аз сабаби норасоии гази моеъ муваққатан аз фаъолият боз монда, дар давоми сол бо ворид намудани технологияи муосир ва бо истифода аз ангишт ба кор оғоз менамояд. Ба чунин монанд, корхонаи ҷамъубасти тракторҳои «Тоҷирон» мебошад, ки дар заминаи ҶСК «Ҳумо» таъсис ёфта, дар ҷумҳурӣ харидори худро пайдо накард. Ҳоло дар ҳамкорӣ бо КВДҶ «Тоҷикагролизинг» хариди тракторҳои корхонаи мазкур ба тариқи лизингӣ ба роҳ монда шудааст. Боварӣ дорем, ки дар соли оянда ин корхона фаъолияташро ҷоннок менамояд. Айни ҳол, дар ноҳияи Ҳисор сохтмони корхонаи нави ҷамъубасти мошинолоти кишоварзӣ ҷараён дорад. Аллакай то ба имрӯз 65 дарсади корҳо ба анҷом расидаанд. Албатта, дар саноати мошинсозии  пешрафтаи ҷаҳон рақобатпазир гардондани маҳсулоти истеҳсолӣ ва бунёди маҳз корхонаи истеҳсоли мошин заҳмату талошҳои зиёдро тақозо дорад. Ҳоло саноати мошинсозии кишвар аз ҳисоби таъсисёбии коргоҳу корхонаҳои нав, истеҳсоли зиёда аз 20 намуди маҳсулот, ба монанди тракторҳо ва мошинолотҳо, қисмҳои эҳтиётӣ барои неругоҳҳои барқи обӣ ва роҳи оҳан, профилҳои алюминийи рӯйпӯшкардашуда, арматураи сохтмонӣ, кунҷакҳои металлӣ, лампаҳои каммасрафи люменисентӣ ва диодӣ, аккумуляторҳои автомобилии иқтидорашон гуногун ва амсоли инҳоро ба роҳ мондааст. Ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ва тайёр кардани кадрҳои пуртаҷриба низ ба рушди саноати мошинсозӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2016    №: 207    Мутолиа карданд: 2628

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед