logo

иқтисод

ЗИМИСТОН ДАР МЕКӮБАД! ВАНҶУ ДАРВОЗ ОМОДААНД?

Сокинони ноҳияи Ванҷ низ чун дигар шаҳру навоҳии Бадахшон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта ба давраи тирамоҳ ва зимистон омодагиҳои зиёде  дида истодаанд.
 
Хунукиҳо дар водии Ванҷи Боло, дар деҳоти домони пиряхҳои Федченко ва Хирсон ва рустоҳои саргаҳи рӯди Язгуломоб хеле барвақт сар шуда, то охири моҳи апрел идома меёбанд. Ба ин хотир, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ бо сарварии Давлатбибӣ Раҷабова, раиси ноҳия,  ситоди махсус амал мекунад, ки рафти омодагиҳоро ба давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2016 - 2017  таҳти назорати қатъӣ қарор додааст. Тавре Саломатшо Раҳматуллоев, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия,   иттило дод, масъулин кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ин соли Ҷашни пуршукӯҳ ва мубораки 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   идораву  муассисаҳо ва аҳолиро бо ангишт, ҳезум, маводи хӯрокворӣ, инчунин дигар асбобу анҷом ва ашёи зарурӣ сари вақт таъмин намоянд.
Барои  муассисаҳои соҳаи маориф 890 тонна ангишт, 1394 метри мукааб ҳезум, фарҳанг  70 тонна ангишт, 98 метри мукааб ҳезум,  тандурустӣ 104 тонна ангишт, 141 метри мукааб ҳезум ва барои аҳолӣ 3100 тонна ангишт, дар маҷмӯъ барои ноҳия имсол бештар аз 4300 тонна ангишт ва ба миқдори зарурӣ гази моеъ  захира карда мешавад. Мувофиқи шартнома ба ин кор ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Раҳмат», «Саъдулло» ва ҷамъияти матлуботи ноҳия вобаста шудаанд. Алҳол дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот 20 нуқтаи фурӯши  ангишт ва 3 нуқтаи  фурӯши гази моеъ фаъолият доранд. Ҳамчунин, аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба миқдори  120 тонна маводи хӯрокворӣ ворид шудааст.
Тибқи иттилои Диловар Қосимов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз,  дар ноҳия тадбирҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳ ва зимистони  солҳои 2016 - 2017 аз рӯи нақша амалӣ мешаванд. Пеш аз ҳама  идораву муассисаҳо ва аҳолии  Ҷамоати деҳоти Сағирдашт, инчунин сокинони деҳоти дигари баландкӯҳ бо ангишт, ҳезум  ва озуқа таъмин  мегарданд.        
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2016    №: 208    Мутолиа карданд: 2571

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед