logo

сиёсат

СИЁСАТИ "ДАРҲОИ КУШОДА"

ФАРҲАНГИ ҲАМЗИСТӢ БО ОЛАМИ ИМРӮЗ

Истиқлолияти давлатӣ барои мо - тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем.
Эмомалӣ РАҲМОН


Дар ҳар давру замон халқу миллатҳои гуногун орзуи расидан ба озодиву соҳибистиқлолиро мекунанд. Аз ҷумла, барои мардуми тоҷик соҳибистиқлолӣ бо душвориву машаққатҳои гӯшношунид ба даст омадааст. Аз таърих ба мо маълум аст, ки Тоҷикистон якчанд марҳалаи давлатдориро то расидан ба Истиқлолияти давлатӣ гузарондааст. Давлати мутамаркази Сомониён ва кӯшишу талошҳои соҳиби кишвар шудан дар тӯли таърих, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ҳафтумин мамлакати Иттиҳоди Шӯравӣ шинохта шудани Тоҷикистонро метавон чун марҳалаҳои асосии соҳибдавлатии тоҷикон шинохт. Давраи чорумини давлатдории халқи тоҷик, ки сифатан нав ва аз назари сиёсӣ пухта аст, замони соҳибистиқлолӣ буда, аз дигар марҳалаҳои давлатдорӣ ба куллӣ фарқ мекунад.
Дар муддати кӯтоҳ миллати мо бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ноил гашт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мустаҳкам кардани пояҳои давлатдорӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои хориҷи дуру наздик ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ васеъ ба роҳ монд. Мамлакати мо 2 марти соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид шуд ва то имрӯз бо пешниҳоду ташаббусҳои муфид барои ба эътидол овардани вазъи минтақаву ҷаҳон саҳми чашмрас гузошта истодааст.  Аксари ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.
Дар марҳалаи баъдӣ принсипҳои асосӣ ва сиёсати дохилии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона гардида буд. Барои расидан ба рушди устувор дар ҳамаи самтҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода» - ро пеш гирифт. Ин сиёсат ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо олами имрӯз аз ҷониби роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд. Ба шарофати ин сиёсат Тоҷикистон мавқеи худро дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра мустаҳкам сохта, ба доираи ҳамкориҳои худ давлатҳои бисёрро ворид намуд ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манофеи худро таъмин кард.
Дастоварди дигари муҳими ҳуқуқӣ ин мустаҳкам кардани соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дар низоми қонунгузорӣ буд. Сарчашмаи асосии ин ҳадаф Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Халқи тоҷик аввалин маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи худро қабул кард. Аслан Конститутсия яке аз аввалин санадҳоест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон кард.
Ин пешрафту рушд ва обрӯву эътибори Тоҷикистон, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи тоҷик ба даст омадааст, насли замони истиқлолро водор месозад, ки дастовардҳои бузурги ин замонро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои таҳкими бештари давлатдории миллӣ саҳмгузор бошанд. Новобаста аз оне, ки дар кадом гӯшаву канори дунё ҳастанд, манфиатҳои давлату миллат ва арзишҳои олии сиёсиву фарҳангии худро аз амалиёту нақшаҳои муғризонаи гурӯҳҳои алоҳида болотар гузоранд ва якпорчагии кишварро нигаҳ доранд.
Қутбиддин МУҚИМОВ,
сардори раёсати илм ва инноватсия,
Фирӯзи ТАЛБАК,
магистри Донишкадаи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2016    №: 208    Мутолиа карданд: 2596

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед