logo

иқтисод

ЧӢ НАМЕРАСАД? ДАР БОРАИ ТАҲИЯ ВА ТАТБИҚИ БАРНОМАҲОИ САНОАТӢ

Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии саноат» - и Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ягона ниҳоди омодасози тарҳи корхонаҳои саноатӣ дар мамлакат мебошад. Мутахассисони муассиса тӯли фаъолияти хеш дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар чанд барномаи аҳамиятноки коркарди комплексии ашёи хоми ватаниро таҳия кардаанд, ки иҷрои дурусти онҳо барои пешрафти иқтисодиёти кишвар ва таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти худӣ хеле муҳим аст. Аммо чанд сол боз аксар барномаҳо маблағгузоре пайдо накарданд ва дар пажӯҳишгоҳ болои ҳам хобидаанд.
Баҳодур Мирзоев, собиқ директори пажӯҳишгоҳ, собиқадори меҳнат дар соҳаи саноат, даҳҳо лоиҳаи пураҳамияти коркарди металлу маводи кӯҳиро омода сохтааст. Ӯ бовар дорад, ки агар сармоягузор пайдо гардаду нақшаҳояш мавриди амал қарор гиранд, фақат дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 30 корхонаи азим бунёд хоҳад ёфт, ки маҳсулоти онҳо дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро соҳиб мешаванд.
- Лоиҳаҳои  дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони пажӯҳишгоҳ омодакардаи банда,  пеш аз ҳама   коркарди ангиштсанг, кокс,  истеҳсоли фосфорид, хокаи алюминий ва  ғайраро дар бар мегиранд. Ҳоло дар бойгонии муассиса  қариб 10 лоиҳаи таъсиси коргоҳҳои бузурги саноатӣ мавҷуд аст. Барои амалӣ сохтани тарҳҳои мазкур борҳо  ба  соҳибкорону сармоягузорон муроҷиат намудам. Вале бенатиҷа, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Шаъбон Юсуфӣ, директори пажӯҳишгоҳ, дар самти роҳандозии барномаҳои коркарди ашёи хоми ватанӣ ва тавлиди маводи гуногуни ниёзи мардум наёфтани сармоягузори хуб мушкилии асосӣ мебошад. Дар пажӯҳишгоҳ мутахассисону олимони варзида зиёданд. Онҳо захираҳои табиии мамлакат ва истифодаи самараноки онро дуруст тадқиқ намудаанд ва метавонанд дар доираи имкониятҳои мавҷуда  барномаҳои нав таҳия созанд. Яке аз барномаҳои афзалиятнок ва камхарҷу сердаромади  соҳа парвариш ва коркарди соя (лӯбиёи чинӣ) мебошад, ки дар шароити табиии Тоҷикистон ниҳоят пурсамар аст.  Ин рустаниро дар кишти дуюм парвариш намуда, аз он равғанҳои техникӣ ва маводи дигар истеҳсол кардан имкон дорад. Тарҳи  мазкурро  ба чандин соҳибкор пешниҳод намудам. Мутаассифона, нафаре ба ин кор таваҷҷуҳ накард. Дар самтҳои дигар низ чунин мушкилӣ дорем.  Ин ҳолат ба рушди тадқиқоти илмӣ дар ҷодаи саноат ва истеҳсолоти ватанӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат «Барномаи   таҳқиқот ва таҳияи технологияи  истеҳсоли гилхок аз ашёи хоми гилхокдори кони Курговад (Бадахшони ғарбӣ)»,  ки аз ҷониби олимону  мутахассисони пажӯҳишгоҳ  омода  шуд, ҳоло мавриди амал қарор дорад.  Мувофиқи барнома  аз гилхоки  мавзеи номбурда  дар  натиҷаи  коркарди  кимиёӣ оксиди  алюминий  гирифта  мешавад, ки  барои  истеҳсоли  арзиз дар Ширкати  алюминийи  тоҷик  истифода  мегардад.  Ин дастгирии Ҳукумати ҷумҳуриро ба назар гирифта, соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ бояд ҳамкориро бо муҳаққиқони соҳаи саноат тақвият бахшанд. Онҳо аз ин амал яқин бурд мекунанд, на бохт.
Татбиқи барномаҳои соҳаи саноат дар тақвияти рушди истеҳсолоти ватанӣ нақши асосӣ мебозад. Айни замон амалисозии 15  барномаи соҳавӣ марҳила ба марҳила ҷараён дорад. Аммо дар баъзе маврид лоиҳаву барномаҳои таҳиянамудаи муҳаққиқону мутахассисони соҳа аз сабаби набудани  сармоягузор   рӯйи коғаз мемонанд.
Татбиқ  наёфтани нақшаву тарҳҳои кормандони муассисаи номбурда, ки ҷиҳати таҳияи онҳо заҳмати зиёд кашидаанд, ҳавасмандии мутахассисонро ба фаъолияти таҳқиқотию амалӣ кам мекунад. Зимнан, Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва  идораи амволи давлатӣ, изҳор дошт, ки  тарҳҳои пешниҳоднамудаи кормандони пажӯҳишгоҳ  ба талаботи ташкилоту созмонҳои молиявӣ  ҷавобгӯ нест ва ёфтани маблағгузор барои татбиқи онҳо хеле мушкил аст.   - Кумита бо пажӯҳишгоҳи саноат ҳамкории зич дорад. Барои  амалӣ гаштани барномаҳои таҳиякардаи олимону кормандони он, ки бунёди корхонаҳои комплексии саноатиро дар бар мегиранд, пайдо кардани  сармоягузори хуб яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо мебошад. Дар ин маврид аз ҷониби масъулони кумита нақшаву чорабиниҳои алоҳида ба роҳ монда, курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шудаанд, ки маҳз  назокатҳои омода кардани барномаҳоро бо назардошти талабот ва  стандарти ташкилотҳои байналмилалӣ  фаро мегиранд, - изҳор дошт Қ. Қосим.
Бо вуҷуди ин, рушди истеҳсолоти ватанӣ  бе  маблағгузории барномаҳои таъсиси корхонаҳои коркарди сарватҳои табиӣ имконнопазир аст. Аз ин рӯ, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ, бавижа саноат, аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Бинобар ин, барои истифодаи имкониятҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ ҷалби мутахассисони ватанӣ ва татбиқи тарҳҳои омодасохтаи онҳо  аҳамияти хоса дорад. Пас чӣ бояд кард, ки барномаҳо ба талаботу хоҳиши сармоягузорон мувофиқат кунанд? Ин суоли матраҳест, ки ба он роҳбарони Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд посух гӯянд.    
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2016    №: 208    Мутолиа карданд: 2461

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед