logo

иқтисод

ЯҒНОБ. ПОЁНИ ШАБИ СИЁҲ САФЕД АСТ

«Имрӯз Тоҷикистон аз ҷиҳати боигарии забонӣ низ мисли як осорхонаи таърихи зинда аст. Чандин забонҳои қадимаи мутааллиқ ба гурӯҳи забонҳои (қадимаи) шарқии эронӣ дар Бадахшон ва яғнобӣ дар болооби дарёи Зарафшон ҳанӯз ҳам мавҷуданд. Ин забонҳо лабораторияи бебаҳои таърихии забон буда, онҳоро ҳифз кардан ва ҳарчӣ беҳтар аз лиҳози илмӣ, хосатан этнолингвистӣ омӯхтан зарур аст».
Эмомалӣ РАҲМОН 
   

Водии Яғноб дар баландии 3,500  метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дар  фасли тобистон ҳам ин ҷо пиряхҳои бузург об намешаванд. Шароити табиат ба парвариши дарахтони мевадор созгор нест, аммо аз заминаш метавон ҳосили хуби картошка, мушунгу (мош) гандум ба даст овард. Мардуми заҳматкаши ин диёри дурдаст, ки забон, уруфу одат ва  анъанаҳои  миллии худро то ба имрӯз нигоҳ доштаанд,  шукрона аз он  мекунанд, ки дар фазои соҳибистиқлолии кишвар орому осуда зиндагӣ доранд. Маҳз дар ин замон дар ҳаёти иҷтимоиашон  дигаргунии зиёд ба вуҷуд омад. Ин дигаргуниҳо ба пешрафти зиндагии мардуми ин минтақаи дурдаст нақши созгор гузошт.
Бо шарофати қадам ранҷа намудани Президенти маҳбуби кишварамон Яғноб симои худро  дигар кард. Дар ин диёри дурдаст корҳои хуб анҷом пазируфтанд.
 Роҳи калон то деҳаи Таги Чанор, ки солҳои зиёд таъмир нагардида буд ва барои рафтуомади мардуми  минтақа халал ворид месохт,  таъмир  гардид.  Аз ин пешравӣ мардони бо ору номуси  минтақа  илҳом гирифта,  акнун талош доранд, то дар ободӣ, пешрафт ва шукуфоии диёрашон  саҳм гузоранд. Нарзулло Саъдуллоев, Ҳаким Каримов, Ҳоҷимурод Боқиев аз зумраи фарзандони ба ору номуси водии Яғнобанд, ки  ҳамеша  мекӯшанд ҳама монеаҳои  роҳро сари вақт бартараф   намоянд, то барои ҳамдиёрон ва меҳмонони ин водӣ равуо осон шавад.
Дастоварди дигар он аст, ки дар Яғноб  бори нахуст мактаби наву замонавӣ кушода шуд ва ҳоло дар он 23 нафар хонанда  таълим мегиранд. 
Бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми водии Яғноб ба алоқаи телефонӣ даст ёфтанд. Алҳол ширкати «Тселл» дар тамоми деҳоти Яғноб  пахши мавҷи телефони мобилиро таъмин намудааст.
Моҳи августи соли 2011 Президенти кишвар зимни сафари худ ба Яғноб ба мардуми  он батареяҳои офтобӣ туҳфа намуд, то мардум бо рӯшноӣ таъмин гарданд. Дигар мардуми  ин  минтақа аз рӯшноӣ маҳрум нестанд. Онҳо ба ин восита имкони пурраи  шунидани радио ва  тамошои телевизионро низ пайдо намуда, аз равандҳои ҷаҳони  имрӯз бархӯрдоранд.  
Чизи дигари ҷолиби диққат он аст, ки дар ин мавзеъ  санъати меъморӣ зимни иморатсозӣ бо дастовардҳои навин омезиш ёфта, диққатҷалбкунанда гардидааст. Инро ҳар бинанда дар мисоли иншооти  наву замонавии  ин диёр мушоҳида карда метавонад.
Алҳол  сохтмони пули  тавонои Яғноб «Таги Чанор – Кирёнте»  идома дорад ва қарор аст дар рӯзҳои наздик сохтмони он анҷом бипазирад. Бо ба истифода додани ин пул мушкили дигари мардум ҳал хоҳад шуд.
Ҳоло нақшаҳо  барои рушди ояндаи Яғноб зиёданд. Қарор аст, ки сохтмони роҳ аз  миёни кӯҳҳо гузашта, то деҳаи Кирёнте бирасад. Барои осон шудани зиндагӣ кушодани мағозаи молҳои  ниёзи мардум аз нақшаҳои дигар аст.
Ҳамасола ба ин минтақа сайёҳони зиёди дохиливу  хориҷӣ меоянд. Аз ин рӯ, барои рушди сайёҳии  минтақа дар назар аст, ки  меҳмонхонаи наву замонавӣ сохта шавад.
Рустам РАМАЗОНӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2016    №: 208    Мутолиа карданд: 2485

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед