logo

сиёсат

САҲНАИ СИЁСИИ ҶАЛАСАИ САҲА БОЗИНГАРОНИ ПАСИПАРДАГӢ ДОШТ ВА ДАСТГИРӢ НАЁФТ

Дар ҷаҳони муосир давлатҳои абарқудрат талош доранд, ки таъсири қудрати худро афзунтар созанду ба ҷойи таҳкими бехатарии ҳаёти инсоният кишварҳои рӯ ба тараққиро дар таҷрибаҳои пешбининамудаи ба ном «демократиясозӣ» бисанҷанд ва баҳри татбиқи ин тарҳ аз ҳамаи имкониятҳо кор гиранд. Дар ин раванд таъмини бехатарии кишварҳои рӯ ба инкишоф дар мадди аввал бояд қарор гирад. Озмоишҳои сиёсӣ аз ҷониби кишварҳои  абарқудрат имрӯз хеле  шадид ва дар аксар маврид орӣ аз эҳтиром ба арзишҳои олии башардӯстона амалӣ карда мешаванд.
 
Дар аксар саҳнаҳои сиёсие, ки амалҳои вонамудсозандаи паст кардани шиддати муқовиматҳо сурат мегиранд, дар асл пур аз ғаразҳое мебошанд, ки аз ҷониби баъзе аз кишварҳо идора мешаванд.  Аз ин нуқтаи назар, нақшаи дар хориҷи кишвар тарҳрезишудаи моҳи сентябри соли 2015 барои Тоҷикистони соҳибистиқлол имтиҳони ҷиддие буд. Ҷомаи амал напӯшидани ин амал аз ҷониби ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки мақсади ғаразноки бо роҳи ба гирдоби нооромиҳо афкандани ҷомеа ва татбиқи низоми идоракунии мазҳабӣ ҳеҷ вақт дар байни мардум дастгирӣ намеёбад. Ин амали зишт баҳои сиёсию ҳуқуқии муносиб ёфт ва ҲНИТ ҳамчун қуввае, ки амали террористиро барои ба ҳадафи сиёсӣ расидан қабул дорад, дар байни оммаи васеи мардум  эътибору таъсири худро пурра аз даст дод.
Чунин сурат гирифтани кор барои ҷонибдорони молиявию мафкуравии ҲНИТ ғайричашмдошт буд. Аз ин рӯ, онҳо қисме аз нақшаҳояшонро ба хориҷи кишвар кӯчонданд, то ин ки ба воситаи таъсиру фишор ба Ҳукумати Тоҷикистон тарафдорони худро дар ҷомеаи Аврупо гирд оваранд. Саҳнаи сиёсие, ки рӯзи 24 сентябр дар ҷаласаи САҲА дар Лаҳистон бо ҷалби баъзе аз ҷонибдорони ҲНИТ ба вуқӯъ пайваст, аслан дар байни ҷомеаи Аврупо дастгирии васеъ пайдо карда натавонист, ҳарчанд баъзе аз  ниҳодҳои манфиатдори ҳуқуқию сиёсӣ – роҳбарони пасипардагии ин бозингарон, кӯшиш намуданд, ки садои ангезаи сиёсиро пуробуранг намоянд. Мутаассифона, аз тарафи гурӯҳҳои манфиатдор санадҳои ҳуқуқии байналмилалии қабулкардаи СММ ва худи САҲА дар ин маврид риоя карда нашуданд. Ин гурӯҳҳо нахостанд эътироф кунанд, ки баъзе нафарони дар пироҳанҳои эътирозкунандагон дар ҷаласаи САҲА иштироккарда тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амали террористиашон аз ҷониби Суди Олии кишвар маҳкум шудаанд.
Мурофиаи маҳкумшудагони ҲНИТ бо риояи муқаррароти қонунгузорӣ ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда сурат гирифт.
Барои намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон равшан буд, ки дар ҷараёни тафтишот тарафдорони ҲНИТ, ки ба табаддулоти давлатӣ айбдор буданд, бо вакилон ва кафолатҳои мурофиавӣ таъмин шуда, ба ягон шиканҷа ва амали ғайриқонунӣ гирифтор нашудаанд. Яъне, ҳукме, ки нисбат ба аъзои ҲНИТ аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, ба қонунҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда мухолифат надоранд. Дар ин ҷо хусусан риояи паҳлуҳои умдаю  калидии паймонҳои байналмилалӣ «Дар бораи ҳуқуқҳои инсон, ҳуқуқҳои гражданӣ ва ҳуқуқҳои сиёсӣ», «Дар бораи  ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ»-ро зикр кардан зарур аст, ки ин ду санади соли 1966 аз ҷониби СММ қабул гардидаро соли 1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ эътироф ва тасдиқ (ратификатсия) кардааст. Айни замон низ тибқи ин санадҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф менамояд, ки ҳар як тоҷикистонии дар хориҷи кишвар буда, метавонад озодона ба Ватанаш баргардад. Агар шахсият дар кашмакашиҳои сиёсие, ки паёмади террористию даҳшатафканӣ ба ҳисоб мераванд, иштироку даст дошта бошад, бояд ҳатман дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Чунин амалияи ҳуқуқӣ барои тамоми ҷомеаи мутамаддин маълум ва раванди муқаррарӣ ба шумор меравад, ки ҳадаф аз он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва суботи ҷомеа аст.
Баъди дар муассисаҳои ислоҳоти меҳнатӣ қарор гирифтани маҳкумшудагони ҲНИТ низ Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати аз эҳтироми ҳуқуқи инсонии худ бархӯрдор будани онҳоро дар асоси санадҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда, аз ҷумла «Муоҳида алайҳи шиканҷа» (1984) ба ҷо оварда истодааст. Гувоҳи ин мусоҳибаҳоест, ки моҳи охир дар сомонаҳои интернетӣ бо иштироки узви раёсати ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ ва Сайфулло Ҳикматуллозода нашр гардиданд. Аз ин мусоҳибаҳо бармеояд, ки онҳо дар муассисаҳои ислоҳоти меҳнатӣ аз хизматрасониҳои марбут ба ҳифзи саломатию шаъни инсониашон пурра бархӯрдоранд. Аз ин рӯ, амали анҷомдодаи ҷонибдорони ҲНИТ наметавонад ба ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Аврупо мушкилӣ пеш орад, балки ҳамоҳанг кардани манфиатҳо барои пешгирӣ намудани талошҳои ҳокимиятталабии исломи сиёсӣ дар замони кунунӣ муҳим ва зарур аст. Зеро таъмини амнияти ҷомеа ва шаҳрвандон аз ҳар гуна манфиатҳои марбут ба ҳолатҳои зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир афзалтар мебошад.
Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2016    №: 207    Мутолиа карданд: 2526

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед