logo

ҳуқуқ

КОРДИҲАНДАГОН БА “МАҲБУСОН” БОВАР НАДОРАНД. ЧАРО?

... Маҳкумшудаҳо пас аз адои ҷазо бекор мемонанд
Хилофи ҳуқуқҳои конститутсиониашон маҳкумшудагони собиқро бисёр идораву ташкилотҳо ба кор қабул кардан намехоҳанд. Вазнин ва ё сабук будани гуноҳ не, балки мавҷуд будани худи доғи судӣ кофист, ки аксари дарҳо ба рӯйи онҳо баста шаванд.
 
“Ҷазо” - и баъд аз ҷазо: “Кор нест!”
Ҳайдаралӣ Мирзоев, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ҳанӯз соли 2013 бо моддаи 247, қисми 2 (қаллобӣ) аз озодӣ маҳрум гардида буд, бо вуҷуди ронанда ва трактористи хуб будан, муддати дарозест, ки дар ҷустуҷӯи кор аст. Ӯро дар ҷойи кори пештарааш – бемористони касалиҳои рӯҳии шаҳри Қӯрғонтеппа ба кор нагирифтанд. “Барои пайдо кардани ҷойи кор ба бисёр идораю ташкилотҳо муроҷиат кардам. Мепурсиданд, ки доғи судӣ дорӣ? Ҷавоб медодам, ки дорам. Ҳамон замон авзоашон дигар мешуду бо пеш овардани баҳонаҳои бисёр ба кор намегирифтанд. Ноилоҷ, ки мондам, ҳамроҳи фарзандонам рӯ ба пахтакорӣ овардам. Саҳми заминамонро аз хоҷагӣ гирифтем. Аммо ин фаъолияти мавсимист.  Чӣ кор кунам, намедонам”, - мегӯяд Ҳ. Мирзоев.
 
Нобоварӣ - иллати асосӣ
Бар хилофи вазъи мусоҳиби аввал Саймуҳаммад Каримов, ки то замони ба ҳабс гирифтан дар як мақоми қудратӣ кор мекард, пас аз чандин соли такопӯ тавонист, ки ҷойи кор пайдо кунад. “Мехостам дар ҷойи кори пештараам барқарор шавам, то ин ки аз он ҷо баъди 1 - 1,5 сол ба нафақа бароям, аммо муваффақ нашудам. Дар “Тоҷиксодиротбонк”-и ноҳияи Бохтар ба ҳайси коргар қабул карда буданд, лекин баробари фаҳмидани ин ки як бор ҳабс шудаам, ҷавоб доданд ва ҳатто музди меҳнати якмоҳаамро напардохтанд. Ин дар ҳолест, ки доғи судиамро бардошта буданд”, - изофа кард С. Каримов.
 
Як сол гузашт, аммо...
Сокини ноҳияи Бохтар Абдулхалил Назаров ҳанӯз моҳи апрели соли 2015 зимни суҳбат бо мо аз мушкилоти бекорӣ шиква карда буд. Вай эҳтиёҷоти аҳли оиларо аз ҳисоби даромади кам ва ҳам моҳдармиёни замини наздиҳавлигӣ таъмин мекардааст. Бо гузашти 18 моҳ воқиф гардидем, ки Абдулхалил ҳоло ҳам дар ҷустуҷӯи кор аст. Кордиҳандаеро пайдо карда наметавонад, ки бо камоли эътимод ӯро ба кор гирад.
 
“Гуноҳи хурд” собиқаи кориро хӯрд
Сокини дигари вилояти Хатлон бо шарти ифшо накардани шахсияташ гила кард, ки бо вуҷуди доштани маълумоти олӣ, дониши казоӣ, собиқаи кор дар чандин вазорату раёсату бахш бинобар як “гуноҳи хурд” намедонад ризқу рӯзии фарзандонашро аз куҷо пайдо кунад. “Маро дар Федератсияи Русия барои доштани варақаи қалбакии муҳоҷират ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, 2500 рубл ҷарима карданд, ки онро супурдам. Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон шаш моҳ боз ҳамон ҷаримаро доғи судӣ ҳисобида, дар ягон ҷо ба кор намегиранд”, - тазаккур дод мусоҳибамон.
 
Ҳарфи дил: “Шояд кор ёбам”
Дар хусуси корҷӯӣ бо якнафарӣ муаллим, табиб, адвокат, журналист ва милитсионере, ки бинобар ягон ҷурм маҳкум ба ҷазо шуда будаанд, суҳбат кардем. Ҳар кадомашон айни гуфтаҳои болоро такрор карда, ин тақозои ба ҳам монандро бо мо дар миён гузоштанд: “Ному насабамонро зикр накун!.. Шояд кор ёбем.”.
Барои андеша: дар вилояти Хатлон расман 19 ҳазору 399 нафар мақоми бекорӣ гирифтаанд, ки дар ин миён маҳкумшудагони собиқ низ ҳастанд.
 
Иддаои аҷиб
Дар ҳамин ҳол Зиёдалӣ Насриддинов, муовини сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон иддао дорад, ки вақте ба маҳбусони собиқ кор пешниҳод мешавад, баъзеашон ва ҳангоми пешниҳоди ройгон омӯхтани яке аз 32 касб ҳамаашон инро рад мекунанд.  “Аз 62 маҳкумшудаи собиқе, ки ба мо муроҷиат намуд, 38 нафараш бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд”, - зикр кард вай. 
Барои андеша: аз ҷониби як худи суди вилояти Хатлон фақат давоми соли гузашта нисбат ба 68 кас бо баррасии парвандаи ҷиноятӣ ҳукми ҳабс содир гардидааст.
 
Ёрии моддӣ мерасонанд, ба шарте ки...
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба маҳкумшудагони собиқ ёрии моддӣ мерасонад, ба шарте ки худи онҳо муроҷиат ва ё хоҳиш намоянд. Тавре Зиёдалӣ Насриддинов изҳор дошт, соли 2016 ниҳодҳои шаҳрию ноҳиявии тобеи онҳо ба 62 нафар ба андозаи 250 сомонӣ як, ду ё се бор ёрӣ расондаанд. Вай афзуд: “Дар маҷмӯъ 24 ҳазору 330 сомонӣ ёрипулӣ ироа гардидааст. Аз ҷумлаи онҳое, ки ёрии моддӣ гирифтанд, 7 нафарашон  занҳо мебошанд”.
 
Соли гузашта 14 кас бо кор таъмин шуд. Имсол чӣ?
- Бисёр вақт маҳбусони собиқ ба мо - масъулони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон муроҷиат менамоянд, то барои бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо мусоидат намоем, -  баён кард Раҳмоналӣ Давлатов, мудири бахши ҳуқуқи ин ниҳод. – Соли гузашта 16 нафар муроҷиат кард, ки барои 14 касаш ҷойи кор ёфтем. Соли равон 21 шахс бо чунин ниёз ба назди мо омад. Онҳо нафароне ҳастанд, ки то ба маҳкама кашида шудан аъзои иттифоқҳои касаба буданд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кор мекарданд. Аммо, новобаста аз он, ки муроҷиаткунандагон аъзои мо ҳастанд ё не, кӯшиш менамоем ба онҳо мадад расонем.
Бино ба иттилои ин манбаъ, мутасаддиёни Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят имсол бар он муваффақ нашудаанд, ки барои касе аз афроди мавриди назар ҷойи кор ёбанд.   
 
Бекорӣ чӣ пайомад дорад?
Бекории давомдор чӣ пайомад дошта метавонад? Ба ин суол Мазбут Маҳмудов, саромӯзгори кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, посух гуфт, ки дар баробари бекорӣ ва мушкилоти иқтисодӣ на ҳар як оила истодагарӣ карда метавонад. “Фишори зиёди оилавӣ ба ҳолати равонии собиқ маҳкумшуда таъсири манфӣ мерасонад. Онҳоро фақат ором кардан кифоя нест, балки барои ёфтани ҷойи кор мусоидат кардан даркор. Агар ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, он ҷо ҳам кор ёфтанашон осон нест. Аз сабаби пайдо накардани кор ин гурӯҳи мардум худро рондашуда ҳисобида, дар замирашон ҳолатҳои эмотсионалӣ – норозигӣ, хашму ғазаб ба вуҷуд меояд, ки минбаъд фаҳмида – нофаҳмида боз даст ба ҷиноят, ҳатто ҷинояти вазнин мезананд. Ва, мутаассифона, дар таҷриба ба гурӯҳҳои экстремистӣ – террористӣ шомилшавии аҳёни эшон мушоҳида гардидааст”, – изҳор кард равоншинос.
Барои андеша: дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 337 ҷинояти дуздӣ содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 237 адад зиёд аст.
 
Қонун волотар ё санадҳои дохилӣ?
- Тибқи моддаи 35 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ҳуқуқ ба меҳнат дорад, - мегӯяд ҳуқуқшинос Нусратулло Мирзоев. - Ҳуқуқ дорад касбу ҳунар интихоб намояд. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳар гуна маҳдудиятсозӣ манъ шудааст. Ин талабот дар моддаи 7 - и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид гардидааст. Тибқи моддаи 210 - и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳбус баъд аз ба озодӣ баромадан ҳуқуқ ба меҳнат дошта, метавонад дар муносибатҳои меҳнатӣ бе ягон маҳдудият иштирок кунад. Аммо дар асл зимни корҷӯии маҳбусони собиқ монеа вуҷуд дорад. Дар чунин ҳолатҳо мақомот на ба қонуну кодексҳои ҷорӣ, балки ба кадом як санади дохилии дорои муҳтавои пӯшида такя мекунанд. Ин муносибат ниёз ба таҷдиди назар дорад.
Давлат Тағоев, ёрдамчии прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон, бо таъйиди ин, ки касе ҳақ надорад кору касби маҳкумшудагони собиқро рад кунад ё нодида гирад, чунин гуфт: “Бархе аз онҳо кафшергар, рангмол, ронанда ё духтури хубанд. Маҳкум шуда бошанд ҳам, касбу ҳунар ки доранд, ба озодӣ баромадан пас, метавонанд кор кунанд. Аз ин тарзи муносибат фоидаи дутарафа ба даст меояд. Яъне ҳам ба шахси озодшудаю аҳли оилааш ва ҳам ба ҷомеа". 
 
Занбӯрҳои фаромӯшшуда
Дар миёни маҳбаснишастаҳо афроде низ ҳастанд, ки нони бедардимиён дар даҳонашон маззаи ширинтар медиҳад. Онҳо мисли оруи танбале ҳастанд, ки ба ҷойи шаҳд чизи нодаркор овардан барояш осонтар менамояд. Аммо шумори афроде, ки аз кирдори худ пушаймон гардида, мехоҳанд барои хонаводаи хеш ва аҳли ҷамъият суд оранд, хеле зиёдтар аст. Онҳо монои занбӯри фоидаоваранд. Дар ин маврид дасту ақли чорасозе лозим аст, ки бигӯяд: боварашон кунед, корашон диҳед, то худ ва аҳли оилаашонро таъмин намоянд, даст ба бунёдкориву созандагӣ зананд, на баръакс. 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2016    №: 208    Мутолиа карданд: 2464

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед