logo

иҷтимоиёт

“ПОЧТА. ХОНАНДА НИГАРОН АСТ, ЧАРО?”

Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ, матбуоти кишвари мо имрӯз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад, ки ин  боиси фараҳмандист. Кормандони соҳаи алоқаи почтавии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хуб медонанд, ки маҳз рӯзномаву маҷаллаҳо сарчашмаи ғизои маънавӣ, сарнавиштномаи мардумӣ ва солноманависи таърихи диёр маҳсуб гардида, аҳли эҷоди нашрияҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ дар пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, ташаккулёбии ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва тарбияи маънавии шаҳрвандон саҳму нақши назаррас доранд. 
 
КФ КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Суғд қаноатмандӣ аз ҳамкории муштарак ва босамару судманди муассисаҳои худ бо идораи эҷодии рӯзномаи бонуфузи “Ҷумҳурият”, ки аслан, ҳадаф аз он хидмат  ба нафъи халқ ва миллату давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд, самимона изҳор медорад. Маҳз кормандони марказҳои алоқаи почтаи шаҳру ноҳияҳо, қатъи назар аз мушкилоти гуногуни молиявию иқтисодӣ ва техникии мавҷуда, ҳамарӯза софдилонаю бедареғ саъю кӯшиш менамоянд, ки рӯзномаву маҷаллаҳоро ба хонандагон расонанд.
Мақолаи рӯзноманигори шинохта Ҷовиди Аштӣ бо унвони “Почта. Хонанда нигарон аст, чаро?”, ки дар нашрияи расмии мамлакат – “Ҷумҳурият” (шумораи № 140 аз 22 июли соли 2016)  нашр гардидааст, дар ҷаласаи васеи кормандони КФ КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони муассисаҳои  тобеъ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Рӯзноманигор сари вақт дастрас нагаштани нашрияҳо ва нигаронии обуначиёнро дар ноҳияҳои Деваштич, Ҷаббор Расулов, Ашт, шаҳри Гулистон ва корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин қайд намудааст.
Роҳбарони маркази алоқаи почтавии дар боло зикргардида барои роҳ додан ба саҳлангорӣ ҷиҳати сари вақт дастрас нагардидани рӯзномаҳо огоҳонда шуда, минбаъд барои беҳтар намудани суръату сифати хизматрасонӣ ва сари вақт дастрасгардонии муросилоти почтавӣ дастур гирифтанд.
Табиист, ки ҳоло марказҳои алоқаи почтаи шаҳру ноҳияҳо бо имконоту заминаҳои дар ихтиёри худ дошта - теъдоди зиёди шуъбаҳои алоқа,  кормандон - хаткашонҳо воситаи беҳтарин ва ҳамкори боэътимодтарин ҷиҳати сари вақт дастраснамоии нашрияҳо маҳсуб меёбанд. Аҳли меҳнати муассисаҳои мо, ки ба касбу кори хоксоронаи худ, воқеан ҳам, меҳру муҳаббат ва садоқати беандоза доранд, тайи 25 соли  соҳибистиқлолии мамлакат, қатъи назар аз мушкилоту душвориҳои пешомада, рисолату вазифаи касбиашонро софдилона ба ҷо меоранд ва КФ КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Суғд барои рафъи камбудиҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Итминони комил дорем, ки қазияи зикргардида ба хотири мусоидат ба пешрафти кори судмандамон мусоидат хоҳад кард.
М. ЮСУФОВ, 
сардори КФ КВД “Почтаи тоҷик”
дар вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2016    №: 207    Мутолиа карданд: 2602

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед