logo

иқтисод

ТАЛКО ҚУДРАТИ ИСТЕҲСОЛИРО ҲИФЗ МЕНАМОЯД

Дар шароити буҳрони иқтисодӣ, ки аз соли 2008 оғоз ёфта, то ҳол идома дорад, КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» (ТАЛКО) байни истеҳсолгарони ҷаҳонии алюминий ягона корхонаест, ки дар ин давра ҳаҷми қарзҳои худро коҳиш дод. Агар соли 2005 қарзи хориҷии ТАЛКО $724 миллионро ташкил дода бошад, пас он имрӯз ҳамагӣ $197,9 миллион мебошад.
Дар ин бора Игор Сатторов, сардори Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи  КВД-и «Ширкати алюминийи тоҷик», зимни нишасти матбуотии махсусе, ки дар ноҳияи Ёвон баргузор гашт, иттилоъ дод.
Буҳрони молиявии солҳои 2013-2016 ба соҳаи саноати алюминий нисбат ба буҳрони солҳои 2008-2009 таъсири бештар расонд. Сабаби ин истеҳсоли барзиёд, коҳиши нарх дар Биржаи филизоти Лондон (LME-БФЛ) ва афзоиши арзиши аслии алюминий мебошанд. Тибқи маълумоти БФЛ дар 8 моҳи соли ҷорӣ нархи алюминийи аввалия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан $200 поин рафт (аз $1760 то $1566). Ин омил боиси зарари калон дидани тақрибан 80 дарсади истеҳсолгарони ҷаҳонии ин филизот гардид. Таҳлили натиҷаҳои молиявии истеҳсолгарони ҷаҳонии алюминий нишон дод, ки дар маҷмӯъ аз соли 2011 то 2015 ширкатҳои CHALCO $3 миллиарду 667 миллион, RUSAL $3 миллиарду 046 миллион, ALCOA $1 миллиарду 333 миллион ва HYDRO $883 миллион доллар зарар дидаанд.
Ин ҳама ТАЛКО-ро водор кард, ки ба низоми шадиди зиддибуҳронӣ гузарад. Роҳбарият ва мутахассисони ширкат барои барқарорсозии иқтидори истеҳсолӣ, навсозии фондҳои асосӣ, тармиму такмили таҷҳизоти амалкунанда, ҷорӣ кардани технологияҳои навтарин тамоми тадбирҳои имконпазирро андешиданд. Дар натиҷа, тайи се соли охир ТАЛКО қудрати истеҳсолиашро ҳифз карда, дар ғанигардонии буҷети  давлатӣ саҳми муносиб мегузорад.
 
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот муваққатан паст мешавад
Дар шароити бамиёномадаи иқтисодӣ, ба хотири нигоҳ доштани истеҳсолот ва ҷалби сармоягузорон, ширкати алюминийи тоҷикро на танҳо коҳиш додани хароҷот, балки муваққатан паст кардани ҳаҷми истеҳсолот зарур меояд. Аз ин рӯ, яке аз тадбирҳои муассир муваққатан боз доштани кори электролизёрҳо маҳсуб меёбад. То 23 сентябр миқдори электролизёрҳои амалкунанда 303-торо ташкил дод ва 60-тои дигар омодаи корандозӣ мебошад. Вале, дар шароити  мураккаби бамиёномада фаъол кардани онҳо  метавонад ба ТАЛКО $30 миллион зарари иловагӣ орад. Бинобар ин, КВД-и «Ширкати алюминийи тоҷик» то анҷоми соли ҷорӣ эҳтимол истеҳсоли алюминийи аввалияро тақрибан 5,1 дарсад коҳиш дода, ба ҷойи 158 ҳазор тоннаи қаблан пешбинишуда 150 ҳазор тонна филиз истеҳсол намояд.
 
Татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки инвеститсионӣ
ТАЛКО стратегияи рушди саноати ватании алюминий (лоиҳаҳои мақсадноки сармоягузорӣ)-ро таҳия карда, аллакай ба татбиқи нақшаҳои инноватсионии худ шурӯъ намуд.
Соли 2013 «ТАЛКО Ресурс» дар қитъаи «Ҷиҷикруд» ва «Конте»-и кони «Фон Яғноб»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба истихроҷи ангишт оғоз бахшид. Имрӯз «ТАЛКО Ресурс» барои афзун намудани ҳаҷми истихроҷи ангишт кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Масалан, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми ангишти истихроҷшаванда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 327 дарсадро ташкил дод. Ин нишондодро вобаста ба талаботи бозори кишвар метавон якчанд маротиба зиёд кард.
5 сентябр дар доираи татбиқи лоиҳаи таъсиси корпоратсияи кимиёиву металлургии «Кимиёи тоҷик» дар ноҳияи Ёвон се объекти калони саноатӣ ба истифода дода шуд: корхонаҳои истеҳсоли криолит (бо маҳсулнокии 12,0 ҳаз.тн/сол), фториди алюминий (18,0 ҳаз.тн/сол) ва кислотаи сулфат (130,0 ҳаз.тн/сол).
Сохтмони корхонаҳои нави кимиёӣ на танҳо талаботи ширкатро қонеъ месозад, балки имкон медиҳад, ки тахминан 20 дарсади маҳсулоти истеҳсолшаванда ба хориҷи мамлакат   содирот гардад. Дар ин робита, корхонаҳои алюминбарории Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон ва Ҳиндустон барои дастрас намудани криолит ва фториди алюминийи Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Инчунин, имкони фурӯши маҳсулоти иловагии корхонаи криолит - гаҷ, ки мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ ҳаҷми он дар як сол 75 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, омили мусбат арзёбӣ мегардад.
Ш. ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2016    №: 208    Мутолиа карданд: 2523

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед