logo

иҷтимоиёт

ЛИБОСИ КОРӢ. ЧАРО МАСЪУЛОН ЭЪТИБОР НАМЕДИҲАНД?

Афзудани шумораи бозору фурӯшгоҳҳо, ҳаҷми фондҳои дастгирии соҳибкорӣ, имтиёзҳои андозӣ, гумрукӣ, бонкӣ, содагардонии низоми иҷозатгирӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ бозгӯйи онанд, ки соҳибкорӣ мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор дошта, Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди  он  пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Аммо, сарфи назар аз шароиту имконоти хуб, маданияти бозордории мо  ҳанӯз ҷавобгӯи талаботи замон нест.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки масъулони корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Корвон» - и шаҳри Душанбе, бузургтарин маркази савдои мамлакат, ки дар он 800 ҷойи савдо ва марказҳои зиёди хизматрасонӣ мавҷуданд, ба либоси махсуси тоҷирон эътибор намедиҳанд. Фурӯшандаҳо либоси корӣ надоранд. Ҳангоми дар дохили бозор гаштугузор кардан  фурӯшандаро аз харидор фарқ кардан душвор аст. Бархе  фурӯшандагон бо шалвору либосҳои барои хона пешбинишуда  саргарми коранд, ки дар бозор хушоянд нест.
Тоза нигоҳ доштани ҷойи кор, ба бар кардани либоси махсуси тозаю озода ва рӯйи хушу муомилаи нарм  нишонаҳои маданияти бозордорианд. Аммо, ҳангоми    сайри бозор  мушоҳида намудем, ки    баъзе соҳибкорон  пешбанди кабудро ба бар намуда бошанд ҳам, дар онҳо эмблемаи  (тамғаи) дорои акс, навиштаҷоти шакли хизматрасонӣ ва номи  нуқтаи савдо мавҷуд нест. Баъзе аз тоҷирони бозор пешбандҳои куҳнаю рангпарида пӯшиданд. Онро ҳам фақат   соҳибкорони  саҳни беруни бозор ба бар кардаанд. Фурӯшандаҳои дохили бозор либоси корӣ надоранд.  Аксари савдогарон, аз ҷумла фурӯшандаҳо С. Давлатов ва А. Шарифов, изҳор доштанд, ки либоси кории онҳо аз матои  истеҳсолгарони ватанӣ буда,  пурра аз нахи пахта бофта шудааст ва зуд сифаташро гум мекунад, аз ин рӯ, онро намепӯшанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҷумҳурӣ корхонаҳои   замонавии дӯзандагӣ фаъолият менамоянд ва ҷӯёи  фармоишгарону муштариён мебошанд.
Муродалӣ  Камолов, директори  генералии бозор, гуфт, ки   онҳо боз дубора истеҳсоли  либоси кории навро  бо дигаргунӣ ва истифода аз матои хориҷӣ  ба мутасаддиёни корхонаҳои дӯзандагии «Гулистон» ва «Наврӯзгоҳ» фармоиш додаанд. Тарҳи тамғаро  Саидҷалол Махсумов, тарроҳи тоҷик,   кашидааст. Вале танҳо бо дархост додан масъала ҳал намешавад, зеро, тавре маъмурони бозор гуфтанд, фурӯшандаҳо либоси корӣ доранд (шояд онро дар хона нигоҳ медоранд ва пӯшиданашро зарур намедонанд). Муҳим риояи қоидаҳои савдо ва маданияти бозордорист. Кай ин масъала ҳалли худро меёфта бошад?
Иронбӣ  МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2016    №: 207    Мутолиа карданд: 2507

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед