logo

иқтисод

“ТОҶИКСТАНДАРТ”. СИФАТИ БАЛАНД РОҲРО БА БОЗОРҲОИ ҶАҲОНӢ МЕКУШОЯД

Дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои «Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ дар самти баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти содиротӣ ва дар ин замина рақобатпазир гардондани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ  ҷорӣ намудани низоми нави назорати сифати маҳсулот мувофиқ ба  меъёрҳои байналмилалӣ идома дорад. Соли ҷорӣ дар 37 корхона ва дар маҷмӯъ дар 157 корхонаи ватанӣ низоми мазкур ҷорӣ шудааст, ки ин барои истеҳсоли молу маҳсулоти босифати ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯй ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд.
Ҷиҳати муаррифӣ намудани маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунандаи истеҳсоли ватанӣ  ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат бо ҷалби 203 корхонаи  ватанӣ  озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. 
Бо назардошти рушди истеҳсол ва содироти меваю сабзавот дар ҷумҳурӣ зарурияти ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пеш омадааст. Тоҷикистон аз соли 1994 узви Комиссияи аврупоии иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (КАИ  UNECE)  аст. Стандартҳои он дар савдои байналмилалии байни давлатҳои аъзо барои меваю сабзавоти тару тоза ва хушк  эътибори калон доранд.
“ Тоҷикстандарт” бо КАИ  СММ (UNECE) ҷиҳати истифодаи стандартҳои кишоварзии сифат дар регламентҳои техникӣ ва истифодаи стандартҳо дар савдои байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд. Аз ҷониби коршиносони “Тоҷикстандарт” ду лоиҳаи стандарти UNECE оид ба меваҳои тару тоза (хурмо ва биҳӣ) таҳия шуда, пас аз баррасӣ дар ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ оид ба стандартҳои кишоварзии сифат ва дастгирии давлатҳои аъзои UNECE қабул гардиданд. 
Ҳамкориҳо бо КАИ  СММ барои ҷорӣ намудани низоми нави назорати сифати маҳсулот дар корхонаҳои истеҳсолӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ва баланд бардоштани имконоти содиротии мамлакат мусоидат мекунанд. Инчунин, ба ин восита ҳамоҳангсозии стандартҳои Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) рушд меёбад. Аз ҷумла, дар доираи ҳамкориҳо бо дархости ҶДММ “Баракат Исфара” аз тарафи “Тоҷикстандарт” стандартҳои КАИ СММ “Себи хушк” (стандарти  ЕЭК  ООН  DDP - 16), “Олуи хушк” (стандарти  ЕЭК  ООН  DDP - 07) ҳамчун стандарти миллӣ қабул карда шуданд ва ин амал ба корхона ва дигар содироткунандагони ин навъҳои меваи хушк имконият медиҳад, ки маҳсулоти худро бе монеа ба бозорҳои Аврупо ворид намоянд.
Соли 2010  бо мақсади ворид гардидан ба СУС дар назди агентӣ маркази иттилоотӣ доир ба масъалаҳои бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдои байналмилалӣ таъсис дода шуд. Айни ҳол марказ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкории фаъол дошта, барои соҳибкороне, ки ба воридот ва содирот машғуланд, оид ба  низомҳои муқарраргардида дар давлатҳои аъзо маълумот ва маслиҳатҳои зарурӣ  медиҳад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2016    №: 209    Мутолиа карданд: 2392

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед