logo

иҷтимоиёт

ХАДАМОТ. ЧОРВО БОЯД СОЛИМ БОШАД

Боиси қаноатмандист, ки тавассути амалисозии тадбирҳои судманд аз ҷониби Ҳукумати кишвар соҳаи чорводорӣ сол то сол рушд намуда, дар бахши таъмини амнияти озуқаворӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта истодааст. Дар пешравии соҳа ва афзудани саршумори чорвою паранда мутахассисони соҳаи байторӣ ва кормандони муассисаҳои табобатӣ саҳми назаррас доранд.
Муяссара Тошматова, сардори шуъбаи назорати байторию беҳдоштии Хадамоти назорати давлатии байторӣ, вазъи табобату пешгирии касалиҳои гузарандаи чорворо чунин шарҳ дод:
 
- Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир хизматрасонии байторӣ беҳтар гардида, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ як зумра бемориҳои хавфноки зоонозӣ нисбат ба солҳои пешин сатҳи паст расонда шудааст.
Дар ин раванд Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзӣ дар доираи имкониятҳо барои солимии ҳайвонот чораҳои зарурӣ меандешад. Агар ба рақамҳои 10 соли охир назар афканем, дар байни чорвои калон бештар бемориҳои брутселлёз, сӯхтанӣ, пастереллёз (хурӯзак), ҳорӣ ва ғайраҳо ба назар мерасанд. Бемориҳои сӯхтанӣ ва ҳорӣ асосан ба таври спорадикӣ (гоҳ-гоҳ) мушоҳида мешаванд. Дар ин давра, тибқи ташхисҳои гузарондаи Маркази миллии ташхиси байторӣ, 4490 сар чорвои калон ва 13968 сар бузу гӯсфанд, ки ба бемориҳои брутселлёз ва сил мубтало гашта будаанд, дар ҷойҳои махсус безарар гардонда шудаанд.
Ҳамасола аз касалиҳои инвазионӣ, кирми ҷигару шуш, паразитарии хун хоҷагиҳои давлатӣ ва инфиродӣ, ки ба чорвопарварӣ машғуланд, зарари калон мебинанд. Айни ҳол дар хоҷагиҳои калон ва рушдкардаи ҷумҳурӣ бештар чорвои зотҳои ало, шведи зебумонанд ва бӯри латвиягӣ, аз чорвои хурд зотҳои қароқулӣ, ҳисорӣ, маҳинпашм, тоҷикӣ ва романӣ парвариш карда мешаванд, ки ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ гашта, ба касалиҳо тобовар шуда, маҳсулнокии зиёд доранд.
Бештар аз 93 дарсади саршумори чорво ба сохтори хусусӣ рост меояд. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 182, аз 3 апрели соли 2007, ташхис, табобат ва пешгирии 8 номгӯйи беморӣ (сил, брутселлёз, сӯхтанӣ, вабои сумдард, ҳорӣ, гули гӯсфанду буз, тоуни чорвои хурди шохдор ва тоуни паранда) аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мешавад, ки натиҷаҳои назаррас дода истодааст. Таъмини чорабиниҳо бар зидди ин бемориҳо зери назорати қатъии мутахассисони сохторҳои Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзӣ қарор доранд.
Бо мақсади коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолии кишвар аз молҳои воридотӣ олимон ва мутахассисони соҳаи байтории ҷумҳурӣ заминаи истеҳсоли дорувориҳои ватаниро ба роҳ мондаанд.  Ҳамзамон, дар заминаи ҶДММ “Умед” ва Институти масоили амнияти биологӣ ваксинаҳои зидди бемории сиёҳрон, илтиҳоби шадиди роҳи нафаси бузҳо, сенурози гӯсфандон, маводҳои табобатӣ (новокаин, маҳлули физиологӣ, глюкоза, кофеини натрий, бензоат ва антибиотикҳои зудтаъсир) истеҳсол карда мешавад.
ҶДММ “МС Байтор ТМ” иловаи хӯрокҳои омехтаи доруи “Ҳисорӣ” - ро барои чорвои калон ва майда истеҳсол карда истодааст, ки барои фарбеҳӣ ва сернаслӣ мусоидат менамояд. Иловаи хӯрокҳои омехтаи “Рахш” барои аспҳои варзишӣ истеҳсол гашта, барои беҳтар намудани ҳолати пӯсти бадани онҳо, вазнафзунӣ, тавоноӣ, пуртоқатӣ ва фаъолнокӣ фоидаовар аст. Иловаи хӯрокҳои омехтаи “Симурғ” барои мурғҳои тухмдеҳ пешбинӣ гардида, баъди истифодаи он аз як сар мурғ дар як сол то 300 дона тухм гирифтан мумкин аст. Барои чӯҷаҳо ва парандаҳои гӯштӣ (бройлерҳо) иловаҳои хӯрокҳои омехтаи “Чӯҷаи заррин” ва “Фарбеҳак” истеҳсол карда мешаванд.
Ин доруҳо, ки дар Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, дастоварди олимони Институти ветеринарии АИКТ мебошанд. Онҳо барои табобат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва инвазионии ҳайвоноти кишоварзӣ истифода мешаванд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 228 маркази хизматрасонии хусусии байторӣ барои чорвои ҷамъиятӣ ва хусусӣ амал мекунад. Ин имкон медиҳад, ки сифати хизматрасонии байторӣ баланд бардошта, вазъи чорвои мавҷуда дар ҷумҳурӣ пурра зери назорат гирифта шаванд.
М. ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2016    №: 209    Мутолиа карданд: 2627

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед