logo

иҷтимоиёт

ГУЛИСТОН. ЧАРО БАРОИ ҶАҲОНГАРДОН ҚОЛИНҲОИ АРМУҒОНӢ НАДОРЕМ?

Ҳар  шаҳру ноҳияи  кишвар    урфу одат, анъана,  маҳсулоту хӯришҳои хоси худро дошта,  бо он муаррифӣ мегардад. Муаррихон низ дар навиштаҳои хеш хусусияти мардуми минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро  дарҷ кардаанд. Масалан, агар  сухан аз куртаи чакан равад,  минтақаи Кӯлобу мардуми он ҷо пеши назар меояд. Ҷӯробҳои пашмини рангорангро ба минтақаи Бадахшон ва  зардолупарвариро ба  вилояти Суғд марбут медонанд. 
 
Шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) қаблан дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар барорбари  бо  моҳидорӣ, энергетика ва соҳили «Баҳри тоҷик»  машҳур буданаш,  ҳамчун шаҳри қолинбофон маъруф буд. Меҳмонон аз гӯшаву канори олам барои истироҳату сайёҳат ба Тоҷикистон, бавижа Гулистон, омада, аксари онҳо ҳангоми  бозгашт  аз мағозаи фирмавии корхонаи «Қолинҳо»  чун армуғон қолин ё гилем  мехариданд. Он замон маҳсулоти корхона  бисёр бозоргир буд. Ба воситаи сайёҳон шуҳрати қолинҳои истеҳсоли ватанӣ ба давлатҳои дуру наздик паҳн гардид, ки обрӯйи Тоҷикистони азиз низ ҳаст.
Мутаассифона,  ҳоло  корхона мавқеи худро аз даст додааст. Дар шаҳр мағозаи  махсуси фирмавӣ  ё  дукони кӯчаке, ки он ҷо қолину палосҳои вирдизабоншудаи корхонаи «Қолинҳо»   ба савдо равад, вуҷуд надорад.  Агар  муассисону саҳмдорони корхона  тибқи барномаи мушаххас оид ба афзоиши истеҳсол ва  вусъати фурӯши маҳсулоти хеш амал мекарданд, масъала ранги дигар мегирифт. Вале қолинҳо мувофиқи завқу хоҳиши кӣ истеҳсол ва чӣ гуна ба фурӯш гузошта мешаванд, рӯшан нест.  Ҳол он,  ки дар осоишгоҳҳои  «Баҳористон»,  «Шифо»  ва  «Соҳил»  мавсими тобистон теъдоди сайёҳони манотиқи гуногуни кишвар ва хориҷ афзудааст.
Бино ба маълумоти омории маъмурияти осоишгоҳи «Баҳористон», соли равон қариб аз 100  давлати дунё одамон ба  ин муассиса барои  фароғату  табобат омадаанд. Табиист, ки аксари онҳо аз ин шаҳр хоҳиши харидани молеро  ҳамчун  армуғон  доранд.  Дар ин маврид қолин, хусусан агар дар он манзараҳо ва тамошогоҳҳои кишвар инъикос ёбанд, беҳтарин армуғон шуда метавонад. Аммо  имрӯзҳо фурӯши чунин мол дар шаҳри Гулистон ба роҳ монда нашудааст. Бинобар ин, аз қолинчаҳои замоне машҳури Қайроққум, ки меҳмонони гӯшаҳои гуногуни мамлакат ва хориҷ онро чун дастовез мехариданд,  ҳоло дараке нест. Ҳарчанд маҳсулоти  қолинӣ айни замон дар кишвар фаровон аст, зарурати истеҳсоли   қолинчаҳои хурди армуғонии дорои аксу тасвирҳои ҷолиб аз манзараҳои нотакрори табиати Тоҷикистон пеш омадаст. Солҳои охир ба водии зебоманзари Суғд, бавижа шаҳри Гулистон, даҳҳо ҳазор сайёҳ меояд. Агар қисме аз онҳо чун дастовез қолинчае харида, ба кишвари дигар баранд, қадами бузурге дар муаррифӣ намудани ҷумҳурӣ ва рушди иқтисодиёти он мебошад. Пас, чаро мувофиқи шавқу завқи ҷаҳонгардону меҳмонон гилемчаҳои зебо барои дастовез истеҳсол накунем?
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2016    №: 207    Мутолиа карданд: 2591

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед