logo

иҷтимоиёт

СОҲИБКОР: ЧАРО АЗ ПАЙИ ОБОДӢ НАБОШАМ?

Тоҷикистон баҳорро мемонад. Сари ҳар қадам қомат афрохтани биноҳои хуштарҳи замонавӣ дар шаҳру шаҳракҳои ин Ватани маҳбуб амсоли гулҳои тару тоза ва хушбӯю дидании муаттар дилу дидаи моро нур мебахшанд ва аз ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз башорат медиҳанд. Дар ин чаманистони зиндагӣ минтақаи афсонавии Раштонзамин ҷилои дигар дорад, ки нишон аз заҳматҳои хастанопазири фарзандони фарзона ва бонангу номусаш маҳсуб меёбад. Хоса ноҳияи Нуробод ва маркази воқеан зебову замонавии он Дарбанд, ки басо диданиву дилнишин аст, ҳусни Рашти бостонро меафзояд. Дар хуррамии ин шаҳрак, ки акнун зиннат гирифтан дорад, дар қатори талошҳои мақомоти маҳаллӣ саҳми сокинони сарбаландаш низ хеле чашмрас аст. Хоса соҳибкорони ватандӯст дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, пайи ободии диёри хеш хишт болои ҳам мегузоранд.
Дар ҳамсоягии маркази маъмурӣ беморхонаи ноҳиявӣ ҷойгир аст, ки саҳни он камие аз беморхонаҳои ҷумҳуриявӣ надорад. Ҳама ҷо тозаву озода. Мардуме, ки ба аёдат меоянд, дар айвончаҳои хушсохти замонавӣ наздикони бемори худро интизор мешаванд. Шабонгоҳ низ барои дидорбинӣ ҳамин айвончаҳо ниҳоят мувофиқанд - равшананду ҳам ҳавои тоза доранд.
- Дар ободии саҳни беморхона ҷавонмарди бонангу номус, соҳибкори маҳаллӣ Анваршо Шарифов саҳм доранд, ёдовар шуд дар суҳбат сардухтур Усмон Қувватов. - Мавсуф бо ташаббуси шахсияш бо харҷи қариб даҳ ҳазор сомонӣ айвончаҳои замонавӣ сохта, мушкили аёдаткунандагонро осон намуд. Имрӯз бо истифода аз шароити таъминнамудаи ин соҳибкор нафарони бааёдатомада камтар дохили бинои беморхона мегарданд, ки аз чанд ҷиҳат муфид аст. Аз ҷумла, ҷиҳати давоми рӯз тоза мондани роҳравҳо ва муҳимтар аз ин ҳавои дохили ҳуҷраҳо, ки аз ин, пеш аз ҳама, худи беморон манфиат мебардоранд...
 Дар баробари ин, Анваршо Шарифов корҳои дигареро низ ба манфиати умум ба анҷом расондааст. Ёрмандӣ ба оилаҳои камбизоат ва таъмини гурӯҳи мардум ба ҷойи корӣ доимӣ аз амалҳои шоистаи мавсуф маҳсуб меёбанд, ки эътиборашро миёни мардум бамаротиб афзудаанд.
 - Моро ба корҳои созандагӣ худи муҳит водор месозад. Ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аст, ки кулли соҳибкорон сармашқи кори худ намудаанд. Мо низ ифтихор мекунем, ки дар ҳамин қатор ҳастем. Чанд амале, ки анҷом додем, ҳанӯз оғози кор аст. Барои сазовор шудан ба унвони баланди соҳибкори ватандӯст, ҳанӯз тадбирҳои бештареро татбиқ бояд кард. Нуробод хона ва Тоҷикистон Ватани ман аст, пас, чаро дар пайи ободӣ набошам?!
Лола РИЗОЕВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2016    №: 208    Мутолиа карданд: 2461

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед