logo

иҷтимоиёт

АҲМАДИ ПОРИНА… АЗ БОБИ БЕНИЗОМӢ ДАР БОЗОРҲОИ "САХОВАТ" ВА "ДЕҲҚОНБОЗОР" - И ШАҲРИ КӮЛОБ

Дар шафати роҳи мошингарди хиёбони Исмоили Сомонӣ ва кӯчаи Худоёр Назарови шаҳри Кӯлоб ду бозори калонтарин - «Саховат» ва «Деҳқонбозор» ҷой гирифтаанд. Бозорро оинаи шаҳр мегӯянд ва ҳар касе, ки вориди он мешавад, албатта, ба фарҳанг ва маданияти мардуми он маҳал аз ҳамин дидгоҳ баҳо медиҳад.
Сухан аз вазъи санитарию гигиении ҳар ду бозор меравад, ки ба талабот ҷавобгӯй нестанд. Дар дохил ва гирду атрофи онҳо партовҳои гуногун ҳусни шаҳрро коста гардонда, ба саломатии мардум низ таъсири манфӣ мерасонанд.
Аз ин ҳисоб, ҳолати санитарии шаҳр низ бад шуда, дар кӯчаву маҳаллаҳо ва дарёҳо, аз қабили Сойи Тебалай, Девонасой ва  канали Бештигирмон партовҳо ғарам-ғараманд. Касеро парвое нест. Ин ҳолат дар бозорҳои дигари вилояти Хатлон низ ба назар мерасад.
Аҷиб он аст, ки бозорҳои «Саховат» ва «Деҳқонбозор» ҳуҷҷатҳои зарурии экологиро, аз қабили иҷозатнома барои нигоҳдории партов ва хулосаҳои мусбати экологӣ, ҳанӯз аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ нагирифтаанд. Вале, аз чӣ сабаб бошад, ки экологҳо низ вазъи номусоиди бозорҳоро нодида мегиранд. Зуд-зуд иваз шудани роҳбари идораи коммуналии шаҳри Кӯлоб низ ҳолати кунуниро беҳтар накардааст. Масъулини мақомоти назорати давлатии экологӣ, байторӣ, роҳбарияти бозорҳо ва дигар мақомоти дахлдори шаҳри Кӯлоб ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, дар ҳалли ин проблема беэътиноӣ зоҳир менамоянд.
Суол ин аст, ки барои чӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Фархори вилояти Хатлон чунин проблемаҳои экологӣ бо дастгирии раисони ноҳияҳо ва мақомоти маҳаллӣ сари вақт ҳалли худро меёбанду дар дигар ноҳияҳо не?
Аз ҷониби ронандаҳо худсарона гузоштани воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои мамнӯи назди бозорҳо ба рафту омади мардум халал ворид месозад. Масъулини Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки бо вуҷуди андешидани чораҳои маъмурӣ ҳамоно дар самти ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон мушкилиҳо ҷой доранд. Ин ҳол боиси афзудани садамаҳои нақлиётӣ низ шудааст.
Бояд гуфт, ки ин масоили ҳалталаб борҳо тавассути ВАО - и ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст. Вале, ҳол боз ҳамон Аҳмади порина аст. Чаро?
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2016    №: 208    Мутолиа карданд: 2557

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед