logo

иқтисод

НАҚЛИЁТИ ҲАВОӢ. ХИЗМАТРАСОНӢ БА БЕҲБУДӢ НИЁЗ ДОРАД

Дар самти муосиргардонии соҳаи авиатсияи кишвар солҳои охир  тадбирҳои зиёде роҳандозӣ мешаванд, ки бешубҳа, ба баланд гардидани  сатҳи хизматрасонии соҳа мусоидат мекунанд. Бунёди терминалҳои замонавӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, инчунин ташкили ҶСК  “Тоҷик эйр”, азнавсозии терминали фурудгоҳҳои маҳаллӣ, кушодашавии хатсайрҳои нав, таъмини парк бо тайёраҳои наву  муосир  ва амсоли инҳо аз ҷумлаи чунин дастовардҳо мебошанд. Дар ин замина сатҳу сифати хизматрасонии  нақлиёти  ҳавоии  кишвар  хеле  боло  рафт. Вале...
 
Дар хатсайри Душанбе - Хоруғ ва навоҳии Бадахшон хизматрасонии соҳа ҳанӯз ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз  дорад. Гап дар сари стандарт ва сифати муосири хизматрасонӣ  намеравад. Муаммо ин  аст, ки дар ин самт ба ҷойи кушода шудани хатсайрҳои нав хатсайрҳои пешамалкунандаи  Душанбе - Хоруғ - Мурғоб, Душанбе –Хоруғ - Ишкошим, Душанбе - Сағирдашт, Душанбе – Ванҷ ва Душанбе – Рӯшон тамоман аз байн рафтаанд, ки боиси ташвиш  аст. Мо шоҳиди ҳолем, пеш  дар  ин  хатсайр  ҳавопаймоҳои “Як - 40”  рӯзе  то  15  рейс  иҷро  мекарданд  ва  мусофиронро  дар  45  дақиқа  ба  манзил  мерасонданд. Имрӯз  бошад, ин тайёраҳоро як ҳавопаймои  “Ан”  иваз  кардааст, илова ба ин, он вақту  соати  аниқи парвоз надорад.
Ба  гуфтаи  як  корманди  фурудгоҳи  шаҳри  Хоруғ,  парки ҳавопаймоҳои  ҶСК “Тоҷик эйр” аз  “Як - 40”  бархӯрдор  аст. Аммо  барои  аз  лиҳози худхароҷотбарорӣ зараровар будани  парвози “Як - 40”  ва норасоии мутахассисон  дар  хатсайрҳои  маҳаллӣ  парвози  ин  ҳавопаймо ба фурудгоҳи Хоруғ чанд сол боз қатъ шудааст. Ҳавопаймои “Ан - 28” бошад, қариб ҳар рӯз, баъзан, агар мусофир аз ду тараф  бошад, 2 бор ба Хоруғ парвоз мекунад. Аммо мушкил он аст, ки барои гаронии нархи парвоз дар хатсайри ҳавоӣ (он айни ҳол ба 605 сомонӣ  мерасаду як сол пеш аз ин ҳам баландтар буд ва дар қиёс бо дигар  хатсайрҳои маҳаллӣ ин ҳам аз ҳама қиматтар аст) бештари мусофирон ба  мушкили роҳҳои кӯҳсор нигоҳ накарда, тариқи мошинаҳои мусофиркаш ба роҳ  мебароянд.
Бештари мусофирон сабаби даст кашидан аз истифодаи нақлиёти ҳавоиро ба паст будани сатҳи хизматрасонӣ ва эътимод накардан ба низоми парвозҳо дар ин хатсайр рабт медиҳанд. Мусофирон дар  фурӯши чиптаҳо ба аввалин бесарусомониҳо дучор меоянд. Барои  парвоз ба шаҳри Хоруғ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе нуқтаи алоҳидаи  фурӯши чиптаҳо ташкил шудааст, аммо ҳангоми фурӯши онҳо (як рӯз пеш аз парвоз), рӯзҳое, ки аз  ду тараф мусофир зиёд аст рӯйхати  навбати мусофирон, ки қайдгирӣ дар он то соати 730 - и  субҳ  ба охир мерасад, ҳар замон бо баҳонае халалдор  мегардад. Сониян, агар чипта ба даст ояд, бақайдгирии  мусофирон  расо соати 6-и субҳи рӯзи дигар эълон шуда бошад ҳам, он дар вақти  муқарраршуда сурат намегирад. Баъзан чунин ҳолат ҳам рух медиҳад, ки дар бораи ба  таъхир афтодани вақти парвоз, то кадом соат ба таъхир мондани он ва сабаби таъхир тариқи баландгӯяк эълон пахш намегардад. Мусофир Мамадшоева С. гуфт, ки вақти сафар бо духтари хурдсолаш ба  шаҳри Хоруғ баъди саргардониҳои зиёд чипта харида, рӯзи дигар соати  расо 600 дар нуқтаи бақайдгирии фурудгоҳ ҳозир шудааст. Оҳиста - оҳиста дигар мусофирон низ ҷамъ шудаанд. Вале бақайдгирӣ оғоз нашуда, аз таблои эълонҳо  дарёфтаанд, ки  парвози  самолёт бо сабаби номаълум аввал то соати 830, сонӣ то 1030, баъд  то 1230 ва ниҳоят то соати 1400 боз дошта  шуда, баъди соати 14 эълон гардидааст ва оқибат парвози ҳавопаймо ба пагоҳ  мононда шудааст. Ӯ ва боз чанд мусофири дигар маҷбур шудаанд, ки чиптаҳоро ба нуқтаи чиптафурӯшӣ супурда, роҳи терминали  нақлиёти  мусофиркашонии автомобилиро пеш гиранд... 
Собиқадори ҷангу меҳнат, сокини шаҳри Душанбе А. Раҳмонқулов аз он изҳори  нигаронӣ кард, ки дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо азобе тариқи талон барои ду тарафи парвоз чипта харида, барои табобат дар чашмаи шифобахши Ҷелондеҳ ба Бадахшон омад. Саломатиашро барқарор  карду ҳангоми бозгашт дар фурудгоҳ боз ба мушкилӣ рӯ ба рӯ гардид. Рӯзи аввал парвози ҳавопайморо чанд маротиба аз як соат ба соати дигар  гузаронда, оқибат эълон карданд, ки   парвози самолёт  ба  рӯзи дигар гузаронда шуд. Рӯзи дуюм аз  масъулини  фурудгоҳ  фаҳмидем, ки бо сабаби  номусодии обу ҳаво (ҳол  он ки ҳаво хеле соф буд) парвоз боз дошта мешавад. Рӯзҳои минбаъда  ҳам бо сабабҳои номаълум ҳавопаймо парвоз накард. Ҳамин тариқ, бештар аз даҳ  рӯз чипта дар дастам буду ҳар саҳар ба фурудгоҳи шаҳри Хоруғ омада,  боз ноумед бармегаштам. Вақте  ки  дар  ин бора тариқи телефони  90 510 02 00 аз  кормандони фурудгоҳи шаҳри  Душанбе суол кардам, ба ман бе ибо ҷавоб доданд, ки вақте ҳавопаймо ба Хоруғ биёяд, бо он гашта омада метавонед. Вале ба саволи кай меояд ҷавоб доданд, ки дар рӯзҳои наздик, аммо аниқ кай, маълум нест. Дигар ман аз баҳри ҳамааш гузашта, бо мошин роҳи Душанберо пеш гирифтам.
Суоли матраҳ чунин аст: дар доираи ислоҳоти низоми идоракунии авиатсия хатсайри Душанбе - Хоруғро ҳамчун қисмати  хатсайрҳои дигар беҳбудие интизор аст?   
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2016    №: 207    Мутолиа карданд: 2693

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед