logo

фарҳанг

ТОҶИКОБОД. МУНОСИБАТ БА ФАРҲАНГ ГАРМТАР МЕШАВАД

Муассисаҳои фарҳангӣ дар деҳоти дурдасти навоҳии кишвар ба баландбардории маънавиёти ҷомеа мусоидат намуда, дар тарбияи фарҳангии ҷавонон нақши муҳимро мебозанд. Аз ин рӯ, тайи солҳои охир азнавсозӣ ва таъмиру тармими клубу китобхонаҳо, таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, инчунин тариқи устувор ба роҳ мондани фаъолияти хонаҳои фарҳангӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.
 
Дар ноҳияи Тоҷикобод баҳри пурсамар роҳандозӣ намудани фаъолияти китобхонаҳои деҳот ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолӣ аз тарафи роҳбарияти ноҳия ва бахши фарҳанг чораҳои мушаххас амалӣ гардида истодааст. Тавре ки Мустафо Шукуров, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод, зимни суҳбат иброз намуд,  бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии ноҳия ҳамасола озмуни «Китобдор, китобхона ва китобхони беҳтарини сол" баргузор мегардад. Сафи хонандагон ва ҳаводорони китобхонаҳо ба ин васила батадриҷ меафзояд. Дар ноҳия 14 китобхона, аз ҷумла 2 китобхонаи бачагона фаъол буда, захираи китобҳо 35280 ададро ташкил медиҳад. Шумораи аъзои доимии китобхонаҳо ҳоло ба 3000 нафар расидааст, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Бино ба иттилои М. Шукуров дар бахши фарҳанги ноҳия 4 хонаи фарҳангӣ фаъолият доранд. Кормандони хонаҳои фарҳангӣ дар қатори дигар зиёиёну фаъолон ба корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷалб гардида, дар чойхона - фароғатгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ пайваста нишастҳои фарҳангӣ доир менамоянд. Бояд гуфт, ки Тоҷикобод аз қадим соҳиби мактаби хоси ҳунарии худ буд. Аз ин диёр дар давраҳои гуногун овозхону хунёгарони номӣ ба камол расидаанд. Иброҳим Кобулӣ, Зулфиқаҳҳор Исмоил, Сунатулло Раҳматулло, Давлат Исмоил, Муқим Мақсудов давомдиҳандагони анъанаҳои пешин буданд. Имрӯз ҳам шогирдону пайравони ин мардони ҳунар дар хизмати халқанд ва барои рушди соҳа заҳмат мекашанд.
Бахши фарҳанги ноҳия, ансамбли рақсу таронаро бо номи «Баёзи кӯҳистон» ташкил кардааст. Ин дастаи ҳунарӣ дар чандин озмуни ҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар ширкат варзида, ғолиб омадааст. Ҳунармандони ноҳия дар даври аввали фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ - «Андалеб - 2016» байни навоҳии кишвар фаъолона иштирок намуда, дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум гардиданд. Соли 2003 ҳунармандони ноҳия дар фестивали умумиҷаҳонӣ таҳти унвони "Баҳори Бойсун", ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардида буд, дар байни 18 давлати дунё хуб ҳунарнамоӣ намуда, сазовори Шоҳҷоиза гардиданд.
Заминаи моддӣ - техникии бахши фарҳанг ва муассисаҳои фарҳангӣ  дар ин ноҳия тайи се соли охир хеле беҳтар гаштааст. Хонаҳои фарҳангии ҷамоатҳои деҳот бо асбоби мусиқӣ ва дигар таҷҳизот таъмин ҳастанд. Баҳри таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангӣ низ  аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои лозимӣ андешида мешавад. Сохтмони бинои нави бахши фарҳанги ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ идома дорад. 
Аммо, бояд гуфт, ки сокинони деҳаҳои Кул ва Қанишбеки Ҷамоати деҳоти Нушор ба  китобхона, ҷамоатҳои деҳоти Нушор ва Мунаввар Шогадоев ба таъсиси як хонаи фарҳангии дигар ниёз доранд.
- Алоқамандии мардум, бахусус ҷавонон ба клубу китобхонаҳо дар деҳот нисбат ба марказҳои шаҳру ноҳияҳо зиёдтар аст. Бо ҳамин мақсад беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои фарҳангиро дар деҳоти дурдаст роҳбарияти ноҳия зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор медиҳад. Муассисаҳои фарҳангӣ ҳам дар ҷодаи баландбардории маънавиёти мардум нақши муассир доранд, - гуфт дар хотимаи суҳбат Мустафо Шукуров.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2016    №: 209    Мутолиа карданд: 2796

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед