logo

маориф

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ. АЗ ОВОЗА ТО ҲАҚИҚАТ

Таҷрибаи бисёр давлатҳои мутараққӣ нишон дод, ки ташаккул  додани соҳаи маориф воситаи мухимтарини болоравии  донишу маърифати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти ин дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ соли 2014 Маркази миллии тестӣ таъсис дода шуд, ки як рӯйдоди муҳим ба шумор меравад. Аммо бархе аз довталабони мо ба ин нигоҳи хушбину дурбин надоранд. Вақте ба сафҳаҳои интернетӣ назар мекунем  мебинем, ки бархе аз довталабон перомуни марказ суханҳои  беасос баён намудаанд, ки ин далели назари воқеъбинона надоштани онҳост.
Зеро қабл аз ҳама бояд дарк кард, ки эҷод намудан ва ба роҳ мондани  усулҳо ва механизмҳои нави ҷалбкунанда ва ҳавасмандкунанда дар соҳаи маориф ва илм баҳри пойдорӣ ва тараққиёти кишвар хеле муҳим мебошад. Чунин механизмҳо дар дигар давлатҳои пешрафта ҳатто дар боғчаи бачагон ба роҳ монда шуда, қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути мутамарказонидани имтиҳонҳои дохилшавӣ пеш аз ҳама, ҳамчун василаи асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мониторинги он, арзёбии объективонаву одилонаи дониши довталабон ва паст кардани сатҳи коррупсия дар соҳаи маориф дониста мешавад.
Бо назардошти танзим, инчунин таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии раванди ҷалбсозии довталабон ба илму маориф ва таҳсилоти олии касбӣ  Маркази миллии тестӣ таъсис дода  шудааст. Мавҷудияти ин марказ тақозои замон буда, дар сиёсати омодасозии мутахассисони касбӣ нақши муассир мебозад.
Ҳарчанд, ки технологияи навин, аз ҷумла интернет кори инсонҳоро хеле осон мекунад, аммо бархе аз сабаби мафкураи танг доштанашон аз интернет самаранок истифода набурда, баръакс суханҳои беасос ва дар мизони ақл санҷиданашударо иншо менамоянд, ки албатта ин амали онҳо шаҳрвандони хушбинро сахт нороҳат мекунад. Вақте ки шахс суханҳои беасоси онҳоро дар мавриди Маркази миллии тестӣ мехонад, аз ноогоҳиву тангназарии онҳо сахт андуҳгин мешавад.
Мо чор нафар духтарон аз ноҳияи Масчоҳ бо нияти дар оянда донишҷӯ шудан пас аз маслиҳату  андешарониҳои зиёд моҳи сентябри соли 2015 ба шаҳри Душанбе ба Маркази миллии тестӣ омадем. Корманди маркази  тестӣ Маҳмадалӣ Раҳмонов моро пешвоз гирифт. Зимни суҳбат мо ба ӯ гуфтем, ки донишҷӯ шудан мехоҳем, аммо нисбати маркази тестӣ мардум дар сафҳаҳои интернет фикру андешаҳои бад доранд. Чӣ кор кунем, ки донишҷӯ шавем. М. Раҳмонов тартибу қавоиди дохилшавиро ба мо муфассалан фаҳмонда, таъкид намуд, ки аз интернет намунаи суолҳоро дастрас карда, дуруст омода шавем.  
Аз ҷумла ӯ гуфт, ки усули қаблии қабули довталабон ба муассисаҳои олии кишвар нигаронкунанда буд. Зеро дастрасии нобаробар ба таҳсилоти олӣ, имкони рух додани кирдорҳои коррупсиониву ришваситонӣ ва мушкилу заҳматталаб гардондани назорати раванди қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зарурат ва муҳимияти фаъолияти ин марказро ба миён овард. Имрӯз  марказ ҳамчун механизми адолатпарвар тамоми довталабонро бо принсипи ягона, ки он дониш мебошад, қабул менамояд.
Мо чор нафар тестҳоро аз сафиҳаи интернетӣ гирифта, як сол омодагӣ дидем ва гуфтаҳои Маҳмадалӣ Раҳмоновро гаштаю баргашта ба хотир меовардем. Пеши худ мақсад гузоштем, ки агар таввассути ин тестҳо дар сафҳаи интернетӣ паҳншуда муваффақ нашавем, пас суханҳои дар сафҳаҳои интернет навишташуда дуруст аст. Моҳи июли соли ҷорӣ аз имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ бо саводи худамон гузашта, ба донишгоҳҳои интихобкардаамон дохил шудем ва имрӯз донишҷӯ ҳастем. Ба таваҷҷуҳи тамоми довталабон меросонем, ки дар Маркази миллии тестӣ ғайри дониши мустаҳкам дигар чизе ба кор намеравад.
Замира АБДУСАЛОМЗОДА,
донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи давлатии омӯзгории
Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2016    №: 209    Мутолиа карданд: 6138

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед